Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов коронавирусро эътироф кард


Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Рӯзи 3-юми апрел президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аввалин бор расман калимаи "коронавирус"-ро ба забон овард, дар ҳоле ки ду рӯз пеш аз ин мақомоти туркман истифодаи ин калимаро дар матбуот ва гуфтугӯ манъ карда буданд.

Дар як ҷаласаи ҳукумат, ки аз телевизион намоиш дода мешуд, Бердимуҳаммадов гуфт, "коронавирус ҷаҳонро тиккаву пора карда истодааст" ва ин ба иқтисоди кишвараш зарба хоҳад зад.

Раисиҷумҳури туркман ҳамчунин гуфт, ки барои пешгирӣ аз густариши беморӣ дар кишвари худ аз чораҳои шадид кор хоҳад гирифт. Аммо на ӯ ва на мақомоти дигари Туркманистон дар бораи мавҷудияти мавридҳои гирифторӣ ба бемории КОВИД-19 чизе нагуфтанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон охири моҳи март истифодаи калимаи "коронавирусро"-ро дар кишвар манъ карданд. Ин ибора на танҳо дар расонаҳои давлатӣ, балки дар варақаҳои иттилоотие ҳам истифода намешавад, ки дар мактабҳову беморхонаҳо тақсим мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, гуфтугӯ дар кӯча дар бораи коронавирус метавонад, сабаби боздошт ва бозпурсӣ шавад.

"Бо манъ кардани калимаи "коронавирус" дар расонаҳо ахбори ом, санадҳои давлатӣ ва гуфтугӯҳо дар бораи он мақомот мардуми худро зери хатар мегузоранд," - навишт созмони Хабарнигорони Бидуни Марз рӯзи 1-уми апрел.

Талоши пинҳон доштани мавзуъ дар ҳоле сурат мегирад, ки аввалин мавридҳои гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Туркманистон ҳанӯз аввали моҳи март ошкор гашта буд.

Чанд манбаъ дар бахши тандурустии Туркманистон он вақт гуфта буданд, ки олудагии камаш ду нафар ба коронавирус тасдиқ шудааст ва онҳо дар як беморхонаи канори шаҳри Ишқобод нигаҳдорӣ мешаванд.

Корманди беморхонаи воқеъ дар деҳаи Чоганлӣ рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ду бемор дар карантин ҳастанд ва онҳоро дар ҳуҷраҳои махсус зери чораҳои шадиди тиббӣ нигоҳ медоранд.

Аз он вақт гирифта, дар Туркманистон зиёда аз бист маркази нигаҳдории карантинии беморон муқаррар карда шуд ва равуои мардум дар байни шаҳру деҳот ва вилоятҳо манъ гашт.

Дар сурати ногузирии сафар аз шаҳрвандоне, ки мехоҳанд аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд, бояд дар бораи мубтало нашуданашон ба коронавирус маълумотнома пешниҳод кунанд.

Дар нимаҳои моҳи март, дар яке аз паёмҳои телевизионияш Бердимуҳаммадов ба шаҳрвандон тавсия дод, ки аз дуди ҳазориспанд ҳамчун василаи пешгирӣ аз вируси нав истифода кунанд. Президенти Туркманистон 13-уми март гуфт, ки ба бовари вай, ҳазориспанд давои "чандин дард аст".

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG