Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 25 узви нави Маҷлиси Миллӣ маълум шуд. Мухолифон норозиянд. ВИДЕО


Бинои порлумони Тоҷикистон
Бинои порлумони Тоҷикистон

Интихоби 25 узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, аз тарафи вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар ба поён расид. Маърака рӯзи 27-уми март баргузор шуд. Кумиссюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт, ягон қонуншиканиро сабт накардааст. Мухолифон аз он норозиянд, ки мисли дафъаҳои гузашта палатаи болоии порлумон асосан аз тарафдорони ҳукумат ташкил ёфтааст.

Дар рӯйхати 25 узви нави Маҷлиси Миллӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, номи раисони вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон, раисони чанде аз шаҳру ноҳияҳо ва ё муовинонашон ва мансабдорону кормандони идораҳои давлатӣ сабт шудааст.

Дар миёни онҳо писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ ҳаст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, вуруди ӯ ба палатаи болоии ниҳоди қонунгузор роҳашро амалан барои ба шахси дувуми ҷумҳурӣ табдил ёфтан ҳамвор мекунад.

Дар ҳайати ҳозираи аъзои Маҷлиси Миллӣ духтари раиси ҷумҳур ва раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон ҳаст. Маълум нест, ин дафъа низ шомили Маҷлиси Миллӣ хоҳад шуд ё не.

Ҳашт узви дигари Маҷлиси Миллиро бояд раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кунад ва ҳанӯз ин феҳраст эълом нашудааст.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, 27-уми март дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: "Интихобот бо иштироки фаъолонаи вакилон ва дар доираи қонун сурат гирифт." Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи КМИРТ мегӯяд, дар 5 ҳавзаи интихоботии бисёрмандата барои ройдиҳӣ 2 ҳазору 163 вакил ҳозир шуданд. ​

Интихоби аъзои Маҷлиси Миллӣ, ки асосан аз раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ иборат аст, дар доираи бархе аз коршиносону мунтақидон вокунишҳоро ба бор овардааст. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, "ин навбат низ аз усулҳои солҳои пеш кор гирифта шуд ва аъзои Маҷлиси миллӣ танҳо афроди наздик ба ҳукумат интихоб гардиданд".

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Вай рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "боис ба таассуф аст, ки ин дафъа низ тағйироти усулӣ дар робита ба тарзу ташаккули Маҷлиси Миллӣ сурат нагирифт. Интихоботе, ки имрӯз шуд, боз ҳам ҳайати сифатии Маҷлиси Миллии қаблиро такрор мекунад".

Ҳакимов афзуд, ба Маҷлиси Миллӣ асосан раисони шаҳру навоҳӣ, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ворид шудаанд ва "бидуни шубҳа лоиҳаи қонунҳо бе баҳсу баррасии ҷиддӣ аз сӯи аъзои ин маҷлис чун пештара ҷонибдорӣ меёбанд".

Ин ҳуқуқшинос таъкид намуд, "фаъолияти Маҷлиси Миллӣ муассир нест" ва замоне раидааст, ки "ин маҷлис дар низоми ҳокимият ихтисор гардад". Ба қавли ӯ, "бо ихтисор намудани Маҷлиси Миллӣ, беҳтар аст шумораи вакилони Маҷлиси намояндагонро то се маротиба зиёд кунанд, то хурдтарин ноҳияи Тоҷикистон кафолати доштани як вакилро дар мақоми қонунгузор дошта бошад."

Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз соли 2000-ум боз фаъол аст ва он замон то кунун раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дорад. Аъзои Маҷлиси Миллӣ дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд.

Президентҳои собиқи Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ ҳастанд. Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури пешини Тоҷикистон то замони зинда будан узви Маҷлиси миллӣ буд.

Номи 25 узви нави Маҷлиси Миллӣ:

Аз ҳавзаи бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1

  • Файзов Ёдгор Доёрович – раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон – раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Додхудо Фаррух Муборакшо – раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Мирзозода Мусо Одинамуҳамад – раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Қонунзода Шодигул Худобахш – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон».

Аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд № 2:

  • Аҳмадзода Раҷаббой – Раиси вилояти Суғд
  • Набизода Мадина Раҳмат — директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»
  • Ҳакимова Карима Муқимовна – сартабиби беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара
  • Мӯъминова Фирӯза Исроиловна – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан
  • Шукурзода Мурод Ҷӯра – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон № 3:

  • Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон
  • Одилзода Дилбар Раҳим – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»
  • Одиназода Бозоралӣ Неъмат – раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон
  • Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
  • Шоиддинов Файзиддин Таваккалович – директори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Т.Улҷабоев

Аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе № 4:

  • Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе
  • Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
  • Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
  • Одилбекова Лола Қиёбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ № 5:

  • Хоҷазода Фарзона Ҳаким – муовини раиси шаҳри Ваҳдат
  • Акрамзода Рустам – раиси ноҳияи Рӯдакӣ
  • Ҷумъазода Шарифҷон – раиси шаҳри Ҳисор
  • Вализода Абдуқодир Исуф – раиси шаҳри Турсунзода
  • Муқими Раҳимҷон Набизода – раиси ноҳияи Рашт

Аъзои боқимондаи Маҷлиси Миллиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо салоҳдиди худ таъйин мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG