Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зебо Тоҷибоева: Чӣ гуна ман аз коронавирус наҷот ёфтам


Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигор ва муассиси сомонаи your.tj мегӯяд, тақрибан як моҳ аз коронавируси нав муолиҷа гирифт. Ба нақли ӯ, беморӣ аввал аз ҳамсоя ба модараш сироят кард ва баъдан ба ӯву аъзои дигари оила гузашт.

Тоҷибоева рӯзи 25-уми май, баъд аз адои давраи табобат, корро шуруъ намуд ва дар суҳбате ба Радиои Озодӣ дар бораи бемориаш ва шеваи муолиҷаи он нақл кард.

Радиои Озодӣ: Харҷи табобати бемориро ҳисоб кардед?

Зебо Тоҷибоева: Нишонаҳои аввали бемории модарам 23-юми апрел пайдо шуд, аммо тамосаш бо шахси бемор пештар сурат гирифтааст. Рӯзи 3-юми май дар маркази "Нурафзо" ҳарду ба 880 сомонӣ томографияи компютерӣ кардем. Дар маҷмӯъ, барои табобат 4-5 ҳазор сомонӣ (муодили тақрибан панҷсад доллар) сарф шуд. Ҳама маводи табобатӣ гарон аст. Масалан, ману модарам дар маҷмӯъ 25 дафъа қатрачаконӣ кардем. Аз ин 20 ададаш ба модарам ва панҷ ададаш ба ман сарф шуд. Осеби шуши ман назар ба модарам сабуктар буд. Ман пневмонияи яктарафа ва модарам пневмонияи дутарафа дошт.

Радиои Озодӣ: Бархеҳо мегӯянд, табобати ин навъи беморӣ арзон нест ва баъзан харҷаш аз маблағи гуфтаи Шумо зиёдтар аст...

Зебо Тоҷибоева: Дар оғози кор табибон машварат доданд, ки доруи асосиро харида нигоҳ дорем, чунки баъдтар ин мавод камёфт ё ноёб мешавад. Ман ба гапи онҳо гӯш карда, якбора ин доруҳоро харидам. Арбидолро наёфтам. Бо гузашти вақт 10 дона қурси ин доруро 200-300 сомонӣ пешниҳод карданд, вале ин гарон буд ва ман нахаридам. Аз пайи ҷустуҷӯи "асикловир" шудам. Ин ҳам як доруи зиддивирусӣ аст ва аз назари нарх хеле арзонтар буд. Харҷи гуфтаам инчунин бо назардошти ҳаққи хидмати ҳамшира ҳисоб шудааст. Барои ҳар як қатрачаконӣ ба дасташ 25 сомонӣ ё 2,5 доллар медодем.

Радиои Озодӣ: Дар ин давра барои ғизо чӣ қадар харҷ кардед, чун пизишкон машварат медиҳанд, бештар хӯроки муқаввӣ ва меваю сабзавот бояд хӯрд.

Зебо Тоҷибоева: Модарам давоми ду ҳафтаи беморӣ хеле заиф буд ва маҷбур мекардам, ки хӯрок бихӯрад. Ду ҳафта хӯрокхӯриамон хеле бад буд. Ду духтарам низ дуруст хӯрок намехӯрданд. Асосан шӯрбо мехӯрдем.

Радиои Озодӣ: Яъне, ҳамзамон чаҳор нафар бемор будед?

Зебо Тоҷибоева: Чаҳор нафарамон бемор шудем. Духтари хурдиам нишонаҳои сабук дошт, сулфа мекард. Духтари калониам ҳамаро дид: ҳам дарди бадан дошт, ҳам сулфа, ҳам сустии бадан ва набуди хоҳиши хӯрок хӯрдан. Яъне, духтари 13-сола тамоми нишонаҳои бемориро дошт. Фақат фарқаш дар ин буд, ки табаш се рӯз баланд шуд ва ба ҳамин хотир каме сабуктар гузашт.

Радиои Озодӣ: Шумову модаратон дар беморхона бистарӣ нашудед?

Зебо Тоҷибоева: На. Бо ин ки табибон машварат доданд, ба беморхона равем, ба хотири ин ки бачаҳо бесаробон мемонданд, нарафтем.

Радиои Озодӣ: Муолиҷаи Шумо аз чанд марҳила иборат буд?

Зебо Тоҷибоева
Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева: Марҳилаи аввал сирояти беморӣ ба модарам буд. Ӯ бар асоси антибиотикҳо муолиҷаро шуруъ кард. Табибон гуфтанд, агар ҳарорати бадан аз 38 дараҷа боло рафт, аз паи дорувори зидди малярия бояд шуд, вале то он замон машварат намедиҳанд. Ҳарорати мо аз 38 дараҷа боло нарафтааст. Модарам як ҳафта таб карданд ва як ҳафта баъд дубора ҳарораташон одӣ шуд. Баъди гузаштан аз томографияи компютерӣ мо ба қатрачаконӣ сар кардем. Ин марҳилаи дуюм буд. Марҳилаи сеюми бемории модарам ин аритмия (беназмии таппиши дил) баъди коронавирус шуд. Сабабаш норасоии оксиген буд. Ба бастаи доруҳояшон барои кам кардани аритмия доруҳои қалб илова шуд. Ман дар ин марҳила аз пайи нӯшидани витамин шудам.

Радиои Озодӣ: Доруҳои зидди ғафсшавӣ ё сахтшавии хун ҳам гирифтед?

Зебо Тоҷибоева: Ҳатман, гирифтем. Онҳо гарон нестанд. Мо аспирин-кардио гирифтем. Модарам пеш кардиомагнил мегирифтанд, вале духтурон гуфтанд, ки аз он бояд даст кашид, чунки дар ин ҳолат ёрӣ намекунад. Ман медонам, ки бисёр табибон доруҳои поккунандаи ҷигарро дар пайи истеъмоли доруҳои зиёд машварат намедиҳанд, вале духтури мо, ки ба ӯ сад дарсад бовар дорам, гуфт, барои тоза кардани ҷигар карсил бихӯрам. Ин дору фишори рӯйи ҷигарро кам мекунад ва мо онро аз оғоз нӯшидем. Аз ҳама гаронтарин маводи дорувор қатрачаконӣ буд. Ман дар оғоз онҳоро бар ивази 10 сомонӣ, баъди тамом шудан бо 25 сомонӣ ва вақте боз тамом шуду нарасид, ҳар якашро 55 сомонӣ харидам.

Радиои Озодӣ: Ин то замони тафтиши дорухонаҳо буд?

Зебо Тоҷибоева: На, баъди он. Нархаш бо ин вуҷуд 55 сомонӣ буд.

Радиои Озодӣ: Зебо, дар Тоҷикистон оё бима ё суғуртаи тиббӣ амал мекунад ва ё ин ҳарфҳо рост аст, ки ҳар нафар дар ҳолати сангини беморӣ бояд худ аз пайи наҷоти ҷонаш шавад?

Зебо Тоҷибоева: Ман инро надидаам. Як замоне дар як беморхонаи хусусӣ бимаи тиббӣ гирифтам, вале вақте ба ман ёрии таъҷилӣ зарур шуд, пушаймон шудам. Ман бояд ба раҳбарияти он муассиса муроҷиат мекардам, ки ба ман хидмат расонида шавад. Ба ман диагнози нодуруст гузоштанд ва ман ба муассисаи дигари тиббӣ рафта, муолиҷаро идома додам. Баъди ин гӯшамро кашидам, чунки гуфтанд, ки ҳолати ман дар созишномаи бимаи тиббӣ ворид нашудааст. Яъне, бима нест ва одам бояд худаш илоҷи бемориашро пайдо кунад. Масалан, ҳамсояи ман дар шифохона бистарӣ шуд, вале тамоми доруро на муассиса, балки худаш таъмин кард.

Радиои Озодӣ: Яъне, агар кас бепул бошад, ҳолаш хароб аст?

Зебо Тоҷибоева: Медонед, ман ба як чиз қоил шудам, ки дармонгоҳи маҳаллаи мо (Маркази саломатии тиббии рақами 1 дар маҳаллаи 65-ум) чӣ қадар хуб кор кард. Ман дар бораи даромнгоҳҳои дигар намедонам, лекин аз мо аз 16-уми апрел ба ин сӯ шабонарӯзӣ кор мекард. Онҳо толори калони маҷлисгоҳро ба хонаи қабули беморон табдил доданд. Офарини онҳо. Дар он маҳалла одамони зиёде бемор шуданд, вале онҳо то охир ҳамаро қабул карданд. Нақши ҳамшираи мо ҳам фавқулода баланд аст. Ӯ бо вуҷуди хатар ба ҷонаш ҳар рӯз дар лаҳзаву соати муайян ва бетаъхир ба хонаи мо меомад. Мо ҳам талош мекардем, ки ӯро олуда накунем, ниқобу дастпӯшак мепӯшидем. Умуман, ҳама ҳамшираҳои поликлиникаи мо тило буданд. Барои кардиограмма рафтем, ҳама шароит муҳайё буд. Ман интизор надоштам.

Радиои Озодӣ: Дар давраи беморӣ эҳсос кардед, ки низоми беҳдоштии кишвар дуруст кор мекунад?

Зебо Тоҷибоева: Низом неву духтурон худашон, кормандони тиб, яъне одамони зинда. Духтурон воқеан ҳам ҷонфидоёна кор мекарданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG