Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳром Сироҷев: Сохтмони "Роғун" бе сармояи берунӣ ғайриимкон аст. САДО


Баҳром Сироҷев, раиси собиқи "Барқи тоҷик". Акс аз саҳифаи Нозирҷон Ёдгорӣ дар "Фейсбук"

Баҳром Сироҷев, раиси пешини ширкати "Барқи тоҷик", ҳоло ба ҳайси мушовири гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо дар бахши энергетикаи назди президент кор мекунад. Ӯ чанде пеш 80-солагиашро ҷашн гирифт. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ӯ дар бораи даврони бознишастагӣ, мушкили "Барқи тоҷик", сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" ва мансабу мансабдорӣ дар Тоҷикистон пурсид.

Баҳром Сироҷев: "25-уми январи соли 2001, баъди тақрибан чиҳил соли кор дар бахши энергетикаи Тоҷикистон, бознишаста шудам. 18 сол дар вазифаи раиси ширкати "Барқи тоҷик" будам. Пас аз ба нафақа баромадан муддате истироҳат кардам. Сипас, роҳбарияти кишвар барои мусоидат дар сохтмони нирӯгоҳи “Роғун” маро дубора ба кор даъват намуданд. Аз соли 2012 дар вазифаи мушовири калони гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди президенти Тоҷикистон кор мекунам. Ҳадафи ин гурӯҳ ҳифзи зарфиятҳои энергетикии Тоҷикистон ва зудтар фаъол кардани нирӯгоҳи "Роғун" мебошад. Баъд аз фаъол кардани ду агрегати аввали нерӯгоҳи "Роғун", қарор аст, дар солҳои 2025-2026 боз чаҳор агрегати дигари ин нерӯгоҳ бояд ба кор дарояд."

Радиои Озодӣ: Ахиран роҳбарияти Тоҷикистон эълон карданд, ки барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи “Роғун” ба сармояи хориҷӣ ниёз доранд. Ба унвони машваратчӣ ба мақомот чӣ маслиҳат медиҳед, аз куҷо ин маблағро пайдо кунанд?

Баҳром Сироҷев: "Ҳеч кишвар дар ҷаҳон чунин иншооти бузургро ба танҳоӣ намесозад. Зеро, барои анҷоми он маблағи зиёд зарур аст ва ҳар кишвар дар ин ҳолат ба қарзҳои хориҷӣ ниёз пайдо мекунад. Бе қарзи хориҷӣ сохтмони чунин иншоот ғайриимкон аст. Ҳоло мақомоти тоҷик талош доранд чунин қарзҳоро бо дарсади пасттар бигиранд ва сохтмон идома дошта бошад."

Радиои Озодӣ: Метавонед аз ягон кишваре ё созмоне ном баред?

Баҳром Сироҷев: "Австрия, ширкати "Войт"-и Олмон. Ин ширкат омодааст барои сохтани чаҳор агрегати нерӯгоҳи "Роғун" ба Тоҷикистон ҳудуди 400 миллион евро қарз диҳад ва дар сохтмони худи нерӯгоҳ низ саҳм бигирад. Яке аз интихобҳо ҳамин ширкат аст."

Радиои Озодӣ: То ҷое иттилоъ дорем, ду чархаи аввали "Роғун"-ро аз Украина овардаанд, оё имкон дорад, ки агрегатҳои боқимонда дар кишвари дигаре сохта шавад?

Баҳром Сироҷев: "Ҳоло Украина пешпардохти таҳияи чаҳор чархаи дигарро талаб дорад. Тоҷикистон мехоҳад аз тариқи қарзи дарозмуддат ин агрегатҳоро фармоиш диҳад. Ҳадди ақал барои бист сол. Танҳо дар ин сурат ҳам ширкати тавлидкунандаи агрегат ва ҳам кишвари истифодабаранда фоида хоҳанд гирифт."

Радиои Озодӣ: Чанде пеш Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик" 134 миллион доллар кумаки бебозгашт кард ва талаб дорад, ки нархи нирӯи барқ боло бурда шавад. То ҷое медонем, ширкат аз нирӯгоҳҳои “Сангтӯда” ва аз буҷаи Тоҷикистон солҳо боз қарздор аст. Чаро ширкате, ки нирӯи барқро арзон мегирад, ба чунин вазъ дучор шудааст?

Баҳром Сироҷев: "Мушкили аввал дар он аст, ки фарқ миёни нархи харидани нирӯи барқ аз нирӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва арзиши пешниҳодшаванда ба харидор бузург аст. Масалан, аз нирӯгоҳи “Сангтӯда-1” як киловат нирӯи барқро бо нархи 3,1 сенти амрикоӣ гирифта, ба муштарӣ бо арзиши 2,5 сент медиҳанд. Мушкили дувум пойгоҳҳои обкашӣ мебошанд. Бахусус, дар вилояти Суғд, ки 94 дарсади заминҳо асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Воҳидҳои кишоварзӣ тавони пардохти нерӯи барқ барои обкаширо надоранд, аммо мақомот наметавонад пойгоҳҳоро бе барқ гузорад. Ҳамчунин, корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз пардохти нерӯи барқ сарпечӣ мекунанд ва бебарқ мондани онҳо вазъи иҷтимоии коргаронро бад мекунад. Ба ин далел, "Барқи тоҷик" наметавонад ин корхонаҳоро низ бебарқ гузорад. Ин ҳама боиси бад шудани вазъи молии "Барқи тоҷик" шудааст."

Радиои Озодӣ: Магар дар Тоҷикистон арзиши тавлиди нирӯи барқ баланд аст?

Баҳром Сироҷев: "Дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо ба мисли Олмон ва Австрия чаҳор киловат соат нерӯи барқ баробари як евро аст."

Радиои Озодӣ: Аммо Тоҷикистон Олмон нест ва дар кишвари мо маош низ баробари маоши Олмон ё Австрия нест...

Баҳром Сироҷев: "Шумо мехоҳед, як соҳаро танҳо бо маоши мардум муқоиса кунед. Тавлиди нерӯи барқ ба маоши мардум чӣ робита дорад? Имкон дошта бошед, харед, агар не, даст кашед. Барои мисол, дар Покистон нархи як киловат соат нерӯи барқ баробари 15 сенти амрикоӣ аст. Афғонистон аз мо як киловат соат нерӯи барқро бо нархи 4,8 сенти амрикоӣ мегирад. Хоҳед, нахоҳед, бояд кор кунем. Бо масъулият кор кунем. Намешавад, ки нерӯи барқро бепул кунем."

Баҳром Сироҷев дар барномаи "Меҳмони Озодӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:02 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Сарфи назар аз инҳо, ҳама медонанд, ки дар фаъолияти "Барқи тоҷик" камбудҳо низ зиёданд. Дар гузашта ҳатто истифодаи нодуруст аз ашёи нерӯгоҳҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак ҷой доштанд. Шумо дар ин бора иттилоъ доред?

Баҳром Сироҷев: "Тақсими "Барқи тоҷик” ба се ширкати ҷудогона ва роҳандозии пешпардохт ё низоми биллингӣ дар истифодаи нерӯи барқ метавонад ин мушкилҳоро бартараф кунад. Тоҷикистон дар умум ҳанӯз дар ҳоли гузариш қарор дорад ва мо намедонем, ки ин давра то чӣ замоне идома мекунад. Мафкураи мардумро бояд тағйир дод. Бо додани барқу об ва гази бепул мушкил ҳал намешавад. Сокинон бояд бо кори худ талош кунанд, ки ин неъматҳоро харида тавонанд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло баргардем ба мавзӯи ба нафақа баромадани шумо. Бархе аз мақомоти тоҷик баъди бознишаста шудан, кишвари дигареро барои зиндагӣ интихоб мекунанд. Оё шумо имкон доштед, ки ба кишвари дигаре кӯчед?

Баҳром Сироҷев: "Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1993-95 ба ман се дафъа пешниҳод карданд, ки барои кор ба Маскав равам. Аммо ман тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳастам. Медонам, ки то солҳои 1985 бештаре аз кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон намояндаҳои кишварҳои дигар буданд. Баъд аз касби истиқлол бештаре аз онҳо кишварро тарк карданд ва дар Тоҷикистон тақрибан мутахассиси ин соҳа намонд. Барои ҳар як тоҷик боқӣ мондан дар ватан ва хидмат ба он бузургтарин шараф аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “хори ватан аз тахти Сулаймон беҳтар".

Радиои Озодӣ: Дар замони ҷанги дохилӣ дар кишвар кор кардед, оё фишор ё таҳдиде шуда буд?

Баҳром Сироҷев: "Ёдам ҳаст рӯзе барои таомхӯрӣ аз корхона баромадам ва савори мошини хидматӣ озими хона шудам. Мошини маро манъ карда, чанд нафар дар паҳлӯям нишастанд. Ронандаро ба мошини дигар бурданд. Онҳо бо силоҳ ба ман таҳдид мекарданд, ман дар бораи энергетика ҳарф мезадам. Сипас, маро ба самти Норак бурданд. Гуфтанд, ки ту нерӯҳои Русияро вориди Норак кардӣ ва бояд онҳоро акнун аз ин ҷо берун созӣ. Гуфтам, оё шумо қувва доред, ки ин нерӯгоҳро аз ҷониби дигар ҳимоя кунед? Дар Норак онҳо дар ситоди худ баҳсҳое карда, сипас маро озод намуданд."

Радиои Озодӣ: Як замон вакили порлумони Тоҷикистон ҳам будед. Ба кори вакилони ҳозира чӣ баҳо медиҳед?

Баҳром Сироҷев: "Ҳоло бо фаъолияти вакилони порлумон чандон ошно нестам ва ба ин далел наметавонам кори онҳоро арзёбӣ кунам. Вале ҳар як шахс дар ҳар вазифае, ки бошад, бояд софдилона ва ба манфиати кишвар хидмат кунад."

Радиои Озодӣ: Оё аз зиндагии худ розӣ ҳастед ва агар дубора имкони интихоби касб мешуд, чӣ кор мекардед?

Баҳром Сироҷев: "Аз он хурсандам, ки бо хости Худованд тамоми умр ба мардум хидмат карда, ба онҳо нур ва гармӣ овардам. Агар ҳатто даҳ дафъаи дигар ба ин дунё биоям, ҳатман мехостам, ки боз ҳам ҳамин касбро соҳиб шавам. Зеро, беҳтарин кор дар олам овардани рӯшноӣ ба мардум аст. Метавонед бисанҷед, аммо ягон зердастамро намеёбед, ки аз ман ранҷида ё аз даҳони ман ҳарфҳои қабеҳе шунида бошад, вале талаботам сахт буд."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG