Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус кори порлумони Тоҷикистонро ҳам халалдор кард


Ҳайати нави Маҷлиси Намояндагон

Иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон, ки ҳар ҳафта маъмулан рӯзҳои чаҳоршанбе баргузор мешавад, ин дафъа доир нагардид.

Доир нашудани иҷлосия дар ҳолест, ки шумори гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба 612 нафар расида, 20 нафар фавтидаанд. Аз миёни вакилони Маҷлиси Намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ, эътироф кард, ки ба короновирус гирифтор шуда, дар бемористон бистарист.

Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 8-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло баргузории бисёре аз ҷаласаҳоро мавқуф гузоштем, то замоне ки шиддати ин (манзур коронавирус) поин биояд. Дар ҷаласаи ҳукумат ҳам масъалагузорӣ шуда буд, ки қабули шаҳрвандон маҳдуд карда шавад, то равуо камтар шавад”.

Аммо Ватанзода гуфт, баргузор нашудани иҷлосияи порлумон рӯзи чаҳоршанбе ба хотири коронавирус набуд, чун мувофиқи қонунҳои ҷорӣ ҳар чаҳоршанбе баргузор шудани иҷлосияҳо ҳатмӣ нест. Ватанзода овозаҳоро дар бораи бемор будани Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон рад кард ва гуфт, “порлумон ҳоло дар андешаи ташкили иҷлосияҳои минбаъда бо риояи масофаи иҷтимоӣ аст.”

Маҷлиси Намояндагон 63 вакил дорад ва толори маҷлис ҳам андаке беш аз 63 курсӣ дорад. Дар сурати риояи масофаи иҷтимоӣ, яъне як курсӣ баъд нишондани вакилон ба ҳама ҷой намерасад ва эҳтимол қисме пушти дар мемонанд.

Як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ гуфт, шумораи курсиҳои толори маҷлис барои риояи масофаи иҷтимоӣ ҷой намегузорад ва ҳоло чанд гузинаи дигари ташкили маҷлис дар ҳоли баррасӣ аст ва эҳтимол рӯзи 11-уми уми май тасмими ниҳоӣ дар ин бора гирифта шавад.

Ҳаёт Одиназода, вакили дигари Маҷлиси намояндагон гуфт, ӯ ва ҳамтоёни дигараш имрӯзҳо дар ҳуҷраи кориашон ҳастанд ва кори порлумон идома дорад.

“Шахсан ҳар рӯз дар кор ҳастам. Омада, роҳраву утоқҳоро бо як маҳлул “дезинфесия” карданд. Кумитаи мо фаъол аст ва айни замон қариб рӯи 20 тарҳи қонун кор карда истодаем. Иҷлосия эҳтимол ба хотири кам будани маводе, ки бояд баррасӣ шаванд, доир нашуд”, - афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки бемории COVID-19 дар Тоҷикистон бо суръат сироят мешавад, сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз камфаъолии порлумон ва вакилон интиқод мекунанд, ки дар қабули қарорҳо ва ба амалкарди сареъ водор кардани ҳокимияти иҷроия саҳме надоранд.

Ҳамчунин аз замони барканории вазири собиқи тандурустӣ ва ба ҷояш таъин шудани нафари дигар панҷ рӯз гузашт, аммо ҳанӯз Маҷлиси Олӣ, ки Маҷлиси Намояндагон як бахши он аст, фармонҳоро тасдиқ накардааст.

Маҷлиси Намояндагон ҳамроҳ бо Маҷлиси миллӣ мувофиқи қонунҳо шохаи мустақили ҳокимият ба шумор меравад ва салоҳият дорад кори ҳокимияти иҷроияро назорат кунад.

Павриз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Маҷлиси Намояндагон дар Тоҷикистон чандон мустақил нест ва ҳамеша ба “даҳони ҳукумат” менигарад.

“Порлумони мо мо интизор аст, ки ҳукумат ба чӣ хулоса меояд. Мебинад, ки ҳукумат чӣ мегӯяд, баъдан мавқеи худро рӯшан мекунад. Худ мустақилона мавқеъ гирифта наметавонад. Мешавад гуфт, ҳоло маҷлис дар режими интизорӣ аст ва вақте мавқеи ҳукумат дар бораи коронавирус рӯшан шуд, онҳо низ назари худро возеҳ баён хоҳанд кард”, -- иброз дошт Муллоҷонов.

Таҳлилгари тоҷик афзуд, фаъол мондани порлумон дар ин шабу рӯзе, ки кишвар бо коронавирус мубориза мебарад, хеле муҳим аст, чун тавре таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла ҳамсояҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, хеле аз қарору тасмимҳои муҳим бо раъйи порлумон гирифта мешавад.

Ин шабу рӯз порлумони Қирғизистон фаъол аст ва вакилон ниқоби тиббӣ дар рӯй дар иҷлосияҳо иштирок мекунанд. Порлумони Қазоқистон ҳам фаъол аст ва вакилон бо риояи масофаи иҷтимоӣ ба кори худ идома медиҳанд.

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо бемор шудан ё набудани чанде аз вакилон ҳам, айни замон “кворум дар маҷлис ҳаст ва порлумони Тоҷикистон метавонад фаъолияти худро идома диҳад. Агар толор барои риояи масофаи иҷтимоӣ имкон надиҳад, иҷлосияҳоро мешавад дар толорҳои бузургтари дигар гузаронд”.

Аммо маҷлисгоҳи порлумони Тоҷикистон тавре муҷаҳҳаз шудааст, ки ҳар вакил аз ҷойи худ барои қабул ё рад шудани тарҳҳо рой медиҳад. Ҳар толори дигаре, ки барои нишасти аъзои Маҷлиси намояндагон интихоб мешавад, бояд ин шароитро дошта бошад.

Тоҷикистон рӯзи 1-уми март интихоботи порлумонӣ баргузор кард ва вакилони нави Маҷлиси намояндагон барои панҷ соли оянда интихоб шуданд. Аксари курсиҳои маҷлисро намояндагони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ишғол кардаанд. Дар иҷлосияи охир вакилон ба тарҳи тағйирот ба қонуни САҲШ (ЗАГС) раъйи мусбат доданд, ки ба насаби тоҷикон гузоштани пасвандҳои “ов” ва “ова”-ро манъ мекунад. Ба ҷойи ин пасвандҳо гузоштани пасвандҳои “пур” ва “духт” ҳатмӣ шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (60)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG