Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо ба паллаҳои нобаробар дар Рӯзи кормандони адлия


Рамзи адолати додгоҳӣ
Рамзи адолати додгоҳӣ

Дар Тоҷикистон ба ду палаи тарозуи адолат, ки рамзи адли додгоҳӣ аст, нигоҳи баробар надоранд.

Бархе аз огоҳони низоми додгоҳии кишвар аз набуди адолату мустақилият дар кори додрасҳо садо баланд мекунанд, вале мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, “судяҳо дар доираи қонун фаъолият мекунанд”.

ҲУКМ, ҚАРОР, ҲАЛНОМА. БАҲСИ ҲАМЕШАГӢ ДАР МАТБУОТ

26-уми октябр дар Тоҷикистон рӯзи кормандони мақомоти судӣ аст. Бар асоси конститутсия додгоҳ дар Тоҷикистон мустақил буда, ба шохаи қонунгузор‑порлумон ва шохаи ҳокимияти иҷроия‑ҳукумат тобеъ нест. Нозирон мегӯянд, низоми кунунии додгоҳҳо дар Тоҷикистон зери назари ҳукумат амал мекунанд.

Адолати додгоҳӣ ва мустақилияту дахолат ба кори додрасҳо аз масъалаҳоест, ки бештар мавриди баҳсу баррасии сокинон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад. Шикояти сокиноне, ки ҳукм, қарор ва ҳалномаҳои додгоҳиро ноодилона мехонанд, аз мавзуҳои баҳси ҳамешагӣ дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоист. Дар ин баҳсҳо иддао мешавад, ки додрасҳои тоҷик мустақил нестанд.

Тоҳир Қодирзода, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 23-юми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мустақилият ва адолати додгоҳӣ дар кишвар вуҷуд дорад ва шикоят аз қарорҳои судӣ наметавонад бозгӯкунандаи воқеият бошад.

“Табиати кори судӣ ҳамин аст, ки наметавонад ҳамеша ҳама ҷонибҳоро розӣ кард. Барои ҳамин вақте суд санади судиро қабул мекунад, як ҷониб норозӣ мешавад ва норозигии худро дар шакле ифода мекунанд, ки гӯиё ҳангоми қабули қарор ба судҳо касе таъсир расонида бошад”,‑мегӯяд ин додраси тоҷик.

Қодирзода афзуд, таҷрибаи беш аз 30 солаи кор дар мақомоти судиро дорад ва то ҳол ягон мансабдор ё ниҳоде ба кори ӯ дахолат накардааст.

КОРШИНОС ДОДРАСҲОРО МУСТАҚИЛ НАМЕДОНАД

Бархе ҳуқуқшиносон ва додрасони собиқ бар ин назаранд, ки пойбандии мақомоти додгоҳӣ аз дигар ниҳодҳо ва риоя нашудани адолати додгоҳӣ солҳои ахир бештар ба назар мерасад.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, дар низоми додгоҳӣ беҳбудиеро намебинад ва ҳоло баръакс фишору супориш болои додрасҳо зиёд шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки ҳукми тулонии чанде аз соҳибкорону фаъолони сиёсӣ, ки парвандаашон борҳо расонаӣ шудааст, нишон медиҳад, адолати додгоҳӣ дар кишвар риоя намешавад.

Роҳ наёфтани расонаҳо ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мурофиаҳои пурсарусадо ва норӯшан боқӣ мондани ҷӯзъиёти парвандаҳо барои ҷомеа, аз мушкилиҳоеянд, ки ба назари ҳуқуқшинос адолати додгоҳиро зери савол гузоштааст. Ҳакимов афзуд, низоми додгоҳии кишвар ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва дар гузашта иқдомҳое, ки анҷом шудааст, натиҷа надодаанд.

Чунин иддаоро дар Додгоҳи олии Тоҷикистон беасос дониста гуфтанд, ҳоло чаҳорумин барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар амал мекунад, ки дар низоми додгоҳӣ беҳбудиҳоеро ба вуҷуд овардааст.

ДОДРАСҲО ХАТО НАМЕКУНАНД?

Коршиносон мегӯянд, дар пай шикояти зиёди сокинон аз кори додрасҳо, бекор кардани қарорҳои додгоҳӣ аз сӯи зинаҳои болоии додгоҳӣ кам сурат мегирад, зеро пойбандии як додрас ба додраси болоӣ вуҷуд дорад.

Тибқи оморҳои расмӣ, аз ҳудуди 120 ҳазор парвандае, ки дар маҷмӯъ ҳамасола мавриди баррасии додрасҳо қарор мегиранд, танҳо наздики 150 парванда пас аз шикояти сокинон, аз сӯи зинаҳои болоии додгоҳӣ бекор карда мешаванд.

Додраси собиқ Ватан Абдураҳмонов мегӯяд, дар кори додрасҳо вобастагии як додрас аз як мақоми баландпоя ё додраси зинаи болоӣ ба назар мерасад.

Абдураҳмонов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаҳо аз сӯи додрасҳо ҷиддӣ омӯхта намешаванд ва шаффофият дар кори онҳо на ҳамеша таъмин мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки “гоҳе судяи зинаи якум қабл аз ҳалномаро баровардан бо судяи зинаи дуввум маслиҳат мекунад, баъдан парвандаро дуруст наомӯхта қарор содир мекунад, ки набояд чунин бошад. Ин дахолати судяҳои суди болоӣ ба зинаҳои поёнӣ аст”.

Ба назари коршиносон, порагирӣ ва ё ришваситонӣ миёни баъзе кормандони мақомоти судӣ аз омилҳоест, ки ба ноадолтиву нақзи ҳуқуқи сокинон оварда мерасонад. Масъалаи ришваситонӣ миёни кормандони мақомоти додгоҳӣ борҳо дар сатҳҳои гунон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

ВАҚТЕ МАОШ 1500 ТО 2000 СОМОНИСТ...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2019 дар як мулоқоташ бо додрасҳо, аз ҷумла гуфта буд, ки дар даҳ соли гузашта 25 додрас ба гуноҳи ришвахорӣ аз вазифа барканор ва 16 тани онҳо ба зиндон маҳкум шуданд.

Тоҳир Қодирзода, додраси Додгоҳи олӣ мегӯяд, мутассифона миёни кормандони мақомоти додгоҳӣ амалҳои коррупсиони ҷой доранд ва барои пешгирию бартарафсозии чунин зуҳурот чораҳои гуногун, аз ҷумла машғулияту семинарҳо анҷом медиҳанд.

Ба қавли Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик, кам будани маоши додрасҳо, боис ба сар задани омилҳои коррупсионӣ мешавад ва барои пешгирӣ аз он зурур аст, маоши додрасҳо зиёд карда шавад.

“Ҳоло маоши додраси одӣ аз 1500 то 2000 сомонӣ аст, ки бо ин маош чӣ гуна метавонанд зиндагӣ кунанд?”,‑‑суол мегузорад Абдураҳмонов.

Ватан Абдураҳмонов мегӯяд, дар баробари шароити хуби корӣ ва маоши беҳтар, масъалаи даст задан ба коррупсия аз виҷдони ҳар як додрас низ вобастагӣ дорад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, миёни кормандони мақомоти додгоҳӣ афроди бовиҷдону пойбанд ба адолату қонун аст, вале чунинҳо ақалиятро ташкил медиҳанд ва наметавонанд таъсиргузор бошанд.

Рӯзи 26-уми октябр чанде аз адвокатҳо низ гуфтанд, ҳоло дар мурофиаҳои додгоҳӣ исбот намудани бегуноҳии сокинон душвор шудааст, зеро додрасҳо ба парвандаҳо якҷониба бархурд намуда, ба делелҳои пешоварда ҷиддӣ муносибат намекунанд. Чунин иддаоро дар Додгоҳи олии Тоҷикистон беасос хонда, гуфтанд, муносибати додрасҳо дар чаҳорчӯби қонун ба ҳамаи иштирокчиёни мурофиаҳо беғаразона мебошад.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 450 додрас кор мекунад. Додрасҳои тоҷик аз ҳаққи масуният ва ё дахлнопазирӣ бархурдоранд ва боздошту кофтукоби хонаи онҳо бидуни соқит кардани дахлнопазириашон мумкин нест. Ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳоро дар айни содир кардани ҷиноят дастгир кунанд.

XS
SM
MD
LG