Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаҳои инсонии коронавирус. Муҳоҷири тоҷик ҷанозаи модарро аз тариқи видео хонд. САДО


Раҷабмоҳ Раҷабова - модари 75-cолаи Эгам Маҳмудов.

Пандемияи коронавирус, ки дарҳои кишварҳои зиёдеро ба рӯи ҳам баст, ҳавопаймоҳои зиёдеро ба замин нишонд, иртибототи заминиву ҳавоиро барои муддати номуайяне қатъ кард, сабаби фоҷиаҳои инсоние ҳам шуд, ки аз чашмҳову матбуот дур мондааст.

Яке аз ин фоҷиаҳо ва воқеиятҳои талхи риққатоваре, ки як муҳоҷири тоҷик аз Маскав ба Радиои Озодӣ нақл кард ва хост дарди дилашро дигарон ҳам бишнаванд. Эгам Маҳмудов, сокини шаҳри Хуҷанд рӯзи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски натавонист, дар ҷанозаи Раҷабмо Раҷабова модари 75-солааш ширкат кунад, намози ҷанозаи ӯро аз тариқи иртиботи видеоӣ хонд, то ба макони ахират гусел кардани модарашро бубинад.

Эгам Маҳмудов, худаш ба воситаи ИМО ба Радиои Озодӣ занг зад ва сӯҳбаташро бо он шурӯъ кард, ки дилаш буғз гирифтааст ва мехоҳад, додашро бишнаванд. Модари ӯ рӯзи 12-уми апрел даргузаштааст. Эгам Маҳмудов аз он гила кард, ки ба сабаби роҳҳои баста натавонист, ба Тоҷикистон ба ҷанозаи модар биравад.

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, намози ҷанозаи модарашро бо видео хонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
Линки мустақим


Эгам Маҳмудов: «Мо худамонро зада нишастем, додамонро ба кӣ мегӯем, ба кӣ. Сарҳадро гузашта нашавад, ҳавопаймо нафиристонанд. Ман 40-cола шудам, бародарам ба 60 расиданд, аз мусофирӣ, аз поидани роҳи мусофирон модари пирам чашмонаш чор шуд, гузашт. Мо дар ҷанозааш ширкат карда натавонистем.”

Радиои Озодӣ: Шумо панҷ бародар дар кадом шаҳр ҳастед?

Эгам Маҳмудов: “Як нафари мо дар шаҳри Владивосток, як нафарамон дар Маскав, як нафар дар Новосибирск. (мегиряд) Ду нафарамон дар Уфа. (гиря) Ман кӯча баромада натавонам, ҳайронам, намедонам, арзи диламро ба кӣ гӯям. Намедонам....”

Радиои Озодӣ: Яъне ҳамаатон аз тариқи иртиботи видеоӣ ҷанозаи модарро хондед?

Эгам Маҳмудов: “Ман аз бачаҳо илтимос кардам, ки ман ҳеҷ кор карда наметавонам, дар ҷаноза ширкат карда наметавонам, аз тариқи ҳамин видеоӣ аққалан барои модарам ният кунам. Модарам маро чиҳил сол бузург кард, роҳ поид, аққалан бубинам, ки мардум ҷамъ шудаанд, мардуми Тоҷикистон чӣ гуна ҷанозаи модари маро мебаранд. Ду соат пеш намози ҷанозаашро хондам дар ҳаминҷо. Чаҳор кас хондем.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар кадом шаҳр ҳастед? Дар Маскав?

Эгам Маҳмудов: “Дар Маскав. Дар Маскав.”

Радиои Озодӣ: Чанд вақт боз модаратонро надида будед?

Эгам Маҳмудов: (нола мекунад) “Чӣ хел ҷавоб диҳам ба шумо. Бародарам 8 сол боз надидаст. Ман 1 солу 7 моҳ боз надидам. Якто уко (бародари хурдӣ) тақрибан 2 сол боз надида буд. Якто акоям як сол боз надида буд. “

Радиои Озодӣ: Мебахшед сокини куҷо ҳастед?

Эгам Маҳмудов: “Ман сокини шаҳри Хуҷанд.”

Радиои Озодӣ: Номатон Эгам Маҳмудов?

Эгам Маҳмудов: “Бале номам Эгам Маҳмудов.”

Радиои Озодӣ: Дар Русия чӣ кор мекунед? Сохтмон, ё ягон ҷойи дигар?

Эгам Маҳмудов: “Сохтмон, сохтмон.”

Радиои Озодӣ: Чӣ мехостед, муроҷиати шумо чӣ буд?

Эгам Маҳмудов: Муроҷиати ман ҳамин ки ҳадди аққал ба мо муҳоҷирон камтар, камтарак эътиборам диҳанд. Мисли ман медонед, чандто ҳастанд? Ҳазорҳо ҳазор. Ман барин ҳазорҳо ҳазор. Дарди дили маро кӣ мешунавад. Ҳаминро ба шумо гуфтанӣ будам, ако.

Радиои Озодӣ: Тассалияти моро қабул кунед, Худо ҷойи модари шуморо ҷаннат кунад.

Эгам Маҳмудов: “Раҳмат.”

Шарҳҳоро бинед (56)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG