Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International: Ҳалқаи озодиҳо дар Тоҷикистон тангтар мешавад


Акс аз бойгонӣ

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International), қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 16-уми апрел гузориши нави худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2019 дар Аврупои Шарқиву Осиёи Марказиро нашр кард.

Муаллифони гузориш гуфтанд, соли гузашта дар Тоҷикистон "маҳдудиятҳои нав" мушоҳида шуд. Ба қавли онҳо, "мақомот бо баҳонаи таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ фаъолони сиёсӣ, вакилони мустақил, журналистон, намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ ва наздикони онҳоро таъқиб мекарданд."

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд, вале таҳлилгарони рӯ ба ҳукумат мегӯянд, бо интиқодҳои созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар пурра розӣ нестанд.

Гузориши нави созмони Афви Байнулмилал бо номи “Гузориши солона оид ба ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ” (Баррасии соли 2019) рӯзи 16-уми апрел муаррифӣ шуд. Муаллифон мегӯянд, ҳукуматҳои Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ эътирозҳоро саркӯб карда, мехоҳанд, мустақилии низоми додгоҳиро ба хотири фирор аз масъулият ба ҳам зананд.

Марие Струзерз, раҳбари бахши аврупоии созмони Афви Байнулмилал, дар муаррифии гузориши нав гуфтааст, "соли 2019 мардуми Аврупову Осиёи Марказӣ таҳдиду озор дида, таъқиб шуданд ва аз ҷониби полис мавриди фишор ва табъиз қарор гирифтанд. Бо ин вуҷуд, омодагии мардуми боҷасорат барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҳукуматҳо барои оянда як умеде мебахшад".

Дар робита бо Тоҷикистон ин гузориш мегӯяд, дар кишвар "бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, мақомот фаъолони сиёсӣ, вакилони мустақил, журналистон, фаъолони ҳуқуқ, ақаллиятҳои ҷинсиву наздикони онҳоро ҳамоно таъқиб ва аз имкони баёни озоди андеша маҳрум мекарданд".

Гузориш ба ​ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат, марги 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе, сабти 11 ҳодисаи шиканҷа дар семоҳаи аввали соли 2019, бозгардондани маҷбурии фаъоли мухолифин Шарофиддин Гадоев, фишор болои хонаводаҳои аъзои Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24, ҳукми додгоҳиву шароити сангини зиндони ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, боздошту иттиҳоми қаллобии адвокат Абдулазиз Абдураҳмонзода, шиканҷа шудани Муҳаммадалӣ Ҳаит дар зиндон ва ҳодисаҳои дигар таваҷҷуҳ кардааст.

"Ҷомеа зери нуфузи амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризм аст"

Александр Артемев, намояндаи минтақавии Афви Байнулмилал оид ба масоили Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гуфт, "арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2019 нишон дод, ки дар ин бахш на пешравӣ, балки бадшавии нишондодҳо мушоҳида шуд".

Артемев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт, "соли 2019, мутаассифона, ҳаёти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таҳти нуфузи масоиле ба монанди амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризм қарор дошт. Мутаассифона, бо баҳонаи чунин муборизаҳо мақомот бо мунтақидони худ ҳам тавассути Интернет ва ҳам дар зиндагии ҳамарӯза мубориза бурданд. Таассуфовар аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи баёни озоди афкору андеша ва баргузории ҳамоишҳои сулҳомезро бидуни тарс аз таъқиби мақомот надоранд. На фаъолони сиёсӣ, на ҳуқуқшиносон ва на журналистону ҳомиёни ҳуқуқ назари худро ба шаҳрвандони кишвар расонида наметавонанд."

Сафаров: "Бӯҳрон нишон дод, ки давлат ғамхори мардум аст”

Мақомот дар Тоҷикистон ба гузориши тозанашри Афви Байнулмилал ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо дар баёнияҳои қаблӣ маъмулан аз сиёсати давлат дар бахши таъмини озодиҳо ҳимоят карда, интиқодҳои гузоришгарони байналмилалиро рад намудаанд.

Муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар вокуниши мухтасараш ба гузориши нави Афви Байнулмилал гуфт, "интиқодҳои ин созмонҳоро қабул надорам, чунки асос надоранд".

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пандемияи коронавирус ва бархӯрди давлатҳо ба ин бӯҳрон нишон дод, ки кадом кишвар бештар ғами шаҳрвандонро хӯрдааст. "Ҳифзи ҳуқуқи башар бояд пеш аз ҳама дар давлатҳои аврупоӣ ба роҳ монда шавад ва аз ҳуқуқи мардуми аврупоӣ ҳимоят карда шавад. Давлати Тоҷикистон тавонист бо чораҳое, ки дошт, шаҳрвандони худро аз ҳуҷуми вазнинтарин вируси дунё – корона ҳимоят кунад. Яъне, идоракунии хуб дар Тоҷикистон будааст. Ҳамчунин ғамхории давлат барои мардумаш аз ҳама бештар дар дунё дар Тоҷикистон будааст”, - гуфт ӯ.

Сайфулло Сафаров афзуд, набудани коронавирусро дар Тоҷикистон СММ ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тасдиқ кардаанд.

Бобоназарова: "Шаффофияти додгоҳӣ набуд"

Ҳуқуқшинос ва раҳбари созмони ҷамъиятии “Перспектива плюс” Ойниҳол Бобоназарова гуфт, интиқодҳо аз бадшавии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон “факту воқеият аст”.

Ӯ мегӯяд, ин ки дар додгоҳҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои шиканҷа баррасӣ мешаванд, баёнгари он аст, ки чунин ҳодисаҳо вуҷуд доранд. "Дар бораи додгоҳи ошӯбгарон. Афсӯс, ки мурофиаҳои судӣ шаффоф набуд. На ҷомеаи шаҳрвандӣ ва на журналистон иштирок карда натавонистанд. Волидони зиндониҳо, тахминан 23 нафар аз Суғд, ба назди ман омада буданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳеҷ иттилое дар бораи писаронашон надоранд ва намедонанд, ки дар куҷо ҳастанд. Қазияи Бузургмеҳр Ёров – ҳеҷ кас надидааст, ки чунин ҳукми тӯлонӣ диҳанд. Ин фишор ба институти адвокатура ва онҳое буд, ки ӯ онҳоро ҳимоят мекард”.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Бобоназарова гуфт, солҳои охир кори вакилони дифоъ, журналистон ва созмонҳои ҷамъиятӣ сангинтар мешавад ва ба гуфтааш, “ҳатто даҳ сол пеш чунин набуд”. Як далели чунин вазъият, ба гуфтаи ӯ, қазияҳои журналистон Далер Шарифов ва Хайрулло Мирсаидов ва тарки касбу кишвар кардани даҳҳо хабарнигори дигар аст.

Бобоназарова мегӯяд, ба фарқ аз солҳои гузашта садои ҳомиёни озодӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ – созмонҳои байналмилаливу кишварҳои пуштибони ормонҳои демократӣ ҳам зиёд шунида намешавад ва "ҳамаи ин дар ниҳоят боис ба рукуди озодиҳо дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистон шудааст".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (21)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG