Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Абдулфайз Раҷабов дар зиндони Душанбе. Аз илтиҳоби шуш ё COVID-19?


Акси Абдулфайз Раҷабов аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Афроди наздик ба Абдулфайз Раҷабов, зиндонии 47-сола, гуфтанд, ки ӯ рӯзи 9-уми май дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе фавтидааст. Ба иттилои онҳо, мақомот сабаби маргашро илтиҳоби шуш ё пневмония гуфтаанд, вале наздикон бовар доранд, ӯ аз бемории COVID-19 ҷон бохтааст. Шоми 10 май онҳо видеоеро пахш карданд, ки аз осори шиканҷа дар гардан ва рӯйи майит дида мешуд.

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон то ба ҳол дар ин бора расман иттилоъ надодаанд, вале ҳафтаи гузашта як масъули маркази тиббии зиндони рақами 1 эътироф карда буд, ки беш аз сӣ нафар бо илтиҳоби шуш бистарианд.

Абдулфайз Раҷабов соли 2015 бо гуноҳи ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Раҳбарияти ҳизби фаъолияташ дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ қарор дорад, аз Файзов ба ҳайси узви фаъоли ҳизб ёдовар шудааст.

Дар баёнияи онҳо аз 9-уми май гуфта шудааст: "Вай соли 1973 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар шаҳри Душанбе истиқомат мекард. Моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳи садҳо аъзову ҷонибдорони ҲНИТ боздошт ва бо иттиҳомҳои сохтаву бофтаи режими худкомаи кишвар ба 28 соли зиндон маҳкум шуда, давраи маҳкумиятро дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе пушти сар мекард."

Пештар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ҳукумат пешниҳод карда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз сирояти COVID-19 ба зиндонҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Кам кардани шумори маҳбусон ва пурзӯр кардани чораҳои беҳдоштӣ ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин роҳ муассир аст. Яке аз маҳбусони ҳамин зиндон ба шарти ифшо нашудани номаш мегӯяд, сирояти вируси корона дар Тоҷикистон ба тартиби зиндагии маҳбусон тағйире ворид накардааст, ҷамъоварии онҳо дар як ҷойи танг барои тафтиш, истеъмоли таоми ба таври дастаҷамъона идома дошта, аксрияти онҳо аз ниқоб ва дастпушак маҳруманд, шароити маҳбас шадидан ғайрибеҳдоштист.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, як созмони мустақар дар Аврупо, низ рӯзи 5-уми май аз он ибрози нигаронии амиқ кардааст, ки "бемории ҳамагир ба зиндонҳо сироят карда ва ҳаёти маҳбусонро зери хатар гузоштааст".

Ин созмон талаб кардааст, як кумисюни иборат аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони СҶТ, Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Пизишкони бидуни марз ташкил шуда, маҳсубонро ташхис кунанд. Ҳамчунин хоста шудааст, маҳбусони беморро дар шифохонаҳои ҷудогона, ҳатто берун аз муассисаҳои ислоҳӣ ҷойгир кунанд.

"Маҳдудияти ғайриқонунии гуфтугӯи телефонии маҳбусон бо наздиконашонро аз байн бурда, маҳбусони аз 50-сола боло ва онҳоеро, ки ҷинояти вазнин содир накардаанд, озод кунанд", - гуфта шудааст дар дархости Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон.

Дар наворе, ки шоми 10 май наздикони Абдулфайз Раҷабов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, дида мешуд, ки майит селофанпеч аст ва вақтк ки рӯйи ӯро боз мекунанд, осори шиканҷа дар гулуву гардан ва руяш дида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта писари соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов гуфта буд, вазъи саломати падараш дар зиндон бад шуда, "нишонаҳои монанд ба коронавирус"-ро дорад. Хайрулло Саидов аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар замони пандемияи коронавирус маҳбусони синнашон аз 60-сола болоро озод кунанд.

Айни чунин дархостро наздикони бархе аз маҳбусони тоҷик низ аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ кардаанд. Дар номаи онҳо иддао шудааст, ки "теъдоди гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар зиндонҳо ба 200 нафар расид ва вазъи 50 нафари онҳо сангину шароити табобат маҳдуд аст".

Қарор аст, ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки ба Тоҷикистон омадааст, ба парваришгоҳҳои кӯдакону наврасон, хонаҳои пиронсолон рафта, ҳамроҳ бо намояндагони дигар муассисаҳои Созмони Милал бо вазъи зиндонҳо ва паноҳгоҳҳои муҳоҷирон низ ошно шаванд.

То 9-уми май дар Тоҷикистон расман 612 мавриди сирояти сокинон ба коронавирус тасдиқ шуда, дар маҷмуъ, 20 нафар аз ин бемории ҳамагир ҷон бохтаанд. Мақомот мегӯянд, дар бемористонҳои саросари кишвар зиёда аз 4 ҳазору 700 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG