Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: "Ҷасорат ё ҳамоқат? Ин аст суол?"


Зеварбону Рауфӣ

Дуруд, ҳаммеҳани азиз!

Ин суолест, ки имрӯз маро водор ба ковишҳои дарунӣ карда: ҷасорат ё ҳамоқат?

Шояд бипурсӣ, аслан далели пайдоиши чунин суоле дар хиёлам чист?

Ин суол, ки бароям ба таври аҷибе мушобеҳи суоли “будан ё набудан?”-и Шекспир садо медиҳад, ба он хотир дар зеҳнам ба вуҷуд омада, ки шахси бароям хеле азиз гуфт: “Мумкин аст навиштаҳоят машҳурат кунанд, мумкин имрӯз иддае туро ҷасур хонанд, иддае хоин, аммо бояд бидонӣ, оқибат ҳеч кадом аз онҳо дар канорат нахоҳанд монд. Ту танҳо мемонӣ! Бо ин корҳо фақат ба худату наздиконат ба хонаводаат зарар мерасонӣ. Чун хосияти сиёсат ҳамин аст. Фарҳанг аст, ки метавонад номи одамро ҷовид гардонад. Метавонӣ ин роҳро интихоб кунӣ. Лек зан дар роҳи сиёсат, агар хеле истеъдод дошта бошад, мешавад ё Ойниҳол Бобоназарова ё Гулрухсор.”

Ӯ ба ин ҳарфҳо имони комил дорад. Чун аз он гурӯҳ одамҳоест, ки то ҳар калимаи мегуфтаашро борҳо дар тарозуи ақлу эҳсос барнакашад, чизе намегӯяд. Ва ҳамин ҳарфҳо боис шуд, ки ба андеша фурӯ раваму ин суол дар зеҳнам зода шавад. Охир ин аввалин бор аст, ки мешунавам чизҳои ҳамтирознашавандаро бо ҳам дар як тарозу бар кашанд. Бо ин, ки ба ин ду бонуи арҷманду шоистаи ҳаммеҳанам эҳтирому иродати зиёд дорам, медонам ҳеч гоҳ дар масири онҳову ҳампояшон қадам гузошта наметавонам. Зеро дидбонгоҳи мо мутафовит аст. Роҳҳое, ки мепаймоем аз ҳам фарқ мекунанд. Ва дарку таҷрибаамон аз зиндагӣ бо ҳамдигар қобили муқоиса нест. Пас, бадеҳист, ки имкон надорад рӯзе ба қуллаҳое бирасам, ки ин бонувони гиромӣ, сазовор рӯяшон истодаанд.

Чизи диққатҷалбкунандаи дигар бароям ташреҳоте буд, ки аз сиёсату фарҳанг кард.Пас ба дунболи баъзе хотирот ба дунёи кудакию навҷавонӣ баргаштам. Ёдам омад аввалин бор дар бораи Моргорет Тетчер ё “бонуи оҳанӣ” дар 14-15-солагиям шунидаму баъд аз он дар пайи хондани саргузашти ӯ ва тағйироти пояие, ки дар Ингилистон ба вуҷуд овард, шудам. “Заъифа”-е, ки метавонист ҳампои мардон истиқомат нишон диҳад ва ҳарфашро ба курсӣ биншонад. Аммо бо ҳамон нигоҳи кудакона ҳам мефаҳмидам, ки фазои кишвари мо ҳанӯз барои амалӣ шудани чунин орзуҳое омода нест. Яъне, орзуи сиёсатмадор шудан дар ҳамон 14-15-солагӣ дар вуҷуди ман мурд.

Ман ҳунарро интихоб кардам. Ҳамаи шохаҳои ҳунарро дӯст доштам, аммо адабиётро зояндаи ҳунарҳои дигар, ё дурусттар аст бигӯям, манбаъи илҳоми шохаҳои дигари ҳунар медонистам. Пас дилам хост нависанда шавам. Бо заноне аз қабили Моргорет Мичел, ки танҳо бо як асар дар адабиёти ҷаҳон мондагор шуд, бо Джейн Остин аввалин нависандаи зани адабиёти Ингилис, бо хоҳарони Бронте, бо Мэри Шеллӣ, бо Урионо Фелочӣ, Изобел Оланде, Вирҷиниё Вулф, Огото Кристӣ, Ҷуон Роулинг ва чанде дигар ошно шудам. Заноне, ки метавонистанд қаҳрамонони мондагор офаранд, дунёи тозае халқ кунанд, нигариши навине ба вуҷуд оваранд.

Пас аз ошноӣ бо осору зиндагии чунин заноне возеҳ дарк мекардам, ки зан ба ғайр аз илоҳаи илҳом будан, метавонад офаринанда низ бошад. Фаҳмидам, ки агар ҳарф сари офаринандагист, ин ҳунарро зан аз лаҳзаи ба дунё омадан дар вуҷуди худ дорад.

Ман ба Моргорет Мичели хурдҷусса, ки барои шурӯъи фаъолияти рӯзноманигорияш дар идораи нашрия маҷбур шуданд пояҳои мизи кориро бибуранд, то ба қади ӯ мувофиқ ояд, офарин мехондам. Ба Джейн Остин, ки дар даврае таърихсоз роҳро барои занони нависанда дар адабиёти ингилис боз кард, ҳавасам меомад. Ба ҷасорати Урионо Фелоҷӣ, дар мусоҳибаҳояш бо саллохону ошиқони торих, аз дидораш бо махуфтарин диктотурҳои ҷаҳон ва он, ки чи тавр онҳоро дар доми суолҳояш гирифтор мекард, то маҷбур мешуданд ниқобҳояшонро бардоранд, дуруд мефиристодам. Дар як калом ҳар як аз ин занон маро ба гунае шефтаи худу ҳунарашон мекарданд.

Ин шуд, ки ман роҳи рӯзноманигорӣ ва адабиётро ҳамзамон интихоб кардам. Ҳоло шумо, азизон, шоҳиди аввалин қадамҳоям дар роҳи рӯзноманигорӣ ҳастед, на сиёсат! Хеле умедворам, ки ба зудӣ шоҳиди нахустин қадамҳоям ба дунёи адабиёт низ хоҳед шуд.

Аммо мехоҳам як чизро бароятон рушан кунам.

Ин, ки рӯзноманигорон новобаста ба таҳдидҳо, туҳматҳо, фишорҳо, ҳарфҳои пасту баланд, ки аз мақомот, кормандони амният ва низ шахсҳои номаълум дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мешунаванд, аммо ба фаъолияти касбияшон беғаразона идома медиҳанд, чи маъно дорад? Ин, ки журналистон аз тарафи “афроди номаълум” лату кӯб мешаванд, ба баҳонаи масхара ва амдан ба зиндонҳо фиристода мешаванд, танҳо ба далели иҷрои содиқонаи вазифаи касбияшон хоину ҷинояткору ифротӣ хонда мешаванд, то куҷо нишонаҳои як ҳокимияти солим буда метавонад? Оё айби рӯзноманигорон аст, ки наметавонанд нисбат ба тақдири Меҳанашон бетараф бошанд? Ин кор ҷасорат аст ё ҳамоқат?

Ман коре ба сиёсатмадорон надорам. Ин суолҳои ману навиштаҳоям барои шумост, ҳаммеҳанонам. Шумо бигӯед, чаро вақте расонаҳо аз вуҷуди куруно бонги изтироб мезаданд, онҳо хоину иғвоангез номида шуданд, фиғон бароварданд, ки ин расонаҳо сӯзонда шаванд, кормандонашон боздошт, ҳатто ба дор кашида ё аз кишвар ронда шаванд? Чаро вақте рӯзноманигоре аз COVID-19 гуфт ӯро латукӯб карданд? Аммо ҳоло вақте ҳукумат вуҷуди куруноро тасдиқ карда, замоне, ки Тоҷикистон байни кишварҳои ОМ бештарин талафотро дорад, касе набояд чизе бигӯяд? Яъне инсофан фикр мекунӣ сукут кори дуруст аст?

Мардуми ноҳияи Хуросон магар чӣ гуноҳ доранд? Ин як гурӯҳ ҳаммеҳанони мо, ки дар як он, ҳамаи дороияшонро офат бо худ бурду нобуд сохт, хато карданд, ки аз ҳукумат дархости кумак намуданд? Иштибоҳ буд, ки бепарвоии ҳукумати маҳаллиро дида, хостанд аз ҳукумати марказӣ кумак талабанд? Магар гуноҳи мардум ҳамин аст, ки бо охирин умедашон ба самти ҳукумати марказӣ дасти имдодталаб дароз мекунанду чӯби як идда авбоши амниятиро мехӯранд?

Бояд ба ин тӯда гуфт, ки қаламу андешаи рӯзноманигор болҳои парвози ӯ ҳастанд. Чаро ба худ иҷоза медиҳед боли онҳоро бишканед ва пуррӯёна таваққуъ ҳам доред, ки дар баробари ин ҷиноятатон сукут бикунанд? Чаро журналистоне, ки таҷрибаи корияшон чандин даҳсоларо дар бар мегираду дар ин миёна садоқаташонро ба ин меҳану ин мардум борҳо исбот кардаанд, бояд аз тарафи як идда одамҳои номаълум таҳқиру тавҳин шаванд? Ин гурӯҳи номаълум кӣ ҳастанд, ки ба худ иҷоза медиҳанд рӯи ҳар касу ҳар рӯзноманигоре дилашон хост муҳри хоин, ифротӣ ё иғвоангез бизананд? Чаро, агар шумо ҳукумат ҳастед, онҳоро барои чунин туҳмат ва даъват ба зӯроварӣ ҷазо намедиҳед?

Масалан чаро вақте Шаҳлои Гулхоҷа, Хиромон Бақозода, Афсона Акобиршоева ё ҳар рӯзноманигори зани дигар мусоҳибае бигирад, мақолае бинависад, назарсанҷие бигузаронад, дар кул вазифаи касбияшро содиқона иҷро кунад, ин иддаи номаълум дар фазои маҷозӣ ба онҳо ҳамлавар мешаванд?

Оё ин иддаи номаълум гумон мекунанд, ки рӯзноманигорони пурталош ва ё раҳбарони расонаҳое амсоли “Озодӣ” ва “Asia-plus” камтар аз онҳо ошиқи ин марзу буму мардумаш ҳастанд? Агар чунин гумони беасосе доранд, бояд бигӯям, он рӯзноманигорҳоеро, ки талош доред бадном созеду дар чашми мардум бад ҷилва диҳед, на танҳо аз шумо, балки бештар аз ҳар курсинишини ин кишвар, ошиқи Тоҷикистон ҳастанд ва мардумашонро бештар дӯст доранд. Ҳар чи менависанд танҳо ба хотири муҳаббати бепоёнашон ба меҳан, миллат ва касбашон аст. Онҳо медонанд бидуни ислоҳи камбудиҳо рушд имконпазир нест. Пас, содиқона камбудиҳои мавҷударо нишон медиҳанд, то курсинишиноне, ки муваззафанд ин мушкилотро ҳал кунанд, даст ба кор шаванд.

Ҳол ин ҷо рӯи суханам ба он азизест, ки дар аввали матлаб ёдаш кардам. (Албатта ба ҳар каси дигаре ҳам, ки чунин назар дорад.)

Ман дард мекашам! Чаро намефаҳмӣ? Агар чизе мегӯям аз дард аст. Шояд ҳақ бошӣ. Шояд барои шахси ман беҳтар мебуд, ки сукут кунам, мисли ҳазорҳо нафари дигар. Шояд беҳтар буд, агар каме худхоҳ мебудам. Аз пайи хуб кардани зиндагии худам, аз пайи сохтани ояндаам мешудам. Шояд беҳтар мебуд нисбати тақдири Меҳану ҳаммеҳанон бепарвоӣ мекардам. Шояд ба нафъам буд ба зиндагии содаи як зани оддии тоҷик иктифо менамудам. Сарамро ба кору бори хонаву тарбияи фарзандон банд мекардам. Аммо ин эҳсос чизе нест, ки битавонам идорааш кунам. Ман худамро дар қиболи ин сарзамину мардумаш мадюну муваззаф медонам, мефаҳмӣ?

Бале, ман фақат як занам. Як заъифа! Бехонумонам, чун хонаи ман кулли Тоҷикистон аст. Ин хона солҳост, ки дару панҷараҳояш бастаасту бо пардаҳои захим ҳамаи равзанаҳо пӯшида шудаанд. Ман зани заъифе ҳастам, ки тоқати ҳавои масмумшуда аз фишору сензураро надорад. Магар вазифаи як зан назофати хонааш нест? Ман мехоҳам ин пардаҳоро биканам то нур вориди хона шавад. Мехоҳам дару панчараҳоро боз кунам то ҳавои тоза ба хона дарояд. Мехоҳам оинаҳоро аз ғубори тарсу ҷоплусӣ пок кунам то ҳамеша ҳақиқатро нишон диҳанд. Мехоҳам лавозими гарду ғуборгирифтаро бишӯям. Мехоҳам хонаро бирӯбам. Меҳани ман ба хонатаконӣ ниёз дорад! Мефаҳмӣ? Иҷоза бидеҳ вазифаи занонаамро иҷро кунам.

Бифаҳм, азизи дил, коре, ки як рӯзноманигори масъулиятшинос анҷом медиҳад, на ҳамоқат аст, на ҷасорат. Балки шарофат аст! Шарофати анҷоми кори рӯзноманигорро на ҳар кас дорад. Ман фақат иҷозаи доштани чунин шарофатеро мехостаму мехоҳам. Оё иштибоҳ кардаам?

Шарҳҳоро бинед (77)

XS
SM
MD
LG