Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди ҳукумати Тоҷикистон барои истифода аз "мусибат" ҷиҳати ҳифзи обрӯ


Корвони кӯмакҳои башарӣ, ки ба Бадахшон мерафт.

Бо тарғиби густурдаи “кӯмакҳои башарӣ”-и раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯ ба шифохонаҳои номуҷаҳҳаз ва мардуми гирифтори COVID-19, мунтақидон ва мухолифон ҳукуматро муттаҳам кардаанд, ки “мусибат”-ро барои ба даст овардани имтиёзҳои сиёсӣ истифода мебарад.

Ҳар рӯз телевизиону хабаргузориҳои давлатӣ гузориш медиҳанд, ки ширкату муассисаҳои гуногун “бо пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи пешвои миллат” ба ин ё он шифохона васоили муҳофизатӣ харидаву тақсим карданд. Аз ҷумла дар рӯзи 16-уми май Телевизиони давлатӣ гузориш дод, ки аз шаҳри Душанбе 140 мошини кӯмакҳои башариву доруворӣ ба вилояти Суғд фиристоданд. Тақрибан ним соати ин барномаи хабарӣ дар бораи ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба инҷову онҷо буд ва таъкид мешуд, ки ин нишондиҳандаи ғамхории раиси ҷумҳур дар ҳаққи мардум аст.

Пештар аз ин рӯзи 15-уми май ҳамин телевизион гуфт, бо ҳадафи дастгирии табибону гирифторони беморӣ 45 мошин “кӯмаки моддии раиси ҷумҳурро ба Вилояти Бадахшон фиристоданд.” Аз ин пештар ва баъди эълони сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон, мақомот хабар доданд, ки Шамсулло Соҳибов, “соҳибкори ватанӣ” ва домоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 25 мошини кӯмаки башариро ба шифохонаҳои Хатлон ва мардуми муҳтоҷ фиристодааст.

Хабаргузории давлатии “Ховар” аз кӯмаки Озода Раҳмон, духтари президент ва раиси Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ низ хабар дод, ки ба бемористони Данғара кат ва рахтҳои хоб ҳадя кардааст. Хабаргузории “Азия Плюс” гузориш дод, ки Дилшод Саидзода, вакили маҷлиси шаҳрӣ ва писари Мурод Саидов, муҳофизи хусусии Эмомалӣ Раҳмон дар ду маҳаллаи Душанбе дар байни мардум маҳлулҳои маҳви вирусу микроб ва ниқобҳои тиббӣ тақсим кардааст.

Кӯмаки худӣ буд, ё аз дигарон?

Аммо ончӣ дар ин миён баҳси доғе барангехт ва ширкати “Авеста Груп”-ро ҳиҷолатзада кард, тақсими доруворӣ ва васоиле буд, ки дар байни онҳо кӯмаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дида шуд. Дар гузоришҳо дар ин бора, ки дар Интернет ҳам нашр шуд, қуттиҳои кӯмакҳои башарӣ дида мешавад, ки дар он парчамҳои Чину Тоҷикистон ҳаст.

Билофосила баъд аз ин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ширкати “Авеста Груп”-ро ки ба гуфтаи мухолифони давлат қисме аз саҳмияҳояш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва писари Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ба он муттаҳам карданд, ки кӯмаки хайрияи дигаронро гирифта, аз номи худ тақсим мекунад. Зафар Бурҳонзода, мудири ширкат баъдан ба “Азия Плюс” гуфт, кӯмаки башардӯстонаи онҳо ва Чин, ки ҳамроҳ оварда шуд, ба ҳам омехта шудаанд ва баъдан қуттиҳоро баргардонданд, то аз тариқи Вазорати умури хориҷӣ тақсим шавад.

Аммо на ҳама ба ин гуфтаҳо бовар доранд ва аз ҷумла Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, як созмони мухолифи давлат ва хориҷ аз кишвар. Ӯ рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ин гуна корҳоро мекунанд. Ба қавли ӯ: “Ҳоло қарни 21 аст ва мардум инро бо чашми худ диданд. Дигар бо чунин ҳарфҳо мардумро гӯл задан ва фиреб кардан имкон надорад.”

Аввали моҳи май Телевизиони давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки бо “дастуру ҳидоятҳои президент аз Олмон ба кишвар доруворӣ” оварданд, ҳарчанд пештар аз хабари телевизион Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки интиқоли доруворӣ ба Душанбе бо мусоидати ҳамин муассиса сурат гирифтааст.

Саховате, ки манбаашро намепурсанд

Ҳафиз Бобоёров, таҳлилгари тоҷик, ки ҳоло дар Олмон ба таҳқиқ машғул аст, мегӯяд, президент ва наздикону атрофиёни ӯ ёрии башардӯстонаро аз номи худ ба кормандони тиб ва беморони COVID-19 тақсим мекунанд, то пеш аз ҳама барои худ обрӯ ва эътибори сиёсӣ бигиранд. Ӯ ба Радиои Озодӣ навишт: “Инро дар адабиёти илмӣ машруиятсозӣ (легитимизатсия) мегӯянд. Яъне ҳукуматдорон бо сӯистифода аз арзишҳои маънавӣ мавқеъ ва манзалати худро дар ҷомеа мустаҳкам месозанд. Саховатмандӣ яке аз чунин арзишҳо мебошад ва мардум дар ин сурат дар бораи манбаъҳои пайдоиши сарват ва ё кӯмаку садақа намепурсанд.”

Навиштае дар мошинҳои кӯмакҳои башарӣ
Навиштае дар мошинҳои кӯмакҳои башарӣ

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, аз ҳамин сабаб аст, ки расонаҳои давлатӣ ва баъзе расонаҳои мустақил дар бораи ёрии башардӯстонаи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ ва чӣ гуна тақсим ва истифода шудани онҳо кам мегӯянд. Ба қавли Ҳафиз Бобоёров: “Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми ёрии башардӯстонаи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ аз ҳаҷми дастгирии ҳукуматдорон бамаротиб бештар аст. Дар ин робита, таъмин набудани шаффофият ба ҳадафҳои сиёсии нухбагони сиёсӣ рабт дорад.“ Қаблан Қазоқистону Узбекистон ва Эрон ба Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ фиристоданд.

Тақсими кӯмакҳо ва тарғиби густурдаи онҳо баъди он зиёд шуд, ки табибону парасторони шифохонаҳои Тоҷикистон пинҳону ошкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки васоили оддии муҳофизатӣ надоранд ва ночор ҷони худро дар хатар гузошта беморони СОVID-19-ро муолиҷа мекунанд. Ин шикоятҳо айни замон идома доранд ва суолҳо ҳам зиёданд, ки кӯмакҳои башарӣ куҷо шудаанд. То кунун чандин табиби тоҷик бар асари бемориҳои гуногун ва дар чанд ҳафтаи гузашта вафот кардаанд.

Бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук навиштаанд, эълони расонаҳои давлатӣ, ки ба шифохонаҳову мардум “кӯмаку ҳадя” мекунанд, “риёи ошкор” дар замони мусибат аст, чун муҳофизати табибону дастгирии мардум дар чунин замон “масъулият ва вазифаи давлат аст”. Корбаре бо номи Bunafsha аз ҷумла дар бораи “кӯмакҳои башарии” раиси ҷумҳур ба Вилояти Бадахшон дар Фейсбук навиштааст: “Магар ин кӯмак аст. Ин вазифаи раиси ҷумҳур аст.”

Талош барои ҳифзи обрӯ ва рейтинг

Тарғиботи густурдаи “корҳои хайр ва ғамхории раиси ҷумҳур ва ҳукумат дар ҳаққи мардум” ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов, талоше барои ҳифзи обрӯ дар байни мардум, дар ин замони бӯҳронист. Ӯ рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ навишт: “Ҳукумат ният дорад, нуфуз ва обрӯи худро дар миёни мардум аз даст надиҳад ва рейтинг коста нагардад. Бахусус дар вазъияти бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши шумораи фавтидагон ва зарардидагон. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки интихобот наздик мешавад ва ҳукумат бояд ба нуфузи худ тавваҷӯҳи вижа равона созад.“

Тоҷикистон, ки фақат охири моҳи апрел эълон кард, вирус ба кишвар сироят кардааст, тирамоҳи имсол интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дорад ва сару садо дар бораи интиқоли қудрат ва ё дигарбора мондани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми раиси ҷумҳур зиёд аст.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, бо назардошти мушкилоти зиёд ва сахтиҳое, ки ҳоло мардум мекашанд, тарғибу ташвиқи густурдаи “кӯмакҳои раиси ҷумҳуру атрофиёнаш” барои касе обрӯ зам намекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “То замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстонаро шаффофу равшан баррасӣ накунад, мардум ба чунин хайрҳо ва корҳо аз ҷониби хешовандони раиси ҷумҳур бовар намекунад ва ин кори бефоида хоҳад буд.”

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон коронавируси нав то шоми 16-уми май ба 1322 нафар сироят карда ва 36 нафарро куштааст. Вале аксарият ба ин омор бовар надоранд ва мегӯянд, теъдоди воқеии гирифторону талафот ба маротиб зиёдтар аст.

Шарҳҳоро бинед (103)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG