Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот шумори беморони COVID-19-ро 661 ва ҷондодагонро 21 нафар эълон кардаанд


Мақомоти Тоҷикистон баъд аз як рӯзи танаффус омори нави гирифторон ва фавтидагон аз бемории ҳамагири COVID-19-ро эълон карданд.

Вазорати тандурустӣ 11-уми май гуфт, дар ду рӯзи ахир 49 мавриди нави сироятшавии сокинон ба коронавирус ошкор шудааст. Бо ин рақам теъдоди умумии гирифторон расман ба 661 кас расид.

Талафот аз беморӣ дар ду рӯзи ахир як нафар зиёд шудааст. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, дар маҷмуъ, беш аз 21 нафар аз бемории ҳамагир ҷони худро аз даст доданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти чандин нафар гузориш дода мешавад ва дар Интернет рӯйхати ғайрирасмии фавтидагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш пайдо шудааст.

Иддае ба омори мақомот бо шубҳа менигаранд, чун Вазорати тандурустӣ то ба ҳол ба чанд суоли муҳим, аз ҷумла дар бораи шурӯи беморӣ ва чӣ гуна ошкор шудани нахустин гуруҳи гирифторон посух надодааст.

Инчунин, мақомот ҳар дафъа дар бораи зери назорати пизишкон будани тақрибан панҷ ҳазор кас дар шифохонаҳои кишвар гузориш медиҳанд, аммо намегӯянд, ин афрод бо гумони гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ ҳастанд, ё илтиҳоби шуш ва ё маризии дигар. Ба ин монанд дар бораи рухсат шудани садҳо бемор аз шифохонаҳои кишвар ҳам гузориш мешавад, аммо маълум нест, онҳо аз чӣ беморӣ шифо ёфтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел мегуфтанд, ки дар кишвар бемории ҳамагир ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид.

Аз рӯйи омори гирифторон дар миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон дар зинаи чаҳорум аст. То 11-уми май дар Қазоқистон 5138, дар Узбекистон 2453 ва дар Қирғизистон 1016 мавриди сироятшавии сокинон ба коронавируси нав ошкор шудааст.

Аммо омори талафот аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон дар муқоиса ба Узбекистону Қирғизистон бештар аст. То ин дам дар Узбекистон 10 ва дар Қирғизистон 12 мавриди фавтиди беморонро сабт кардаанд, вале дар Қазоқистон шумори қурбониён нисбат ба Тоҷикистон зиёдтар аст. Дар онҷо аз ин беморӣ 31 нафар фавтидаанд.

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи душанбе дар баёнияе гуфт, якҷо бо ҳукумат "ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми чораҳои заруриро амалӣ мекунанд".

"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват карда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд", - омадааст дар баёнияи вазорат.

Ҳукумати Узбекистон низ рӯзи 8-уми май гурӯҳе аз мутахассисони вирусшиносро барои кумак ба Тоҷикистон фиристод ва Вазорати умури хориҷӣ гуфтааст, ки Чин ҳам қасд дорад, барои муқобила бо беморӣ ба Тоҷикистон бо мутахассисону доруворӣ кумак расонад.

Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии дору ба мушоҳида мерасад. Ҳарчанд расонаҳои давлатӣ гузориш медиҳанд, ки мақомот ва соҳибкорону афроди алоҳида ба беморон ва пизишкон дору ва васоили тиббӣ дастрас кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (24)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG