Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки дар назди Идораи молияи Кӯлоб худро оташ зад, қарздор будааст


Бинои Раёсати молия дар минтақаи Кӯлоб

Як марди 62 сола дар назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб субҳи 6-уми июн худро оташ задааст.

Масъулони Раёсати молия ва мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомот мегӯянд, Зариф Абдуллоев, сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдори Кӯлоб ҳоло дар Шӯъбаи эҳёи беморхонаи вилоятӣ дар ҳолати “ниҳоят вазнин” қарор дорад.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки қисмати зиёди бадани Зариф Абдуллоев сӯхтааст ва дар баданаш захмӣ корд низ дида мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз маълум нест, ки худаш ба баданаш корд задааст, ё каси дигар.

Ба нақли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, Зариф Абдуллоев бо Идораи молияи Кӯлоб ҳамкорӣ доштааст ва муассисаҳои томактабии Кӯлобро бо маводи ғизоӣ таъмин мекардааст.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ду моҳ пеш ӯ муфлис мешавад ва Раёсати молия пуле, ки ӯ барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнамегардонад.

“Аз маълумоти расида, Идораи молия гуё ба ӯ ваъда додааст, ки таъминотро аз ҳисоби худ анҷом диҳад ва баъдан пулашро медиҳанд. Ӯ аз пули қарз ин коррро мекунад. Борҳо ба Идораи молия меояд, вале барояш пул барои сарфу харҷи боғчаҳо пешбинишударо намедиҳанд. Шоҳидон гуфтанд, ки аз дари Идораи молия берун мешавад. Аввал бо якчанд зарби корд худашро захмӣ мекунад ва баъдан худашро оташ мезанад”,-гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Як манбаи дигар аз додситонии шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, сардори Раёсати молияи шаҳр Одина Раҳмон ба додситонӣ даъват шуда, баёноташ гирифта шудааст. Ин манбаъ гуфт, ки Зариф Абдуллоев ҳудуди 40 ҳазор сомон аз як ордфурӯши бозори “Сомонӣ”-и шаҳр қарздор будааст ва ӯ пулашро талаб мекардааст. Ба гуфтаи манбаъ, зоҳиран фишорҳои равонӣ боис шудааст, ки ӯ ба чунин кор даст занад.

Пайвандони Зариф Абдуллоев нахостанд дар ин маврид суҳбат кунанд.

Аммо Диловар, яке аз ҳамдеҳагони ӯ, ки аз қазияи огоҳ будааст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қарздорӣ ӯро сахт нигарон карда буд ва барои пардохти қарз моҳе пеш говашро фурухта буд, вале пули он кифоят накард.

Дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки 90 дар сади бадани ин мард сӯхтааст.

Таҳқиқи ҳодисаро муфаттишони додситонии шаҳри Кӯлоб оғоз кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG