Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Боло ва поён”-и COVID-19. Ин ваборо то ҳанӯз ҷиддӣ намегиранд?


Поксозӣ ё дезинфектсияи кӯчаҳо дар шаҳри Хуҷанд

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

«Бӯҳрони каронавирус”, ки дар Тоҷикистон то чанд рӯз пеш расман “пневмония” мегуфтанд, мисле, ки ба марҳалаи нав мерасад. Таваҷҷӯҳ намоед, ман ҳоло аз “бӯҳрони каронавирус” мегӯям, на марҳалаи беморӣ. Манзурам ё то охир ҳазм нашудани ин масъалаи муҳим аст, ё мавзӯи дигаре, ки решаашро касе намедонад...

Ҳоло маълум нест ва шояд муҳим ҳам, ки ситоди ҷилавгирӣ аз коронавирус таҳти сарварии сарвазир Расулзода, бо чӣ далел ва омил 30 апрел якбора аз вуҷуди ин вабо дар Тоҷикистон лаб кушод. Аммо замоне, ки ин ситод ҷаласа мегузаронд, як манбаи мӯътамад ба инҷониб хабар расонд, ки дар ҳамин нишаст эълон мекунанд, ки дар Душанбе 5 ва дар Суғд 10 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст. Барои эҳтиёт дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” навиштам, ки “агар имрӯз аз мавҷудияти коронавирус дар кишвар эълон шавад, “патриот” -ҳо чӣ хоҳанд гуфт?”.

Бархӯрдҳо ба ин навиштаи кӯтоҳ мухталиф буданд. Аслан аз ибтидои бӯҳрон дар мо фазо якхела набуд ва мутаассифона ин ваборо ҳам ба бозиҳои идеологиву иҷтимоӣ бадал карданд.

Ин ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ танҳо шоми 1 май дар барномаи “Ахбор” -и шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” гуфт, вуҷуди коронавирус пас аз соҳиб шуданашон бо тестҳои нав ҳосил шудааст, эътимодбахш набуд. Ба ҳар сурат, мо хабари тозае дар бораи омадани тестҳои нав нашунидаем Воқеан, дар ҳамин чанд дақиқае, ки ҷаноби вазир сӯҳбат мекард, суханрониашро боваркунанда гуфтан душворӣ пеш меовард. Ё аз он, ки бори аввал дар чунин вазъият сӯҳбат мекард, ё воқеан ҳам чизе барои изтироб дошт.

Албатта гуфтани ин ҳам душвор аст, ки Насим Олимзода аз даъвоҳо дар бораи истеъфоаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиш дорад. Дар Тоҷикистон чунин даъвоҳоро ҷиддӣ намегиранд. Муҳим “боло” аз онҳо розӣ бошад.

Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода
Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода

Вазири тандурустӣ дар мусоҳибааш бо Шабакаи ТВ чандон боэътимод сухан намегуфт

Аммо дар “поён” ташвиш доштанду доранд. То ва баъди эълони расмии коронавирус ҳам. Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустӣ ягона манбаи расмие гашт, ки воқеияти ҳамоно камбоварро ба мардум расонд. Мардум то ҳанӯз мепурсанд, ки ин эълонро барои чӣ сатҳи болотаре баррасӣ намекунад? Масалан сарвазир Қоҳир Расулзода, ки роҳбарии ситодро ба зиммааш гузоштаанд.

Дуруст, президент Раҳмон ҳамон рӯзи 30 апрел ҷаласаи ҳукумати худро баргузор кард. Гуфтан душвор аст, ки он аз ҷаласаҳои дигари ҳукумат фарқи зиёд дошт. Ғайр аз ҷойгиршавии аъзои ҳукумат, ки аз ҳамдигар дар фосилаи дуртар нишаста буданд. Аз хабари расмии пахшшуда дар сомонаи президент бармеомад, ки дар ин маҷлис пеш аз мавзӯи барои ҳама ташвишовари коронавирус “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022”, “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025”, қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳатто нақшаи генералии шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ҷаласаи фавқулодаи аъзои ҳукумат
Ҷаласаи фавқулодаи аъзои ҳукумат

Ин ҷаласаи ҳукумат аз маҷлисҳои пешин як фарқ дошт: ҷои нишасти аъзои ҳукумат

Аъзои ҳукумат ҳамчунин лоиҳаҳои қонун “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва пешниҳоди хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии гендерӣ”-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.

Омодагиҳо ба ба ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ, кишту кори баҳорӣ, кишти такрорӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Танҳо дар охири хабар мехонем, ки “барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамизкунии кӯчаю хиёбон, иншоотҳо, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд”.

2 май бошад президент ҳисоботи раисони вилоятҳо ва чанд шаҳру навоҳиро шунида, ба онҳо дастур ва супориш додааст, киба корҳои пешгирӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ таваҷҷӯҳи бештар намоянд ва “барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал, тадбирҳои саривақтӣ андешанд”.

Аммо боз ҳам танҳо дар ниҳояти ин сӯҳбат ба таври аҷиб таъкид мегардад, ки «мардум бояд ба зиндагии рӯзмарра ва осоишта идома дода, ба реҷаи кории ҳаррӯза ва ҳаёти осоишта дар доираи тадбирҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ идома диҳанд”.

Гуфтан мумкин аст, ки ин ниҳояти вокуниши расмии Тоҷикистон то ҳоло ба бӯҳронест, ки тамоми дунёро фаро гирифтааст. Агар аз ин пеш парлумони мамлакат ба ҷои муҳокимаи коронавирус ба тағйирот дар қонунгузорӣ ва баромадан аз баҳри номгузориҳои русӣ машғул буд, ҳарчанд мардум инро ба дард қабул кард, аммо мегуфтанд, ки аз вакилоне бо чунин сатҳу сифат умеди бештаре надоштанд. Рустами Эмомалӣ, ки акнун дар ошхонаи сиёсии Тоҷикистон ӯро ба гунаи дигар ҷилва доданианд, низ бо пахши танҳо як муроҷиатнома ба сокинони пойтахт ва ба қавле ором кардани онҳову ташкил шудани як госпитали муваққатӣ барои 3000 нафар иктифо намуд.

Вале Сайҷаъфар Усмонзода – вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло бо бемории коронавирус дар касалхона хоб асту дар сӯҳбати телефонӣ бо инҷониб инро тасдиқ кард, эҳсос кардааст, ки мо дар кадом вазъи душворе қарор дорем. Аз ин ҷост, ки изҳор дошт, то дар мамлакат “вазъияти ҷангӣ ва карантини сартосарӣ” эълон шавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲДТ
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲДТ

Раиси ҲДТ ва вакили парлумон пас аз беморӣ гуфт бояд "вазъияти ҷангӣ" эълон шавад

Ӯ ба шумори воқеии гирифторони коронавирус дар мамлакат, ки 32 нафар арзёбӣ карданӣ мешаванд, низ бо шубҳа менигарад ва мегӯяд бояд роҳбарии ситоди зидди коронавирусро аз Қоҳир Расулзода гирифту ба зиммаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов вогузошт ва шояд барои эҳтиёт, то ӯро дигаргуна нафаҳманд, гуфт муовини раиси ин ситод бояд Рустами Эмомалиро таъин кард.

Коллажи ду акс: Рустами Эмомалӣ (аз чап) ва Саймӯъмин Ятимов
Коллажи ду акс: Рустами Эмомалӣ (аз чап) ва Саймӯъмин Ятимов

Усмонзода мегӯяд бояд раиси ситод Саймӯъмин Ятимов ва мувоинаш Рустами Эмомалӣ бошад

Эҳтимолан дар ин иддао ӯ як қадар ба иғрок роҳ додаву эҳтиёткорӣ кардааст. Барои эҳтиёткорӣ ҳам Усмонзода ҳақ дорад. Зеро мо қаблан дар матлаби “Тезисҳои апрелӣ” -и худ дар ишора ба як матлаби расонаи амрикоии Newsweek аз феврали имсол гуфта будем, ки аз ҷумла дар Амрико нақшаҳои пинҳоние коркард мешаванд ва ниҳояти онҳо ба табадуллоти ҳарбӣ равона шудааст.

Ба эҳтимоли қавӣ раиси демократҳои Тоҷикистон аз ин матлаб огоҳӣ надорад ва ҳоло воқеятҳоро дидаву барои ҷиддӣ нишон додани вазъ мегӯяд бояд нафари муҳимтаре дастбакор шавад.

Аз Усмонзода мепурсам, ки Шумо дар бораи ин қадар тадбирҳои шадид изҳори назар мекунед, аммо ба фикратон чаро президент имрӯз дар сӯҳбат бо раисони вилояту шаҳрҳо гуфт, ки мардум ба реҷаи кории ҳаррӯза баргарданд?

Ӯ мисли бисёриҳо посух дод, ки ба Эмомалӣ Раҳмон то ҳанӯз иттилои дақиқ расонида намешавад ва танҳо Саймӯъмин Ятимов аст, ки чунин иқтидорро дорад. Аммо шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 2 май аз марги 2 ва гирифтории 76 кас ба COVID-19 хабар доду таҳлилгарон мутмаинанд, ки ин омор ҳам воқеӣ нест.

Зимнан, дар як матлаби дигари худ мо пешниҳод карда будем, ки роҳбарии ситоди зиддикоронавирусиро бояд президент ба ӯҳда гирад, агар фикр мекунем, ин маъракаро ҳам танҳо бо “дасти зӯр” паси сар кардан имкон дорад.

Вагарна ҳоло вазъияте ба назар менамояд, ки гӯё дар кишвар ҳич кас ба ҳич кас бовар надорад, ё ҳар касу ҳар гурӯҳ ба хостаҳои иҷтимоии худ машғул шуда, моҳияти аслии масъаларо дарк кардан намехоҳанд. Ё масъулиятро ба зиммаи худ намегиранд...

Шояд бардошти дигаре ҳам бошад, ки мо аз он огоҳӣ надорем. Аммо ҳамарӯза шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии мустақил аз марги чандин одамон бо коронавирус хабар медиҳанд.

Оё ин тарсовар нест?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (11)

XS
SM
MD
LG