Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи кумак ва ҳамзамон ҳушдори мақомот ба сокинони норозии Хуросон. ВИДЕО


Сокинони зарардида аз сел роҳи мошингардро бастанд. 17-уми майи 2020

Баъд аз як рӯзи эътирози сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Хуросон мақомот ваъда додаанд, ки барояшон замину хӯрокворӣ медиҳанд, вале ҳамзамон ҳушдор додаанд, нисбат ба саркардагони амали эътирозӣ, ки онҳоро "шахсони иғвоангез" номиданд, чора меандешанд. Бархе аз занон гуфтанд, мақомот ба ҷойи расидагӣ ба мушкил мардони хонаводаро "мебаранд".

Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон рӯзи 18-уми май гуфт, "нисбат ба нафароне, ки эътироз карда, ба роҳ баромадаанд, чора меандешанд". Вай шарҳ надод, ки манзур аз "чора андешидан" чист. Зоҳиран мақомот ба ҷавобгарӣ кашидани сокинонро дар назар доранд.​

Даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд. Бархе аз сокинони норозӣ гуфтанд, мақомоти ноҳия ҳарчи зуд ба сарнавишташон таваҷҷуҳ карда, барои барқарор намудани хонаву дар ёрӣ расонанд.

Баъд аз як рӯзи ҳодиса Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини нахуствазир бо сокинони зарардида аз сел дар ноҳияи Хуросон вохӯрданд.

Мулоқот беш аз як соат дар масҷиди деҳаи "Партсъезд" идома кард. Ҷузъиёти ҷаласа расман эълон нашудааст ва мақомот ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозат надоданд, ки дар мулоқот иштирок кунад.

Яке аз занон баъд аз адои ҷаласа дар суҳбати видеоӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: "Мардакони моро, Шумо даъво мекунед гуфта, бурдаву маҳкам карда истодаанд. Ба ҷойи он ки ёрӣ кунанд. Милисаҳо бурда маҳкам карда истодаанд. Маҷлис дурӯғ аст. Баъди он бурда маҳкам мекунанд. Шавҳарам гурехта гаштааст, дастгир кунанд, маҳкам мекунанд. Хонаам дар даруни лой аст."

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон, гуфт, ки касеро боздошт ё ба идораи пулис даъват накарда, "корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд".

Дар ҳукумати ноҳияи Хуросон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҷаласаи рӯзи душанбе таъкид шудааст, ба 34 оилае, ки манзилашон пурра хароб шуд, барои бунёди хона замин дода мешавад. Илова ба ин, масъулин гуфтаанд, ба хонаводаҳо хӯрокворӣ медиҳанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода бо сокинони зарардида суҳбат мекунанд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода бо сокинони зарардида суҳбат мекунанд

Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон навишт, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода ба сокинони зарардида гуфтаанд, тамоми хонаводаҳои аз манзили зист маҳрумгашта бо қитъаҳои замин дар маҳалли бехавф ва кумакҳои пулию молӣ таъмин хоҳанд шуд.

Мақомот мегӯянд, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаҳои зарурӣ ҷудо шудаанд ва барои сокиноне, ки манзилҳояшон осеб дидаанд, "шаҳрчаи хаймаҳо" ташкил шудааст. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон сокинони зарардидаро "ба таҳаммулпазирӣ" даъват карда, ваъда додааст, ки "онҳоро танҳо намегузоранд."

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, нирӯҳои вижаи пулис дар деҳаи "Партсъезд" бо дастчӯб ҳузур доранд ва то анҷоми ҷаласа ба сокинон иҷозат надодаанд, ки макони мулоқотро тарк кунанд. Ба хабарнигорон ҳам иҷозат нашудааст, ки бо сокинон аз наздик суҳбат намоянд. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон нашр кард, танҳо сокинони зарардида ва кормандони мақомот бо риояи фосила нишастаанд.

Эътирози сокинони зарардида аз сел ва бастани роҳи Бохтар-Душанбе сарусадои зиёдеро ба миён овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ин гуруҳи сокинон аз ночорӣ даст ба эътироз заданд ва мақомот набояд ба онҳо бархӯрди сахт кунанд.

Ҳарчанд мақомот, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, мардум гӯё “аз таҳдиди такроран омадани сел ба шоҳроҳи Бохтар-Душанбе, ба ҷойи бехавф, баромаданд.”

ВКД шоми 17-уми май навишт, "дар натиҷаи корбарӣ мардум ҷобаҷо карда шуда, корҳои барқароркунӣ идома дорад". Аммо сокинон мегӯянд, нирӯҳои вижа таҷаммӯи мардумро пароканда карданд.

Шоми 14-уми май дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон ду нафар ба ҳалокат расида, манзили чанде аз сокинон зарар дид. Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Хуросон мегӯянд, ҳудуди 35 хона пурра вайрон шудааст, вале сокинон мегӯянд, хисороти расида аз ин зиёд аст.

Дар ҷамоати Садриддин Айнӣ ва Ҳилолии ноҳияи Хуросон сел даҳҳо гектар замини кишт ва мактаби рақами 12-ро вайрон карда, ба 300 хонаи дигар осеб расондааст. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи офати табиӣ 37 манзили сокинон пурра ва 282 қисман қисман осеб дидаанд. Ба гуфтаи мақомот, сел ба деҳаҳои Истиқлол, Ҳалқаҷар, деҳаи ба номи Н.Асадулло, 18-ум анҷумани ҳизб ва Пахтааобод хисорот овардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (40)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG