Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо барои аз Тоҷикистон бурдани шаҳрвандони Русия ба таъхир афтод.ВИДЕО


Ҳавопаймои Уралские Авиалинии дар Душанбе.
Ҳавопаймои Уралские Авиалинии дар Душанбе.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки се парвози чартерӣ барои берун баровардани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистонро барои муддати номуайян ба таъхир андохтаанд. Сафорати Русия дар Душанбе рӯзи 29-уми апрел хабар дод, ки парвозҳое, ки аз 30-уми апрел то 3-уми май барномарезӣ шуда буд, барои муддати номаълум ба таъхир андохта шудаанд, чун гуфтугуҳо барои омадани ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон бо мақомоти Душанбе идома доранд.

Сабабҳои таъхир гуфта нашудааст. Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии ширкати ҳавоии “Уралские авиалинии” дар Тоҷикистон мегӯянд, ки парвозҳо танҳо барои интиқоли шаҳрвандони Русия аст ва онҳо ба Тоҷикистон бидуни мусофир парвоз мекунанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то ҳол ҷониби Русия барои анҷоми чунин парвозҳо иҷоза дарёфт накардааст.

Масъулини намояндагии ширкати “Уралские авиалинии” дар Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳол дастуре дар бораи анҷоми ин парвозҳоро дарёфт накардаанд. Вале, ба гуфтаи онҳо, мусаллам аст, ки ин парвозҳо ба Тоҷикистон бидуни мусофир анҷом мешаванд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки шаҳрвандони тоҷик набояд фирефтаи харидории билетҳо барои парвоз ба Тоҷикистон шаванд. Дар ҳушдори сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта шудааст: “Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба маълумоти ҳамватанон мерасонад, ки парвози ҳавопаймоҳои пешбинишуда, ин хатсайрҳои чартерӣ буда, аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Россия, танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Россия (хоҳишмандон) аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ташкил карда мешавад, ки пас аз иҷозати ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад”.

Русия шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон ба ватан бармегардонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Парвиз Наҷмиддинов, як масъули маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан то ҳол Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон барои анҷоми се парвози чартерии ҳавопаймоҳои Русия иҷозат надодааст. Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 Тоҷикистон аз 15-уми моҳи март иртиботи ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷиро қатъ кардааст.

Рӯзи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки ба манзури берун овардани шаҳрвандонаш се парвоз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Новосибирск, Сургут, Екатеринбург ва Москваро анҷом медиҳад. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки ин парвозҳои чартерӣ танҳо барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон анҷом дода мешаванд ва муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ба ватан интиқол намедиҳанд.

Парвиз Наҷмиддинов, сухангӯи вазорати умури хориҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тоҷик то ҳол дархости ҷониби Русия барои анҷоми ин парвозҳоро дарёфт накардааст ва ба ин далел наметавонад ин мавзӯъро шарҳ диҳад. “Аммо, ба сурати як сабаби эҳтимолӣ метавонам бигӯям, ки шояд сабаби ин тасмим вазъи эпидемиологӣ дар Русия бошад, ки теъдоди зиёди мардум гирифтори бемории COVID-19 мебошанд” афзуд вай.

Русия беҳтар ё бозгашт ба Тоҷикистон

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки феълан ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия барояшон беҳтар аст. “Агар онҳо ба Тоҷикистон оварда шаванд, барояшон бояд ҷойи карантин ва муолиҷа пайдо кард. Дар Русия шароити онҳо беҳтар аст, зеро муҳоҷирони кории сохтмончиро феълан аз бемориҳо муолиҷа мекунанд ва барои ин кор созмонҳои байналмиллалӣ маблағ ҷудо кардаанд. Ин муҳоҷирон агар ба Тоҷикистон баргарданд, маълум аст, ки онҳо бепул ҳастанд ва дар зиндагиашон дар ватан барояшон мушкил эҷод мешавад. Аз ин рӯ ҳоло ҳузури онҳо дар Русия барояшон беҳтар аст”, гуфт Раҳмон Ӯлмасов.

Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикони муқими Русия бар ин назар аст, ки беэътиноӣ ба сарнавишти даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия гуноҳи бузурги мақомоти тоҷик аст. Вай мегӯяд, ки “мақомоти тоҷик танҳо аз тарси коронавирус намехоҳанд муҳоҷиронаш ба ватан баргарданд. Зеро, ҳатто барои карантин кардани онҳое, ки бо се ҳавопаймо метавонистанд, ба ватан баргарданд, аз 600 то 900 ҷой даркор аст. Агар мақомоти тоҷик бозгашти онҳоро мехостанд, онҳо метавонистанд ба мақомоти рус фишор оваранд, ки муҳоҷиронро бо ин ҳавопаймоҳо биёранд, вале ин корро накарданд”, мегӯяд хонум Ҳамроқулова.

Виктор Шустов, ҳунарманди сирки Русия, ки тӯли ду моҳи ахир дар сирки Душанбе ҳунармандӣ мекард, 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран намояндаҳои сафорати Русия дар Тоҷикистон бо вай дар тамос шуда, барои парвоз даъват кардаанд. Аммо, вай мегӯяд, ки тасмим гирифтааст бо ин парвозҳо ба ватан барнагардад. Вай гуфт: “Ман ҳамроҳи ҷонварони сирк аз роҳи заминӣ ба ватан бармегардам. Зеро, мо аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Қирғизистон вориди Тоҷикистон шудем ва бояд аз ин масир баргардем. Ман ҳамроҳи як корманди дигари сирк бо ҷонварҳо то замони боз шудани роҳи заминӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонем."

Роҳи заминӣ ё ҳавоӣ?

Ҳамроҳ бо гурӯҳ 9 нафари ҳунармандони сирки Русия дар Тоҷикистон дармондаанд. Нейла Шустова, ҳунарпешаи сирк ва хонуми Виктор Шустов мегӯяд, ки наметавонад, ҳамроҳи шавҳараш ба ватан баргардад. Сабаби ин амрро вай чунин шарҳ дод: “Ҳамроҳам ду кӯдаки хурдсол аст. Онҳо наметавонанд, тӯли ду ҳафта дар мошини боркаш то ба Русия сафар кунанд. Аз сафорати Русия ба ман занг зада гуфтанд, ки омодаи парвоз бошам. Умедворам, дар зудтарин фурсат ба хонаам парвоз мекунам”.

Роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз омодагӣ барои қабули ҳавопаймоҳои Русия хабар медиҳад. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки кормандони фурудгоҳ омода ҳастанд, ҳавопаймоҳоро қабул кунанд ва барои бозгашт ба Русия омода созанд: “Сар аз хадамоти истеҳсоливу тиҷоратӣ, қабул ва пешвози ҳавопаймо, хизматрасонӣ, таъминот бо маводи сӯхт, ҳамаи хадамот дар ҳолати омодабош қарор доранд, мо дар ин самт ҳеҷ мушкиле надорем”.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди афроде, ки дорои душаҳрвандии Тоҷикистону Русия ҳастанд, даҳҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва ҳанӯз рӯшан нест, ки чунин афрод ба парвозҳои чартерии Русия роҳ дода мешаванд ё не. Дар намояндагии ширкати ҳавоии “Уралские авиалинии” дар шаҳри Душанбе мо шоҳиди он будем, ки даҳҳо нафар, ки худро шаҳрвандони Русия муаррифӣ мекарданд, талош доштанд, шомили феҳрасти мусофирони парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия шаванд.

XS
SM
MD
LG