Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттифоқи нависандагон: "Қабул ба узвият ба мазҳака табдил ёфта буд"


Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон аз ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзишу таҳлили асарҳои аъзоёнаш хабар дод. Масъулини Иттифоқи нависандагон мегӯянд, давоми қариб ду сол 40 нафарро аз узвияти Иттифоқ хориҷ карда, ба панҷ нафар мӯҳлат додаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, дар солҳои қабл қабул ба Иттиҳоди нависандагон ба "мазҳака" табдил ва ҳатто афроде ба узвият пазируфта шуданд, ки дар навиштани ҳолномаи худ оҷизанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран як гурӯҳ аз нависандагони ихроҷшуда аз аъзогии ин ниҳод, иттиҳоди алоҳида ташкил карда, бархеи онҳо роҳбарияти Иттифоқи нависандагонро ба додгоҳ кашиданд.

"Нависандагони хориҷшуда ашхоси воқеан тасодуфианд"

Иттифоқи нависандагон дар ҳоле аъзоёни хориҷшудаашро нафарони дар адабиёт "тасодуфӣ" меномад, ки ин афрод баъди ихроҷ иттиҳодияи худро созмон доданд.

Натиҷаи дусолаи кори гурӯҳи кории Иттифоқи нависандагон оид ба таҳлили асарҳои нависандагон ахиран дар як гузориш нашр шудааст. Масъулини Иттифоқи нависандагон мегӯянд, давоми қариб ду сол асноди қабул ва асарҳои 400 нафар аъзоёнашро таҳлилу баррасӣ карда, 40 нафарро аз узвият хориҷ кардаанд. Гузоришгарони Иттифоқи нависандагон гуфтаанд, ин 40 нафар ашхоси "воқеан дар адабиёт тасодуфианд."

Дар шарҳи ихроҷ шудани 40 нафар аз узвияти Иттифоқи нависандагон муаллифони гузориш гуфтаанд, онҳо ба сабаби ҷавоб надодани сифати асарҳояшон ва як нафар, бино бар тақаллуб дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, аз узвияти Иттифоқ хориҷ гардиданд. Ба панҷ нафар барои омӯзишу ислоҳи норасоиҳои эҷодашон мӯҳлат дода шудааст.

"Пӯшида нест, ки вазъи Иттифоқи нависандагон солҳои зиёде аҳли ҷомеаро ҷиддан ба ташвиш оварда буд. Қаламфарсоёни бешуморе бо ҳар роҳу восита узви ин созмони мӯътабар гардида, бо асарҳои хому рафторҳои ноадибона, эътибори онро пайваста мекостанд. Дар 26-27 соли охир шумораи аъзои Иттифоқи нависандагон қариб се баробар афзуда бошад ҳам, асарҳои бешу кам дархӯри завқу талаботи ҷомеаро боз ҳамон як гурӯҳи башумор эҷод мекарданд ва бори ин соҳаи фаъолияташ барои миллату давлат муҳимро бар дӯш доштанд",-омадааст дар гузориши Иттифоқи нависандагон.

Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Муаллифони гузориши Иттифоқи нависандагон навиштаанд, кор ба ҳадде расид, ки нафарони дар навиштани аризаву ҳолномаи худ оҷиз узви ин иттиҳодия шуданд. Ба навиштаи гузоришгарони Иттифоқи нависандагон, ин ашхос "интернет, радиову телевизион ва нашрияҳои аз асли ҳол ноогоҳро минбари тарғиби арзону кӯчабозории худ қарор доданд ва назди ИН ва мақомоти ҳокимият даъвоҳои нашру фурӯши китобҳои беарзишашон, ҷашну хонаву замин ва ғайра пеш гузошта, обрӯи адибу адабиётро сахт костанд."

"Қабул ба Иттифоқ ба мазҳака табдил ёфт"

Дар гузориши Иттифоқи нависандагон омадааст, ки дар солҳои қабл қабул ба узвияти ин созмон “ба як кори механикӣ ва ҳатто мазҳака табдил ёфт.

"Талаботи Оинномаи ИНТ ва Низомномаи комиссияи қабул аз мадди назар тамоман афтоданд. Аксари китобҳое, ки аз ҷониби довталабони узвият ба шӯроҳои эҷодӣ пешниҳод мешуданд, ба оддитарин талаботи кори адабӣ ҷавобгӯ набуданд. Ҳатто муаллифони дастуру рисолаҳои таърих, тиб, сиёсатшиносӣ, тадқиқи академии адабиёти халқҳои дигар, ки ба адабиёти бадеӣ ҳеҷ робитае надоранд, ба узвият пазируфта шуданд",-омадааст дар гузориш.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Дар Иттифоқи нависандагон гуфтанд, таҳлили кори аъзоёни ин иттиҳодия, ҳамчун кори марбут ба қисмати инсонҳо аз ҷониби бахшҳо, Шӯроҳо, Гурӯҳи корӣ ва Раёсати ИН бо масъулияти тамом дар назди адабиёт ва завқи хонанда сурат гирифт.

Вале масъулини ИН мегӯянд, "нафарони хориҷшуда воқеан дар адабиёт тасодуфианд, сатҳу савияи асарҳояшон бисёр паст аст, вазифаи адабиёту рисолати адибро дар ҷомеа намедонанд, дар фаъолияти ИН саҳме надоранд ва узвияти ИН барои аксарашон ҷуз мояи фахри арзоне нест."

Масъулини Иттифоқи нависандагон гуфтаанд, минбаъд масъулияти риояи қатъии Оиннома, қабули сифатноки аъзо ва нигаҳдошти сатҳу савияи баланди эҷодиву мавқеи сазовори шаҳрвандии онҳо чун кори ҳамешагӣ ба зиммаи раҳбарият, Раёсат, бахшу шӯроҳои эҷодӣ ва шуъбаҳои вилоятии он вогузор мегардад.

Гули Зард, адибаи тоҷик.
Гули Зард, адибаи тоҷик.

Иттифоқи нависандагон дар ҳоле аъзоёни хориҷшудаашро нафарони дар адабиёт "тасодуфӣ" меномад, ки ин афрод баъди ихроҷ иттиҳодияи худро созмон доданд. "Иттиҳодияи байналмилалии нависандагон ва табибон" аз ҷониби нафароне таъсис ёфт, ки аз узвияти ИН берун карда шуданд

Инчунин Гули Зард, яке аз афроди ихроҷшуда аз узвияти Иттифоқи нависандагон, се масъули ин ниҳодро барои паст задани шаъну шарафаш ба додгоҳ дода, аз онҳо 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кард.

"Поккорӣ" дар сафи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ду соли пеш, баъд аз интихоби Низом Қосим ба мақоми раиси ин созмони эҷодӣ шурӯъ шуд. Дар тӯли ин муддат даҳҳо узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ба далели сазовор набудан аз сафи он хориҷ карда шуданд. Гуфта мешавад, онҳо эҷодкороне ҳастанд, ки солҳои зиёд узвияти ин созмони адабиро дошта, чандин китоби худро ба нашр расондаанд.

XS
SM
MD
LG