Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус ба 68 каси дигар дар Тоҷикистон сироят кардааст  


Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 68 каси дигар ба коронавирус мубтало шудаанд. Ба иттилои расмӣ, шумори умумии гирифторон рӯзи 12-уми май ба 729 нафар баробар шуд. То ин дам 23 кас аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Дар бораи онҳое, ки аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, гузорише нест.

Бархе аз сокинон ба омори расмӣ дар бораи гирифторон ва қурбонёни COVID-19 бо шубҳа менигаранд, чун ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги чандин нафар аз бемории ҳамагир хабар дода мешавад. Бино ба пойгоҳи интернетие, ки рӯйхати алтернативии қурбониёни COVID-19-ро дар Тоҷикистон нашр мекунад, то кунун номи 149 нафар гирдоварӣ шудааст. Бархе аз онҳо аз илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Мақомот мисли дафъаҳои гузашта тафсилот надодаанд, ки шумори гирифторон дар кадоме аз минтақаҳои Тоҷикистон бештар ва ё камтар аст. Танҳо ишора кардаанд, ки барои муқобила бо беморӣ тамоми чораҳоро андешидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел мегуфтанд, дар кишвар бемории ҳамагир ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид.

Аз рӯйи омори гирифторон дар миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон дар зинаи чаҳорум аст.

То 12-уми май дар Қазоқистон 5279, дар Узбекистон 2509 ва дар Қирғизистон 1037 мавриди сирояти коронавирус ба сокинон ошкор шудааст.

Аммо омори талафот аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон дар муқоиса ба Узбекистону Қирғизистон бештар аст. То ин дам дар Узбекистон 10 ва дар Қирғизистон 12 мавриди фавтиди беморонро сабт кардаанд, вале дар Қазоқистон шумори қурбониён нисбат ба Тоҷикистон зиёдтар аст. Дар онҷо аз ин беморӣ 32 нафар фавтидаанд.​

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (16)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG