Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси 27,6 миллиард сомонии будҷа. Ҳукумат захираҳои тиллоро мефурӯшад?


Вакилони порлумони Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будҷаи соли ояндаро бо даромади беш аз шаш дарсадӣ дар муқоиса бо соли ҷорӣ тасдиқ ва барои баррасӣ ба порлумони кишвар ироа кард.

Дар ҳоле, ки созмонҳои молии байналмилалӣ дар шароити хуруҷи бемории COVID‑19 аз панҷоҳ дарсад коҳиш ёфтани ҳама гуна сармоягузорӣ дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ мекунанд, коршиносони тоҷик мегӯянд, дар соли оянда мақомоти тоҷик ба фурӯши захираҳои тилло водор мешаванд.

Ҳаҷми даромади будҷаи Тоҷикистон дар соли оянда 27,6 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст. Коршиносон мегӯянд, дар шароити баста будани марзҳо иҷрои ин ҳаҷми будҷа душвор хоҳад буд.

БАҲСИ БУДҶА

Дар ҷаласаи шоми дирӯзи ҳукумати Тоҷикистон мақомот алорағми хуруҷи бемории ҳамагир дар ҷаҳон тарҳи будҷаи кишвар барои соли оянда бо афзоиши 5,1 дарсадии даромади онро тасдиқ карданд. Ба ин тартиб, ҳукумат ният дорад, соли оянда 1,6 миллиард сомонӣ бештар ба будҷа ворид карда, ҳаҷми онро ба 27,6 дарсад расонад. Ба иттилои сомонаи президенти Тоҷикистон, таъмини ӯҳдадориҳои давлат дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аз авлавиятҳои ҳадафҳои давлатӣ дониста мешавад. Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли оянда ҳукумат қасд дорад, ба ин манзур 47 дарсади маблағи даромади будҷа ё 13,2 миллиард сомониро сарф кунад.

Маъмулан, тарҳи будҷаи кишварро масъулини Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо ҷамъи коршиносони иқтисодӣ таҳия мекунанд. Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, ин ниҳод пешбинӣ мекунад, ки аз ҳисоби ҳама гуна манбаҳои даромад будҷаи кишвар пур карда мешавад.

Эҳтимол дорад, ба ин манзур Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон 28-уми октябр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба вакилон тасвиби тарҳи воридот ба Қонуни андози кишварро пешниҳод кунад, ки андозбандии шакли электронии тиҷоратро низ пешбинӣ мекунад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт: “Зимни таҳияи ин қонун мо таҷрибаи бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Русияву Узбекистон ва Қазоқистонро омӯхтем. Ҳамакнун, куллияи шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути интернет тиҷорат ва хадамот пешниҳод мекунанд, вазифадоранд дар тӯли бист рӯзи оғози фаъолияти худ расман ниҳодҳои андозро огаҳ сохта, андозбандӣ шаванд”.

ЗАХИРАҲОИ ТИЛЛОРО МЕФУРӮШАНД?

Ба гуфтаи вазири молия, ин амр мутобиқи талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст ва ҳарчанд то ҳол ин афрод андозбандӣ намешуданд, ин ба он маънӣ нест, ки минбаъд низ метавонанд бидуни пардохти андоз тиҷорати электронии худро идома диҳанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар шароити баста будани марзҳо ва набудани пули муҳоҷирони корӣ иҷрои ин нишондоди будҷа душвор хоҳад буд.

“Иҷрои сиёсати давлатӣ роҳҳои гуногунро дар назар дорад. Дар ҷаласаҳои қаблии порлумонӣ мо огаҳӣ ёфтем, ки барои таъмини будҷа мақомот ба грантҳои созмонҳои байналмилалии молӣ ва маблағҳои захиравӣ умед доранд. То ҷое иттилоъ дорем, давлат захираҳои тилло ва сангҳои қимматнок дорад ва дар шароити пандемия бояд онҳоро ба фурӯш гузоранд, то вазифаҳои иҷтимоии худ ва нафақаи мардумро тавонад пардохт кунад”,‑гуфт Усмонзода.

МАРДУМ ТАВОНИ ХАРИДОРӢ НАДОРАНД

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ захираи тиллову арзи кишвар баробари 1,479 миллард доллари амрикоӣ будааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар нимсолаи аввал захираҳои тиллои кишвар баробари 17,2 тонна аст. Захираҳои тиллои Вазорати молияи Тоҷикистон махфӣ дониста мешавад.

Масъуд Собиров, иқтисоддони мустақили тоҷик ба рушди шашдарсадии иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда бовар надорад. Вай мегӯяд, дар шароити баста будани марзҳо ва набудани интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ қобилияти харидории сокинон бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Ӯ гуфт: “Гардиши пул аз ҳисоби пули муҳоҷирони корӣ буд ва андоз низ аз ҳамин ҳисоб вориди будҷа мешуд. Зимни таҳияи будҷа бояд эҳтимоли сафари муҳоҷиронро низ ба инобат мегирифтанд. Ҳарчанд ҳоло низ теъдоди ками муҳоҷирон бо ҳар роҳе вориди Русия мешаванд, вале то ҳол ҳатто намешавад тахмин зад, ки чӣ замоне марзи миёни ду кишвар комилан боз хоҳад шуд”.

МАОШ ПАРДОХТ НАШУДААСТ, БАРОИ РОҒУН ПУЛ ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан ҳудуди як миллиард доллар интиқол додаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 174 миллион доллар камтар будааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ корхонаҳои кишвар ба кормандон беш аз 65 миллион сомонӣ музди меҳнатро пардохт накардаанд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо дастури раиси ҷумҳури кишвар гуруҳи корӣ барои пайдо кардани манбаҳои минбаъдаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”, бузургтарин тарҳи иқтисодии солҳои ахири давлати Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG