Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 чизи донистанӣ: Кӣ ба Тоҷикистон чӣ кумак кард? ВИДЕО


Чанде аз кишвару созмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 миллионҳо доллар кумак карданд. Ёрии баъзе аз давлатҳо аз тестҳои санҷиши беморӣ, хӯрокворӣ, дору ва либосҳои муҳофизатӣ иборат буд.

Бино ба иттилое, ки то ҳоло расонаӣ шудааст,

  • Олмон 1 миллион евро
  • Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар
  • Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар
  • Амрико 2 миллиону 566 ҳазор доллар
  • Иттиҳоди Аврупо 48 миллион евро
  • Русия ва Чин беш аз 20 ҳазор донаӣ тест ё маводи санҷиши коронавирус
  • Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 600 ҳазор доллар

кумак кардаанд.

  • Сандуқи Байналмилалии Пул 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз додааст ва бояд дар муддати 10 сол баргардонд.
  • Дар суратҳисоби вижаи COVID-19 дар Вазорати молия низ беш аз 11 миллион сомонӣ хайрияи сокинон ҷамъ шудааст.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳамвора аз шеваи тақсими кумакҳои башардӯстона норозиянд. Бисёриҳо мегӯянд, кумакҳо ба эҳтиёҷмандон нарасидааст ва мепурсанд, ки куҷо шуд?

Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, ду ҳафта пеш гуфта буд, "супориш додем, тамоми он маводе, ки ба шифохонаҳои шаҳру навоҳӣ фиристода мешавад, чӣ аз ҳисоби кумакҳои хайрия ё аз ҳисоби буҷаи давлат, ҳамаи онро дар сайти вазорат нишон диҳем".

Бо гузашти ду ҳафта аз ин гуфтаҳо дар сомонаи вазорат дар бораи тақсими кумакҳо маълумоте нест.

Кӣ ба Тоҷикистон чӣ кумак кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Расонаҳои давлатӣ бештар аз ирсоли корвони кумакҳои башарӣ аз номи президент, аъзои хонаводааш ва бархе аз ширкатҳо, аз ҷумла "Авесто Груп" гузориш доданд.

Сарчашмаи ин кумакҳо маълум нест. Корбарон дар навори хайрияи "Авесто Групп" парчами Чинро диданд ва ширкатро муттаҳам карданд, ки хайрияи Чинро аз номи худ тақсим мекунад.

"Авесто Групп" изҳор дошт, ки молҳои хайрияаш бо кумакҳои Чин омехта шудааст.

Айни замон гуруҳҳои алоҳида барои кумак ба пизишкон ва оилаҳои камбизоат дар шароити коронавирус маблағ ҷамъ меоранд ва баъзе идораҳо маоши худро ба суратҳисоби давлатии мубориза бо бемории ҳамагир мегузаронанд.

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми май аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд. Вай айни замон ба мақомоти Вазорати тандурустӣ ва масъулони шифохонаҳо гуфт, пулҳои буҷа, ёриҳои байнулмилалӣ ва соҳибкорону хайрхоҳонро сарфакорона харҷ намоянд. Мақомот ҳанӯз дар ин замина гузориш надодаанд.

ХАБАРУ ГУЗОРИШҲОИ БЕШТАРРО ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР ИНҶО БИХОНЕД

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (30)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG