Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз мавҷи танқидҳо, президент хост, тақсими кумакҳоро назорат кунанд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд.

Вай айни замон ба мақомоти Вазорати тандурустӣ ва масъулони шифохонаҳо гуфт, пулҳои буҷа, ёриҳои байнулмилалӣ ва соҳибкорону хайрхоҳонро сарфакорона харҷ намоянд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомот ва гуруҳе аз пизишкон рӯзи 20-уми май дар Душанбе баргузор шуд.

То ин дам чандин кишвару созмонҳои байнулмилалӣ эълон карданд, ки барои муқобила бо бемории ҳамагир ба Тоҷикистон кумак фиристоданд, вале ҳамоно аз шифохонаҳо аз камбуди васоили ҳифозати шахсӣ ва маҳлулҳои беҳдоштӣ гузориш мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон ошкор нагуфтаанд, ки то ин дам чӣ қадар ёрӣ гирифтанд ва ба шифохонаҳо чӣ қадар кумак карданд. Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, "супориш додем, тамоми он маводе, ки ба беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ фиристода мешавад, чӣ аз ҳисоби кумакҳои хайрия ё аз ҳисоби буҷаи давлат, дар сайти вазорат нишон диҳем."

​Ҳар рӯз телевизиону хабаргузориҳои давлатӣ гузориш медиҳанд, ки ширкату муассисаҳои гуногун “бо пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи пешвои миллат” ба ин ё он шифохона васоили муҳофизатӣ харидаву тақсим карданд.

Дар ин миён дору ва васоиле, ки ширкати “Авеста Груп” тақсим кард, баҳси доғеро барангехт, чун дар байни онҳо кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дида шуд.

Билофосила баъд аз ин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ширкати “Авеста Груп”-ро ки ба гуфтаи мухолифони давлат қисме аз саҳмияҳояш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва писари Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ба он муттаҳам карданд, ки кумаки хайрияи дигаронро гирифта, аз номи худ тақсим мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар суҳбат бо гуруҳе аз пизишкон дар Душанбе гуфт, то имрӯз ба суратҳисоби вижаи мубориза бо COVID-19 ёздаҳ миллион сомонӣ ворид шудааст. "Инчунин, ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 29 миллион сомонӣ ҷудо гардид", - афзуд ӯ.

Вай барои идомаи мубориза бо бемории ҳамагир 11 чораи иловагӣ пешниҳод кард, ки аз омода кардани мутахассисони бемориҳои сироятӣ, таъмини пизишкон бо васоили муҳофизатӣ, истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахш ва кори шабонарӯзии доруфурӯшиҳо иборат аст.

Президент Раҳмон ҳамчунин аз пизишкон хостааст, "ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд" ва "ба савганди касбии худ содиқ бошанд".

Амон Муҳаммадӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон тақрибан панҷ моҳ фурсат дошт, ки ин барномаҳоро амалӣ кунад, аммо накард ё тавонашро надошт. "Албатта, ҳамагуна пешниҳод дар ин шароит хуб аст, вале бояд панҷ моҳ пеш омодагӣ мегирифтанд. Барои иҷрои пешниҳодҳои ахири президент ба камияш аз ду моҳ то як сол фурсат зарур аст. Ин барои оянда аст. Имкон надорад, ки дар як шаб мутахассисони бемориҳои сироятиро омода кард ва ё аз гиёҳе дармон сохт."

Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти коронавируси навро 30-юми апрел эътироф карданд. То он дам фавти пайиҳам ва афзоиши беморон дар шифохонаҳои кишварро ба бемории илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Коронавирус то 19-уми май ба тақрибан ду ҳазор кас сироят карда, боис ба марги 41 нафар шудааст. Аммо дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш номи тақрибан сесад нафар ҷамъ оварда шудааст.

Дар ҳоле ки сокинон аз густариши босуръати беморӣ нигаронанд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 20-уми май гуфт, "дар ҳоле ки карантин эълон накардаем, шаҳрвандон бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ овардааст". Чизе, ки ба қавли бархе аз сокинон бовар карданаш феълан мушкил аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (37)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG