Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карантин дар бозоре, ки тоҷикон мол мехариданд. Ҳудуди 50 ҳазор дастнигари дигарон. ВИДЕО


Бозори "Дордой". Пеш аз густариши коронавирус дар ин ҷо тиҷорат дар авҷ буд

Бозори бузургтарини Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек як моҳ боз бастааст. Аз кор мондани бозор рӯзгори тақрибан 50 ҳазор нафарро сахту сангин кард. Ин афрод, ки пеш аз густариши COVID-19 бо кор дар ин бозор зиндагии худро мечархонданд, ҳоло аз гуруснагӣ ва тангдастӣ азият мекашанд. Бархе аз онҳо дар канори контейнерҳо барои боркашӣ ва гурӯҳе ҳам дар партовгоҳҳои наздик ба ин бозор дар пойтахти Қирғизистон зиндагӣ мекунанд.

"Дордой", бозори бузургтарини Осиёӣ Марказӣ, ҳоло ба макони зисти садҳо нафар табдил шуда, қиссаҳо дар бораи гуруснагӣ ва ноумедии одамонро ба ёд меорад. Дар ин бозор, ки дар пойтахти Қирғизистон воқеъ аст, то як моҳи пеш кор дар ҷӯш буд ва мардуми зиёд равуо мекарданд. Дар пайи сирояту густариши бемории ҳамагир дар моҳи апрел бозорро бастанд ва 50 ҳазор корманди он дар рӯ ба рӯи фоҷиа қарор гирифтанд.

Нуройим Султонбоева қаблан дар ин бозор кор кардаву рӯзгорашро пеш мебурд. Ҳоло мегӯяд, дар вазъияти хеле бад қарор дорад. "Дар вазъияте қарор дорем, ки мехоҳем гиря кунем. Ҳеч гоҳ дастнигари касе набудем, даромад доштем, вале имрӯз аз дасти мардуми саховатманд ғизо мехӯрем. Чизе, ки онҳо хайр мекунанд, фақат барои чанд рӯз мерасад. Вақте маводи ғизоӣ тамом шуд, чӣ кор мекунем? Ман аз марг аз коронавирус наметарсам, метарсам, ки аз гуруснагӣ мемирем", - гуфт ӯ.

"Дордой" на танҳо барои тоҷирон, балки барои шумори зиёди ҳаммолону ронандаҳо манбаи даромад буд. Аксари онҳо дар ин бозор дар контейнерҳои боркашӣ зиндагӣ мекунанд.

Ойзода мегӯяд, ӯ ва садҳо нафари дигар дар ин бозор майдафурушӣ, аробакашӣ ва ё ҳаммолӣ мекарданд ва ҳама ҳоло дар рӯ ба рӯи гуруснагӣ монда, муҳтоҷи афроди хайрхоҳ шудаанд: "Дар ин ҷо касе сарватманд нест. Ман ширинӣ мефурӯхтам, ҳоло бекорам. Аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳастем, дар ин ҷо дар пушти контейнерҳо зиндагӣ мекунем. Ҳеч кас ҳам намедонад, ки мо вуҷуд дорем."

Мақомоти маҳаллӣ як марказеро барои кумак ба ниёзмандон ташкил намудаанд, ки дар он асосан ихтиёриён кор мекунанд. Жанна, зане, ки дар ин марказ кор мекунад, гуфт: "Мо худамон ҳам дар ин ҷо зиндагӣ мекунем. Ғизоро хайрхоҳон медиҳанд. Соҳибкорон, варзишгарон ва занону мардуми оддӣ."

Аммо ихтиёриёни ин марказ ҳам мегӯянд, ин кумакҳо ба ҳамаи ниёзмандон намерасад. "Дар ин ҷо 8 ҳазор оила ба сар мебарад, вале мо тахминан 90 то 100 бастаи ғизо дастрас намудем. Мо ин ғизоҳоро бояд дар 15 кӯча тақсим кунем, яъне 4 ва 5 баста дар як кӯча. Ин барои ҳама намерасад."

Нозгул Ботиева ҳам ҳамроҳ бо шавҳар ва ду фарзандаш дар ин ҷо зиндагӣ мекунад. Вале онҳо, ки мардикор ҳастанд як моҳ боз ягон даромад надоранд ва аз ҳисоби саховатмандон зиндагӣ мекунанд. Ба суоли хабарнигор, ки нисфирӯзӣ барои хӯрдан чизе доранд? Нозгул гуфт, ду қуттӣ макарон ва якчанд қатра равған доранд, ки бояд то охири ҳафта бирасонанд.

Дар 15 соли ахир дар ин минтақа, хонаҳои ғайриқонунии зиёде сохта шудааст. Сокинон худсарона ва бо роҳи ғайриқонунӣ барои худ хатти барқ ва об гузарондаанд. Замир Абилгаев, ки дар ҳудуди бозори "Дордой" зиндагӣ дорад, мегӯяд, "дар ин ҷо 560 хона ва як боғчаи кӯдакона аст. Аз замони оғози карантин онҳо аз як созмони хайрия аз Куриёи Ҷанубӣ кумак ба даст меоранд. Онҳо барои тамоми деҳа ғизо фиристодаанд. Мо аз онҳо миннатдорем. Мақомоти шаҳр чандон кумак накардааст ба сокинон."

Садҳо нафар дар ин ҷо аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва фурӯши партовҳо даромад мегиранд. Вале даромад аз ин кор ҳам дар шароити карантин ночиз шудааст. Сокинон дар ҳолати ноумедӣ ва руҳафтодагӣ қарор доранд. Ҷамила Юсуфбекова мегӯяд, "ман дар ҳамин партовгоҳ кор мекунам. "Пластмас" ва оҳан ҷамъ мекунам. 6 фарзанд дорам, шавҳарам дар бозор кор мекунад. Ӯ ароба мекашад. Мо дар ин ҷо муддати дароз зиндагӣ дорем, аммо ҳуҷҷат надорем ва мақомот мегӯянд, хонаҳои мо ғайриқонунӣ аст. Ва метавонанд моро ҳар лаҳза аз ин ҷо биронанд."

Баъзе одамон дар сохтмону хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд, вале бархеи дигар дар канори роҳ ҷамъ мешаванду интизори корфармо мемонанд. Агар бахт ба рӯйи касе хандад, дар як рӯз аз 5 то 10 доллар кор мекунад. Нурлан, яке аз мардикоронест, ки дар роҳ мунтазири корфармо сигор дуд медод, гуфт, то кунун ягон коре пайдо накардааст.

Бозори "Дордой" бузургтарин бозори Осиёи Марказӣ ва нуқтаи муҳими тиҷорат байни Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахши осиёии Русия мебошад. Савдогарони Тоҷикистон ҳам аксаран колоҳои худро аз ин бозор мехаранд.

Бар асоси тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2009 дар ин бозор ба таври мустақим ва ғайримустақим ҳудуди 150 ҳазор нафар машғули кор буд ва гардиши солонаи бозор тақрибан 3 миллиард долларро дар бар мегирифт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG