Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба ду оромгоҳи Кӯлоб. Гӯрҳое, ки бо экскаватор омода кардаанд.ВИДЕО


Гӯрҳои нав инҷо аз аввали моҳи май зиёд шудааст.

Зиёд шудани фавт дар як моҳи гузашта ва ҳамингуна кори гӯрканҳо масъулони ду оромгоҳ дар Кӯлобро маҷбур кардааст, ки чанд қабрро бо экскаватор кананд.

Коре, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон намекарданд. Зиёд шудани маргумир дар шаҳрро, сирояти зиёди коронавируси нав медонанд, ҳарчанд мақомот чунин чизеро рад мекунанд ва сукут ихтиёр кардаанд.

Бозоралӣ Нозимов яке аз гӯрканҳои оромгоҳи рақами 2, ки машғули “кор” буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, то як ҳафта пеш то нимашаб ҳам дар оромгоҳ буданду бе танаффус кор мекарданд. Дар чанд рӯзи ахир, хушбахтона, кори Бозоралӣ Нозимов сабуктар шудааст. Ӯ рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ду рӯз шуд, ҷасад кам омада истодааст. Чанд рӯз пеш соати яки шаб ҳам оварда дафн мекарданд. Имрӯз як нафар оварданд, дафн карданд. Мо доим гӯрро тайёр карда мемонем, оварданд, гӯр мекунем.”

Нигоҳе ба ду оромгоҳи Кӯлоб. Гӯрҳое, ки бо экскаватор омода кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки оромгоҳи мазкурро давр зад ва ба оромгоҳи дигари шаҳр бо номи “Морхона” ҳам рафт, мегӯяд, дар ҳарду оромгоҳ дар маҷмӯъ бештар аз 75 гӯр ҳисоб кард ва онҳо низ дар моҳи май пайдо шудаанд.

Дар қабристони “Морхона”-и шаҳр 37 гӯре ҳаст, ки дар навиштаҷоти болои он санаи баъд аз 1-уми май зикр шудааст. Синну соли фавтидагон аз 40 боло аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар оромгоҳи рақами 2 низ на камтар аз 40 гӯрро дид, ки баъди 1-уми май пайдо шудаанд. Баъзеро мустақим аз беморхона ва баъзеро баъди адои маросими ҷанозаи шитобкорона ба инҷо оварда, ба хок супурдаанд.

Ҳеч кас возеҳ намегӯяд, ки сабаби афзоиши маргу мир дар минтақаи Кӯлобу якбора зиёд шудани гӯрҳо дар инҷо чист, ҳарчанд мардум дар шаҳр мегӯянд, ки фалонӣ, ё бисмадонӣ аз коронавирус фавтид.

Мақомоти расмӣ то ҳол доир ба зиёд шудани фавт ва сабабҳои он нагуфтаанд, вале эътироф кардааанд, ки аз замони сирояти вируси нав то кунун бештар аз 70 нафар дар минтақаи Кӯлоб бар асари “илтиҳоби шуш” ва дигар бемориҳо фавтидаанд.

Бисёриҳо мегӯянд, илтиҳоби шуш ҳамон СОVID-19 аст, ки бар асари озмоиш нашудани беморон дар варақаи бемориашон навишта нашудааст. Дар Тоҷикистон фақат рӯзи 30-уми апрел гуфтанд, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст. Дар Кӯлоб ҳам озмоиш аз бемории нав гирифта намешавад ва намунаҳоро ба Душанбе мефиристанд.

Фавт баъди пайдо шудани "касал" зиёд шуд

Бозоралӣ Нозимов ҳам мегӯяд, маргу мир баъди пайдо шудани “касал” зиёд шуд: “Пеш аз "касал" кам гӯр мекардем, аммо баъди пайдо шудани он шаш-ҳафтто гӯр мекардем, аммо ҳамин ду рӯз ҳаст, ки ором шудааст.” Бо экскаватор кандани чанд гӯр ин сару садоро дар минтақа ба вуҷуд овардааст, ки ҷасадҳоро бе риояти ҳамаи аркони дафн ба хок месупоранд. Сокинон гуфтаанд, бо экскаватор кандани “лаҳад” имконнопазир аст ва зоҳиран азизони онҳоро дохили нақби нимкора мегузоранду, зери хок мекунанд.

Бисёре аз фавтидагон аз 40-сола боло ҳастанд.
Бисёре аз фавтидагон аз 40-сола боло ҳастанд.

Бозоралӣ Нозимов, ки аз рӯзи 1-уми май то кунун 40 нафарро дафн кардааст, яъне рӯзона як ё ду нафарро, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тақрибан 20 нафарро мустақим аз бемористонҳо овардаанд. Ӯ афзуд, ки истифодаи экскаватор фақат барои осон кардани кори гӯрканҳост, ки нақби аслии гӯрро мекананд ва лаҳадро гӯрковон омода месозанд ва ҳеҷ яке аз фавтидагон бе риояти тамоми аркони ҳатмӣ дафн нашудааст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Овозаҳое пайдо шуд, ки гӯё мо лаҳад намеканда бошем, ки ҳамааш дурӯғ аст.” Ӯ лаҳади гӯри наверо ба хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод ва гуфт: “Мо ҳатман дар лаҳад мегузорем. Се-чаҳор гӯр тайёр аст, дар соати яки шаб меоранд, ягон мурда дар майдон мондагӣ нест.“ Ӯ аз мардум хост, ба дурӯғу овозаҳо бовар накунанд, зеро ҳамаи фавтидагон бо эҳтирому риояти аркони мусулмонӣ дафн мешаванд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то рӯзи 27-уми май дар кишвар 3266 мавриди собитшудаи сирояти коронавируси нав сабт шудааст ва 47 нафар фавтидаанд. Аммо бисёриҳо ба ин омор шубҳа доранд ва мегӯянд, талафот ва сироят зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд ва якбора зиёд шудани гӯрҳо дар оромгоҳҳои кишварро мисол меоранд, ки ду оромгоҳи Кӯлоб фақат як намунае аз он аст.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG