Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 роҳи мубориза бо коронавирус ва ҳимоят аз мардум дар Тоҷикистон


Бархе аз донишҷӯён баъд аз эълони таътил аз Душанбе ба ноҳияҳо баргаштанд. Акс аз истгоҳи таксиҳои Душанбе-Хуҷанд
Бархе аз донишҷӯён баъд аз эълони таътил аз Душанбе ба ноҳияҳо баргаштанд. Акс аз истгоҳи таксиҳои Душанбе-Хуҷанд

Баъд аз эътирофи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон, бархе аз пизишкону хабарнигорон барои муборизаи ҷиддӣ бо ин бемории ҳамагир ва сабукӣ додан ба мардуму соҳибкорон дар шароити коронавирус пешниҳодҳои худро ироа карданд. Наим Наимзода, яке аз корбарони Радиои Озодӣ, ба воситаи имейл 15 пешниҳоди худро фиристод, ки онро барои баҳси ошкор ва ба умеде, ки мақомот ба он таваҷҷуҳ мекунанд, нашр мекунем.

Наим Наимзода

"Пешниҳод ба мақомоти дахлдор:

1. Барои пешгирӣ ва ҳарчӣ зуд нобуд кардани вируси нав дар ҳудуди шаҳрҳо ҳаракати мусофирбарҳои хурд (маршруткаҳо) қатъ карда шавад. Дар ҳолати қатъ нагардидани ҳаракати мусофирбарҳои хурд, ки дар даруни онҳо аз 8 то 20 одам ҷамъ меояд, хатари афзоиши вирус бештар мешавад ва ин хатар ба ҳар хонадон таҳдид мекунад.

2. Ширкатҳои мобилӣ давоми се моҳ суръати Интернетро баланд ва нархро арзон кунанд. Агар илоҷаш ҳаст, дар ин муддат Интернетро бепул ба мардум диҳанд. Дар ин рӯзҳои мушкил зарур аст, ки ширкатҳои мобилӣ дар паҳлуи халқ бошанд ва дастгирӣ кунанд. Он траффикҳое, ки ҳоло доред, хеле ва хеле гарон аст.

3. Дар даромадгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо таби ҳар нафари воридшавандаро санҷед.

4. Бемористонҳои хусусӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳое, ки барои овардани дору машғул ҳастанд, аз андоз ва пардохти иҷора озод карда шаванд.

5. Бинобар сабаби гарон будани нархи маҳсулоте, ки аз вилояти Суғд оварда мешавад, ширкати IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, ҳамаи нақлиётро аз пардохти ҳаққи роҳ озод кунад (Ҳоло ронандаҳо барои мошинҳои сабукраву боркашон, вобаста ба вазнашон, аз 55 сомонӣ то 544 сомонӣ месупоранд).

6. Вазорату идораҳо ва тамоми ширкатҳое, ки кормандонашонро ба карантин фиристодаанд, маошашонро дар ин давра бидиҳанд ва онҳоро аз кор наронанд.

7. Шаҳрвандоне, ки синнашон аз 50 болост, пурра дар хонаҳояшон бимонанд.

8. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо гуруҳи ихтиёриён ташкил карда шавад, ки барои пиронсолон ва камбизоатҳо кумак кунанд.

9. Ба духтурон ва беморон се вақт хӯроки бепул дода шавад.

10. Ширкатҳои мобилӣ рақами ягоан ташкил кунанд, то шаҳрвандоне, ки кумак кардан мехоҳанд, маблағи худро гузаронанд.

11. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ барнома пешкаш кунад;
  • барои кӯдакон дарсҳоро тавассути телевизион ба роҳ монад.

12. Пӯшидани ниқоби тиббӣ барои шаҳрвандон ҳатмӣ карда шавад. Назорати инро ба зиммаи Вазорати корхои дохилӣ гузоранд ва ба воситаи телевизиону радиоҳо ба мардум фаҳмонанд.

13. Ширкатҳое, ки дар ин муддат кормандонашонро ба карантин мефиристанд, бояд аз ҳамагуна навъи андозҳо, пардохти пули об, барқ ва хароҷоти дигар озод карда шаванд.

14. Шаҳрвандоне, ки аз бонкҳо қарздоранд, дар муддати се моҳ аз пардохти ҳаққи хизмати бонкӣ озод карда шаванд.

15. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз андозҳои замин озод гарданд.

Ҳамдиёрони азиз, хоҳиш, дар хона бимонед. Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед."

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG