Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бо коронавирус, вале бе сипару ҷавшан ва аслиҳаи дуруст. ВИДЕО


Украина. 2-юми апрели 2020
Украина. 2-юми апрели 2020

Табибону парасторон, ки гирифторони бемории КОВИД-19-ро муолиҷа мекунанд, худро бо дастпӯш, ниқоб ва либоси тиббӣ аз вирус эмин медоранд. Аммо норасоии ин лавозимот ҷони онҳоро дар хатари бештар андохтааст.

Кристал Ҳорчук, парасторе дар бемористони Virtua Memorial, мегӯяд, "агар мо дар ҳаққи худ ғамхорӣ накунем, ба Шумо нигоҳубин карда наметавонем".

Дар саросари ҷаҳон эҳтиёҷ ба лавозимоти муҳофизатӣ аз коронавирус дар муқоиса ба истеҳсоли он бештар шудааст.

Мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Адҳаном Гебрейесус мегӯяд: "Норасоии пайвастаи лавозимоти муҳофизати шахсӣ ҳоло як хатар дар тавонмандии дастҷамъонаи мо барои ҳифзи ҷони инсонҳо мебошад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тақрибан ду миллион васоили муҳофизатиро ба 74 кишваре фиристод, ки ба ин мавод сахт эҳтиёҷ доштанд. Ба ирсоли ҳамин миқдор мавод ба 60 кишвари дигар омода мешавем, вале боз ҳам аз ин бештар зарур аст."

Табибону ҳамшираҳо мегӯянд, аз ночорӣ як маводи ҳифозатиро чанд дафъа истифода мекунанд. Пизишк Александр Салерно гуфт, "дар рӯзҳои маъмулӣ, баъди тамос бо як бемор, тамоми мавод – дастпӯшҳо, курта ва ниқоб – бояд нав шавад. Мо либосро тамоми рӯз мепӯшем, ниқобҳо ҳам гоҳе то панҷ рӯз мекашад, то ки наваш ба дасти мо бирасад."

Як табиби ҳиндӣ мегӯяд, ки ба ӯву ҳамкоронаш ба ҷойи либосҳои муносиби муҳофизатӣ айнаки зидди офтоб ва як боронӣ доданд. Дар чунин вазъ баъзан маъмурони тиббӣ бемор мешаванд ва масъулияти ҳамкорони беҳолашон боз ҳам зиёд мешавад.

Ҳовард Каттон, мудири Шӯрои Байналмилалии Парасторон, мегӯяд, "мо шубҳае надорем, ки афзоиши сироят қисман ба сабаби норасоии лавозимоти муҳофизатӣ аст. Мо медонем, ки дар ҷҳаон кофӣ нест. Аз ин сабаб парастороне, ки беморонро нигоҳубин мекунанд, таҳти хатари бештар ҳастанд".

Тафсилотро дар навор бинед:

Ҷанг бо коронавирус, вале бе сипару ҷавшан ва аслиҳаи дуруст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
XS
SM
MD
LG