Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо COVID-19. Кӣ чӣ қадар ёрӣ дод?


Моҳи апрели имсол, пеш аз он ки Тоҷикистон ба коронавирус сироят шудани шаҳрвандонашро эътироф кунад, созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои алоҳида яке пайи дигар барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба Душанбе ёриҳои молӣ пешниҳод карданд.

То ба ҳол барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон

  • Олмон 1 миллион евро,
  • Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар,
  • Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар,
  • Амрико 866 ҳазор доллар,
  • Русия ва Чин беш аз 20 ҳазор донаӣ тест ва ё маводи ташхиси коронавирус
  • ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ додаанд.

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки барои муҳофизати қишрҳои осебпазир аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 600 ҳазор доллар кумак мерасонад.

Ҳоло, ки гуруҳҳои алоҳида барои кумак ба пизишкон ва оилаҳои камбизоат дар шароити коронавирус маблағ ҷамъ меоранд ва баъзе идораҳо маоши худро ба суратҳисоби давлатии мубориза бо бемории ҳамагир мегузаронанд, сокинон мепурсанд, ки кумакҳо куҷо шуданд?

48 миллион еврои Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи 48 миллион евро ёрӣ карданист. Дар изҳороти дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гуфта шудааст, тақрибан 1,3 миллион еврои он ба харидани васоили ҳифозати шахсӣ барои 25 бемористон, васоили дезинфексионӣ, дастпӯшу ниқоб барои марзбонони тоҷик, маҳлулҳои беҳдоштӣ ва харҷ хоҳад шуд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия, ки як тарафи танзими кумакҳост, рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба 1,3 миллион еврои Иттиҳоди Аврупо аз Чин ба Тоҷикистон васоили ҳифозати шахсӣ (64 тонна) оварда хоҳад шуд. Ба қавли мақомот, 64 тонна бор ба муддати чаҳор моҳ ба 25 шифохонаи Тоҷикистон мерасад.

"Ин бор, қарор аст, бо роҳи заминӣ аз Шанхай ба Урумчӣ бирасад ва сипас ба Душанбе интиқол ёбад", - гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия.

Ба иттилои манбаъ, дар шароити баста будани роҳҳои ҳавоӣ, мақомот бояд ирсоли ҳавопаймоеро ба Урумчӣ барои интиқоли ин бор дар фурсати кӯтоҳ таъмин кунанд. Интизор меравад, ин бор давоми ҳафтаи ҷорӣ ба Тоҷикистон бирасад.

Манобеи дигар мегӯянд, ки ин кумакҳо дар миёнаҳои моҳи май ба кишвар ворид мешаванд.

Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, то имрӯз ин азимтарин бахши ёриҳо аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон аст, ки таъмини он ҳанӯз то замони расман эълон шудани вуҷуди коронавирус дар кишвар ваъда шудааст. Ба иттилои манбаъ, ба иловаи ин кумакҳо Иттиҳоди Аврупо инчунин 22 миллион еврои дигарро ба Тоҷикистон барои тақвияти зарфияти тиббии кишвар дар муқобила бо COVID-19 ҷудо хоҳад кард.

11,3 миллион доллар аз Бонки Ҷаҳонӣ

Дар раддаи созмону кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон Бонки Ҷаҳонӣ бо 11,3 миллион доллар ёрӣ дар ҷойи дувум аст. Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 2-юми апрел "Барномаи вокуниши фаврӣ доир ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ кард, ки ихтисоси ин миқдор маблағро ба Тоҷикистон дар назар дорад.

Мувофиқи барнома аз 11,3 миллион долларе, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо кардааст,

  • 6,30 миллион доллар барои боло бардоштани зарфияти табобати сареъ дар бемористонҳо, аз ҷумла хариди 100 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ё ИВЛ,
  • 1 миллион доллар барои омода кардани ҷомеа барои мубориза ба зидди беморӣ,
  • 3 миллион доллар барои расонидани ёрии муваққатӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва
  • 1 миллион доллари боқӣ барои иҷро ва арзёбии барнома харҷ хоҳад шуд.

Қарор аст, аз ҳисоби 3 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ ба хонаводаҳои нодоре, ки кӯдаки хурд доранд, давоми 6 моҳ барои харидани хӯрокворӣ ёрӣ расонида шавад.

Барои оғози тақсими ин кумакҳо ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ як қарори ҳукумат зарур аст, ки барномаи давлатии кумакҳои иҷтимоиро аз 40 ноҳияи кунунӣ то ба 64 ноҳия, яъне тамоми қаламрави кишвар васеъ кунад. Интизор меравад аз ин кумакҳои иҷтимоӣ то 200 ҳазор хонаводаи фақир дар Тоҷикистон баҳраманд шаванд.

50 миллион доллари Бонки Осиёии Рушд дар ҳоли баррасист

Бонки Осиёии Рушд яке аз аввалин созмонҳо буд, ки барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 100 ҳазор доллар кумаки фаврӣ ироа кард. Ҳамчунон ин созмон имкони расонидани ёрии 50-миллиондолларӣ ба буҷаи Тоҷикистонро баррасӣ дорад.

Татяна Евстифеева, сухангӯи дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кумакҳои ин созмон айни замон дар ҳоли фиристодан ба Душанбе аст ва дар сурати дастрас шудани кумакҳо бонк иловатан хабар хоҳад дод.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кумакҳои Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистонро Маркази иҷрои барномаҳо оид ба беҳтар кардани саломатии модар ва кӯдаки Вазорати тандурустӣ ҳамоҳанг мекунад.

Вазорати тандурустӣ дар мавриди кумакҳои байнамилалӣ дар мубориза бо COVID-19 ба Радиои Озодӣ иттилоъ надод. Сухангӯи вазорат азпосух гуфтан парҳез кард, муовинони вазир ба зангҳои такрор ба такрор посух нагуфтанд. То замони нашри ин матлаб Радиои Озодӣ ба суолҳои худ аз ин марказ посухе нагирифт.

Зимнан Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз роҳи такмил додани барномаҳои зидди зуком ба маъракаи муқобила бо COVID-19 ба Тоҷикистон кумак мерасонад.

Як феҳрасти эҳтиёҷоти шифохонаву табибони Тоҷикистон, ки барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстона ва бо кӯмаки муассисаҳои Созмони Милал таҳия шудааст, нишон медиҳад, ки кишвар то рӯзи 7-уми апрел ба 1 миллион донна дастпӯши оддии тиббӣ, 1 миллион ҷуфт дастпӯшҳои ҷарроҳӣ, 50 ҳазор хӯди муҳофизатӣ, 50 ҳазор респиратор, 5 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 50 ҳазор либоси муҳофизатӣ, ки аз сар то пойи табибу парастонро мепӯшонад ниёз доранд. Барои бемороне, ки ба нафасгирии сунъӣ эҳтиёҷманд мешаванд, 500 дастгоҳи махсуси нафасдиҳӣ зарур будааст.

Айни замон гуруҳҳои алоҳида барои таъмини пизишкон бо либоси ҳифозатӣ маблағ ҷамъ меоранд. Вазорати тандурустӣ дар як баёнияааш аз рӯзи 3-юми май ба навъе эҳтиёҷоти фаврӣ ба лавозимоти тиббиро эътироф карда, ваел гуфтааст, "барои ин ба таҳлука ва васваса андохтан нашояд".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (18)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG