Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарҳои кушодаи Русия -- таҳдид барои Тоҷикистон?


Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми супурдани имтиҳони забони русӣ. Акс аз бойгонӣ

Сокинони Тоҷикистон бо орзуи зиндагии беҳтар аз ҳама беш шаҳрвандии Русияро ба даст меоваранд. Коршиносон мегӯянд, ин раванд бори ҷамъиятиро аз Тоҷикистон бармедорад, вале дар баробари ин беҳтарин кадрҳои кишварро мегирад.

Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии Русия, дар миёни онҳое, ки аз оғози соли 2016 то семоҳаи аввали 2020 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, зодагони Тоҷикистон дар ҷойгоҳи севум ҳастанд.

Ҳузури онҳо дар миёни русиягиҳои нав 10 дарсад ё 146,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистониҳо пас аз қазоқистониҳо (187 ҳазор) ва украиниҳо (678,8 ҳазор) қарор доранд.

Сомонаи РБК суханони муовини пешини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Вячеслав Поставнинро овардааст, ки раванди рӯ ба рушдро бар асоси Консепсияи қабулшудаи давлатии сиёсати муҳоҷирати Русия барои солҳои 2019-2025 шарҳ медиҳад. Ин барнома ҷалби 5-10 миллион касро ба Русия пешбинӣ мекунад.

Дар оғози моҳи октябри соли 2019 Русия дар сатҳи қонунгузори ҷараёни дарёфти шаҳрвандиашро барои нафарони баландихтисос хеле содда кард. Мутахассисон имкон доранд, ки минбаъд шаҳрвандии Русияро на дар давоми се сол, балки дар як сол ба даст биоваранд.

“Русия имконият медиҳад”

Дар ҳамин ҳол, ҳатто пеш аз қабули ин консепсия шумораи тоҷикистониҳое, ки мехостанд шаҳрвандии Русияро ба даст биоваранд, зиёд шуда буд. Бисёриҳо мехостанд ин имконро тавассути “барномаи кӯчбандӣ” соҳиб шаванд.

Сарбоз Ниёзов, пизишки ҷавон аз Тоҷикистон, аллакай чанд сол аст дар яке аз бемористонҳои хусусии Маскав кор мекунад. "Дар соли 2014 имкон ёфтам, ки аз Тоҷикистон ба Новосибирск ба василаи “барномаи кӯчбандӣ” биёям. Баъди як соли кор дар бемористон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардам ва баъди чанд муддат ба Маскав омадам" , - нақл кард ӯ.

Ниёзов Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ва ординатураро дар Маскав хатм кардааст, вале мегӯяд, дар Тоҷикистон маошаш ҳамагӣ 1000 сомонӣ (чизе камтар аз сад доллар) буд. "Ҳоло ки дар Маскав кор мекунам ҳадди ақал дар моҳ то сад ҳазор рубл маош мегирам", - мегӯяд Ниёзов.

“Ояндадорӣ ва таҳдиди ҳамзамон”

Бино ба маълумоти ВКД-и Русия дар ин кишвар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ба ин шумор донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва онҳое, ки ҳам душаҳрвандӣ доранд, шомил мешаванд. Вячеслав Маркевич, сардори намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳамасола шумораи онҳое, ки мехоҳанд ба Русия кӯч банданд то 10-25% зиёд мешавад ва моҳона то 120 ариза қабул мекунанд.

Барномаи кӯчбандӣ асосан ҷалби мутахассисонеро дар назар дорад, ки маълумоти олӣ ё миёнаи махсус доранд. Ҳамчунин намояндаи риштаҳои мавриди ниёз – пизишкон, муаллимон, олимон, соҳибкорон ва ғайра ҳастанд.

"Ин пеш аз ҳама марбут ба омилҳои иқтисодӣ аст, ки ба даст овардани шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирони тоҷик дар пайдо кардани кор, раванди бима кардан, хадамоти тиббӣ осонӣ меоварад ва дар маҷмуъ ҳамон авлавиятҳоеро медиҳад, ки русиягиҳо соҳибанд”,- мегӯяд коршиноси масоили муҳоҷират, профессор Раҳмон Улмасов.

Ба гуфтаи ин коршинос, мушкил ин ҷост, ки аксарият кишварро тарк мекунанд ва дигар барнамегарданд.

Соли гузашта, вазири пешини маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ аз нарасидани муаллимон, хусусан муаллимони забони русӣ изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи вай, аҳолӣ зиёд шуда истодааст, вале шумораи омӯзгорон аз ҳисоби бознишастаҳо ва ё онҳое, ки кишварро тарк кардаанд, кам мешавад.

Ба ҷуз ин, бино ба омори Вазорати тандурустӣ дар кишвар норасоии пизишкони оилавӣ вуҷуд дорад. Ба гуфти вазири пешини тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода ин шумора 79,7 дарсадро аз талаботи умумӣ ташкил медиҳад.

"Хатар ба зарфиятҳои боқимонда"

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

“Ин равандро намешавад як муҳоҷирати муқаррарӣ номид. Ин яке аз роҳҳои асосии “фирори мағзҳо” аст, зеро дар ин барнома аввлавият ба мутахассисон дода мешавад. Тоҷикистон кишваре нест, ки зарфиятҳои калони зеҳнӣ дошта бошад. Агар ҳоло Русия беҳтарин мутахассионро моро ба худ ҷалб мекунад, пас дар дарозмуддат ин таъсири бисёр бад мегузорад”, - мегӯяд шореҳ Иршод Сулаймонӣ.

Бо ин нуқтаи назар ҷомеашиноси тоҷик Музаффар Олимов розӣ нест ва мегӯяд, ин раванди табиие аст, ки мардум худ роҳи ҳалли мушкилоташонро меҷӯянд. Ба қавли ӯ, “дар Тоҷикистон боло рафтани шумораи аҳолӣ ба назар мерасад ва яке аз роҳҳои ҳалли мушкил ташкил кардани ҷои кор барои ин қишр аст. Ҷавононе, ки шаҳрвандӣ дарёфт кардаанд, метавонанд дар Русия ба кор ва зиндагӣ бипардозанд. Агар барои насли аввал ин мушкил бошад, барои насли дувуму севум аллакай шароитҳои лозим муҳайё мешавад."

Дар баробари ин, муҳоҷирони тоҷик дар Русия хеле зиёд мавриди табъиз аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гуруҳҳои миллигаро қарор мегиранд, ки дар ин бора пайваста дар расонаҳои гуногун хабар дода мешавад.

Чӣ бояд кард?

Миёни Тоҷикистону Русия аз соли 1995 ба ин сӯ шартномаи шаҳрвандии дутарафа вуҷуд дорад. Соли 2017 дар кишвар тағйирот ба қонун “Дар бораи хидмати давлатӣ” ворид карда шуд, ки мувофиқи он сокинони соҳиби душаҳрвандӣ наметавонанд дар мақомҳои хидмати давлатӣ кор кунанд. Пештар шахсони соҳиби душаҳрвандӣ наметавонистанд дар ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон таъкид мекунанд, ки барои ҳифзи зарфияти кадрии кишвар чораҳои андешидашуда кофӣ нест ва зарур аст шароити мувофиқе эҷод шавад, то мутахассисони ватанӣ дар дохил боқӣ бимонанд.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

"Пеш аз ҳама зарур аст, ки соҳаҳои калидии иқтисод аз монополияи гуруҳҳои муайян озод карда шуда, ба тақсими ғайриарсмии иқтисод нуқта гузошта шавад. Хешутаборбозӣ, фасод ва маҳалгаройии сиёсиро аз байн баранд. Бояд ба арзишҳои демократие, ки қонунгузории Тоҷикистон замонат додаанд, бояд пойбанд буд, то имкони озодонаи рушди соҳаҳо ба вуҷуд биояд. Бе ин ҳама намешавад ба муваффақиятҳои хубтар даст ёфт", - хулоса мекунад Иршод Сулаймонӣ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (27)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG