Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи печида. Чӣ гуна муҳоҷири тоҷик дар Русия "террорист" шуд?


Диловаршо Шарифов

Бахши русии Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми март навишт, ки Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии 2-юм дар Русия шаҳрванди Тоҷикистон Диловаршо Шарифовро бо гуноҳи тарҳи ҳамла ба кӯдакон ва даъвати оммавӣ барои фаъолиятҳои ифротгароӣ ба чаҳордаҳ соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Шарифов ҳамвора тарҳи ҳамла ба кӯдаконро дар рӯзи 1-уми сентябри соли 2017 дар Маскав ва байъат бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” рад намудааст.

Вай ҳангоми мулоқот бо вакили мудофеъ ва ҳамчунин дар мурофиаҳо гуфтааст, дар бозпурсии аввал зери шиканҷа ба номаи худиқрорӣ имзо гузошт ва матнеро, ки маъмурони интизомӣ барояш доданд, дар назди дурбин хонд. Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, барои гунаҳкор шинохтани ин шаҳрванди Тоҷикистон далели кофӣ доштанд.

Печидагиҳо дар парванда

Диловаршо Шарифовро охири моҳи августи соли 2017 дастгир карданд. Дар бештар аз ду соли ахир парвандааш ду дафъа дар додгоҳ муҳокима шуд.

Дар муҳокимаи аввал маъмурони пулис, ки гӯё барои боздошти “террорист” ба корманди ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия кумак карда буданд, фарзияҳои тафтишотро барбод доданд. Он вақт Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи Маскав маҷбур шуд, парвандаро барои баррасии дубора ва рафъи камбудҳо баргардонад.

Баъд аз он муфаттиши ФСБ шоҳидонро дигарбора бозпурсӣ намуд ва, ба қавли вакили мудофеи Шарифов, ҳамаи онҳо баёноти худро тағйир доданд. Вакил мегӯяд, ҳарчанд додгоҳ ҳукмро содир кард, ҳамоно дар қазияи нафари зери ҳимояташ камбудҳо ва суолҳое беҷавоб мондааст.

Акси Диловаршо Шарипов дар нашрияи "Московский комсополец", 1-уми сентябри соли 2017
Акси Диловаршо Шарипов дар нашрияи "Московский комсополец", 1-уми сентябри соли 2017

Оғози моҷаро аз куҷост?

Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ, Диловаршо Шарифов – шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон – дар сохтмоне дар маҳаллаи Артеки канори Маскав кор мекард. Ҳар моҳ 30 ҳазор рубл маош мегирифт ва 20 ҳазор рублашро ба зану ду кӯдакаш ба Тоҷикистон мефиристод.

Вай дар мулоқот ба вакили мудофеъ гуфтааст, саргардонии ӯ баъди он шуруъ шуд, ки соли 2014 бародари калонияш ба Сурия рафт ва пас аз се соли он афви ҷангҷӯён дар Тоҷикистон ба миён омад. Он замон модари Диловаршо аз ӯ хостааст, бародарашро ёбад, то бо истифода аз ин фурсат ба кишвар баргардад.

Шарифов нақл кардааст, ки дар ҷустуҷӯи бародари худ ба гурӯҳи “Роҳнамо ба Давлати исломӣ” дар шабакаи интернетии Зелло ворид шуд, ба умеде ки садои ӯро дар онҷо мешунавад. Дар ин гуруҳ асосан тоҷиконе ҷамъ шуда будаанд, ки ё аллакай дар Сурия буданд ва ё барои рафтан ба онҷо омодагӣ медиданд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи майи соли 2017 ба ин гуруҳ ворид шудааст.

Баҳси фарзияи аввал

Бино ба фарзияи аввали тафтишот, кормандони идораи умури дохилии “Нахабино” – Василий Колтачихин ва Евгений Малигин – Диловаршо ва ҳамсояашро шаби 30 ба 31-уми август дар маҳаллаи Артеки канори Маскав барои ҷанҷолу дашномгӯӣ дастгир кардаанд. Баъди як рӯз, 1-уми сентябри соли 2017, ба Хадамоти федеролии амнияти Русия аз Интерпол дар бораи ду видео дар Ютуб нома расида, қазияи ӯро ҷиддӣ намудаст. Дар он видеоҳо гӯё Шарифов ба ДОИШ байъат карда, ҳамла ба “кӯдакони кофирро” эълон намудааст.

Боздошти Диловаршо Шарипов. 31-уми августи 2017
Боздошти Диловаршо Шарипов. 31-уми августи 2017

Вакили мудофеъ Фирӯза Камолова мегӯяд, пулис Шарифовро наздикиҳои нимашаби 30-юми август дастгир кард, вале навори байъати ӯ ба ДОИШ ва таҳдиди ҳамла ба кӯдакон баъди дастгир шуданаш, соати 1-и шаби 31-уми август, дар Интернет гузошта шуд.

Шарифов ба вакили мудофеъ Камолова гуфтааст, шаби 30-юми август ба вагоне, ки дар онҷо мезист, панҷ-шаш нафари ниқобпӯш ворид шуда, ба латту кӯби ӯ ва ҳамсояаш шуруъ карданд. Дертар маҷбур намудаанд, дар навор матни навиштаи онҳоро бихонад. Вай гуфтааст, зери фишору таҳдидҳо ва шиканҷа ва бо маслиҳати адвокат Олег Кропотин дар ҳузури тарҷумон Маъмура Эгамбердиева зери баёноти худиқрорӣ имзо гузошт.

Шиканҷа ҳаст? Нест?

Ӯ дар бораи шиканҷа шуданаш ба адвокат ва тарҷумон ҳам хабар додааст, вале дар варақи бозпурсӣ ин нуктаҳо ҷой наёфтаанд.

Олга Фирсова, ёвари пизишк дар “Лефортово” ҳангоми тартиб додани санад осори шиканҷаро дар сару рӯй ва бадани Диловаршоҳ Шарифов, аз ҷумла сиёҳии зери чашму харошаҳо дар бадан дида, вале дар санад навиштааст, ки Шарифов ҳангоми боздошт афтодааст.

Трофим Гриднев, муфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими раёсати тафтишотии ФСБ, дар ин замина фарзияи худро дорад. Ӯ мегӯяд, Шарифов ҳангоми тамрини гуштӣ осеб дидааст. Шарифов мегӯяд, ки ҳеч гоҳ ба гуштӣ машғул набуд.

Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ, “дар аксҳое, ки дар матлаби нашрияи "Московский комсомолец", дар бораи боздошти террорист хабар дода мешуд, чеҳраи Шарифов комилан покиза аст. Маълум мешавад, сиёҳӣ баъди гирифтани акс пайдо шудааст.”

Дар муҳокимаи дувум чиро ба ёд оварданд?

Дар муҳокимаи аввал ҳама чиз омехта шуд. Дар он муҳокима маъмурони пулис – Малигин ва Колтачихин – гуфтанд, ки Шарифовро як гурӯҳи ёрирасон ба кормандони ФСБ дастгир карданд. Дар ҳоле ки гуфта мешуд, маъмурони пулис Шарифов ва ҳамсояашро барои ҷанҷолу дашномгӯӣ дастгир карда, баъди як рӯзи он ФСБ ӯро ёфтааст.

Вале муфаттиш Гриднев барои муҳокимаи дувум омодагии хуб дидааст. Маъмурони пулис Малигин ва Колтачихин ва майори ФСБ Дойко шаҳодати худро пурра дигар карданд. Онҳо гуфтаанд, пештар ҳодисаро хуб дар ёд надоштанд ва ҳоло ҷузъиёташро ба ёд оварданд.

Бино ба фарзияҳои нав майори ФСБ Дойко шаби боздошти Шарифов дар маҳалли зисти ӯ ҳузур дошта, аммо нияти дастгир кардани ӯро надоштааст. Фақат мехостааст, маълум кунад, ки ҳисоби корбарӣ дар Зелло ба кӣ тааллуқ дорад.

Дойко дар додгоҳи дувум гуфтааст, барои кумак маъмурони пулиси минтақаро даъват карда буд ва вақте ба вагон даромаданд, худро муаррифӣ намуду касеро ҳам назад. Ба қавли ӯ, худи Шарифов дар телефони “Самсунг”-аш гуруҳи Зеллоро ба онҳо нишон дода, якбора ба дашном гузаштааст ва маъмурони пулис ӯро дастгир намудаанд.

"Онҳоро ба Тоҷикистон мефиристем, ҳама гапро мегӯянд"

Майори ФСБ дар додгоҳ гуфтааст, телефонро ба Шарифов баргардонда буданд ва ӯ ё дар роҳ ва ё дар идораи умури дохилӣ фурсат ёфтаву видеоҳоро дар Интернет гузоштааст. Вай афзуда, ки агар ин видеоҳо пайдо намешуданд, ният дошт Шарифовро фақат барои нишастан дар гуруҳи ифротӣ ба Тоҷикистон ихроҷ кунад.

“Мо чунин таҷрибаро дорем. Вақте чунин афродро пайдо мекунем, нусхаи саҳифа, шумораи телефон ва паёмҳои садоиро гирифта, ба ҳамкорони тоҷики худ месупорем. Давомашро онҳо дар кишвари худ баррасӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон ин гуна одамон ҳама чизро нақл мекунанд. Ягон бор нашудааст, ки мо фиристода бошему чизе нагуфта бошанд.”

Далелҳо рад шуданд, чаро?

Фирӯза Камолова мегӯяд, додгоҳи дувум аз оғоз мавқеи абйдоркуниро дошт ва як навъ мурофиаи НКВД буд, на додгоҳ. Ба гуфтаи ӯ, додрасҳо ба баёноти ҳамсояи Шарифов, ки видеоӣ аз Тоҷикистон баромад кардааст, аҳамият надодаанд. Додрасҳо гуфтаанд, шаҳодати ӯ ба далели носозгорӣ ва ноҳамоҳангии далелҳо наметавонад ба унвони шаҳодати муносиб эътироф шавад.

Вакили мудофеъ мегӯяд, додгоҳ ба далеле, ки телефони Шарифов то соати 2-и шаби 31-уми август дар маҳалли зисташ дар Артек буд, на дар идораи умури дохилии "Нахабино", низ таваҷҷуҳ накардааст. Шарифов бовар дорад, ки дар ин муддат майор Дойко фурсат ёфтааст, наворҳои забтшударо аз телефони ӯ дар Интернет гузорад.

Дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик ва шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Русия аз парвандаҳои сохта ва иттиҳоми бофта ба зидди онҳо шикоят карда буданд. Чанде аз ин муҳоҷирон ҳангоми амалиёти маъмурони ФСБ кушта шудаанд. Фаъолони ҳуқуқи инсон баъзе аз ин амалиётҳоро саҳнасозишуда медонанд, вале мақомоти Русия ба ҳақ будани худ пофишорӣ мекунанд.

Дар Русия тақрибан як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG