Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи COVID-19 ба футболи Тоҷикистон. Бозӣ нест, пул ҳам нест. ВИДЕО


Танаффус дар мусобиқаҳои футбол дар Тоҷикистон дастаҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ҳоло бозиҳои қаҳрамонии кишвар баргузор намешаванд, мухлисон ба варзишгоҳҳо намеоянд ва шабакаҳои телевизионӣ рақобаташонро нишон намедиҳанд.

Федератсияи Футбол чанд рӯз пеш аз эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мусобиқотро то 10-уми май ба таъхир гузорад. Баъдан бо густариши бемории COVID-19 ин танаффус ба муҳлати номуайян дароз карда шуд.

Маъмурияти бошгоҳҳои кишвар мегӯянд, агар танаффус тӯл кашад, ба вазъи дастаҳо бетаъсир намемонад. "Агар ду-се моҳ танаффус идома кунад, таъсираш ба даста мерасад. Инҷо мо легионерҳо дорем, ки бо ҷойи хобу хӯрок, шароити хуб таъмин кунем. Маошашонро сари вақт додан зарур аст. Мисли кишварҳои дигар дидан даркор, ки имкони то 30 дарсад поин бурдани маошашон вуҷуд дорад ё не? Инро бояд федератсия баррасӣ кунад ва хулоса барорад, то мо аз рӯйи он амал кунем", - гуфт Муҳаммадёр Азизов, менеҷери бошгоҳи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Коронавирус ба дарвозаи футбол гол зад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00

Бозигарон чӣ ҳол доранд?

Ба иттилои масъулини Федератсияи Футболи Тоҷикистон то ҳоло дар байни футболбозон касе ба бемории COVID-19 мубтало нашудааст.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус тамоми чораҳоро андешидаем. Аъзои даста бо лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин шудаанд. Корҳои профилактикиро ҳамарӯза анҷом медиҳем. Хушбахтона, ягон футболбози даста ба ин бемории ҳамагир мубтало нашудааст."

Бо паҳн шудани коронавирус дар саросари ҷаҳон аз моҳи март инҷониб мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол қатъ гардид. Тоҷикистон дар қатори Беларусу Никарагуа ва Туркманистону Бурунди аз камшумор кишварҳое буд, ки мусобиқаи футбол дар доираи лигаи олӣ идома дошт, ҳарчанд ҳузури мухлисон дар варзишгоҳҳо мамнуъ буд.

"Мухлисон озурда шуданд, вале..."

Бе ҳузури тамошобинон дар варзишгоҳҳо шуруъ шудани қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ба ҷайби бе ин ҳам холии аксар бошгоҳҳои кишвар зарба зад. Акнун пурра қатъ шудани бозиҳо вуҷуди бархе аз дастаҳоро зери суол мебарад.

Муҳаммадёр Азизов, менеҷери бошгоҳи "Кӯктош" гуфт: "Мо то 8 ҳазор тамошобин доштем. Баъзеаш корт доштанд ва ба ҳамаи бозиҳои мо меомаданд. Онҳо каме хафа шуданд, вале ба ҳар ҳол вазъиятро дарк мекунанд."

Ирфон Нажодӣ
Ирфон Нажодӣ

Ин вазъ легионерҳои футболи тоҷикро ҳам дар ҳоли ногувор қарор додааст. Ирфон Нажодӣ, легионер аз Эрон, ки чаҳор моҳи пеш ба дастаи “Кӯктош” пайваст, мегӯяд, чанд бозии ахир наметавонад ба дастааш кумак кунад: "Чаҳор бозӣ аст, ки ба хотири қатъ шудани ҳамаи парвозҳо наметавонам ба Эрон равам, то визаам меҳнатӣ шавад. Ба ин хотир бозӣ карда наметавонам. Аз лиҳози варзишӣ зарбаи сахте ба ман задааст."

Бунёд Шодиев, легионер аз Узбекистон мегӯяд, ду моҳ боз ба кишвараш нарафтааст. "Чун ман бозигари касбиам ва бо даста қарордод бастаам. Кори ман инҷост", - афзуд ӯ.

Зарбаи молӣ ба дастаҳои футбол

Якбора қатъ шудани бозиҳои футбол дар пайи хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 абарбошгоҳҳо ва пурқувваттарин лигаҳои футболи ҷаҳонро бо мушкили молӣ рӯ ба рӯ кард. Барои мисол, коршиносон зарари молии Ла Лигаи Испанияро ҳудуди 2 миллиард евро пешгӯӣ мекунанд.

FIFA эълом кард, ки дар ин давраи мушкил ба созмонҳои миллии футбол кумаки молӣ мерасонад, то ба онҳо дар мубориза бо оқибатҳои паҳншавии сирояти коронавирус, ки мавсимро қатъ кардааст, мусоидат кунад.

Гуфта мешавад, 211 федератсияи миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маблағи умумии тақрибан 150 миллион доллар дарёфт хоҳанд кард. Ба ҳар як аъзои Федератсияи байналмилалӣ барои дастгирии кори онҳо дар давраи карантин 500 ҳазор доллар пардохт хоҳад шуд.

Бозии баъд аз танаффус

Ягона умеди аксар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ба Федератсияи футбол аст, чун мегӯянд, сарпарастонашон ҳам дар вазъи хуби молӣ қарор надоранд ва дастгирии онҳоро кам кардаанд.

Дар бархе аз кишварҳо баъди танаффуси тӯлонӣ мусобиқаҳои футбол аз сар гирифта шуд. Чуночи, 16-уми май пас аз таваққуфи беш аз думоҳа қаҳрамонии футболи Олмон дубора барқарор гардид. Бар асари пандемияи коронавирус бозиҳо бе ҳузури тамошобинон дар варзишгоҳҳо баргузор мешаванд.

Қаҳрамонии футболи Русия, ки мисли дигар мусобиқаҳои ҷаҳонии футбол, бо сабаби пандемияи коронавирус боздошта шуд, 21-уми июн оғоз ёфта, то 22-юми июл идома меёбад. Кумитаи иҷроияи Иттифоқи футболи Русия тасмим гирифт, ки бозиҳои премйер-лигаро барқарор кунад. Бозиҳо бидуни тамошобин доир мегарданд.

Қаҳрамонии футболи Украина дар миёнаҳои моҳи март бар асари пандемияи коронавирус боздошта шуд. Ба иттилои расонаҳо, премйер-лигаи Украина тасмим гирифтааст, ки мавсимро 30-юми май дубора барқарор кунад. Интизор меравад, мавсим 19-уми июл хотима ёбад ва бозиҳо бидуни тамошобин баргузор шаванд.

Бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Беларус ба таъхир гузошта намешаванд. Дабири кулли Федератсияи футболи Беларус Сергей Жардетский гуфтааст, бозиҳои даври нӯҳуми чемпионати миллӣ, тавре ки қаблан пешбинӣ шуда буд, баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи 14-уми май бозии ниҳоии даври 8-уми қаҳрамонии футболи Туркманистон баргузор шуд. Дастаи "Копетдоғ"-и Ишқобод дар Марв "Энергия" -ро бо ҳисоби 4: 2 мағлуб кард.

Имсол бозигарони беҳтаринро интихоб намекунанд?

Бояд гуфт, ки бинобар вазъияти ба амаломада FIFA имсол беҳтарин бозигаронро муайян нахоҳад кард. Бино ба иттилои Marca, FIFA тасмим гирифтааст, ки барандагони ҷоизаҳои беҳтаринҳои футболи FIFA (Awards FIFA) -ро бо сабаби пандемияи коронавирус муайян накунад.

Ёдовар мешавем, ки дар маросими супоридани ҷоизаҳои Тhe Best FIFA Football Awards беҳтарин футболбози мавсим, дарвозабони дастаҳои мардона ва занона, мураббиёни дастаҳои мардона ва занона, бонуи футболбоз, муаллифи беҳтарин гол, мухлисони ашадӣ, дастаҳои мардона ва занонаи мавсим бо ҷоизаҳо мукофотонида мешаванд. Инчунин ҷоиза барои бозии одилона (фейр-плей) таъсис шудааст. Маросим моҳи сентябр ба нақша гирифта шуда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG