Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ узви Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд. Қадами баъдӣ кадом аст?


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари калонии президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумон -- интихоб шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар овоздиҳии рӯзи 27-уми март 217 вакил аз Душанбе ба ҷонибдорӣ аз ӯ рой доданд. Ба ҷуз вай, чаҳор нафари дигар аз ноҳияҳои пойтахт узви Маҷлиси Миллӣ интихоб шуданд.

Мухолифон ҳузури зиёди хешутабори раиси ҷумҳурро дар мақомҳои давлатӣ танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар мансабгирии наздикони президент робитаи хешутаборӣ нақши муҳим дорад. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад кардаанд.

Бисёре аз сиёсатшиносону таҳлилгарони тоҷик пешбинӣ мекунанд, ки мумкин аст Рустами Эмомалӣ дар ояндаи наздик раёсати палатаи болоии порлумонро ба уҳда бигирад ва амалан ба нафари дувум дар кишвар табдил ёбад.

Мувофиқи қонунҳо, раиси Маҷлиси Миллӣ дар Тоҷикистон шахси дуюм дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст. Дар сурати корношоям ва ё салби салоҳияти президент то баргузории интихоботи нав раиси Маҷлиси миллӣ вазифаи президентро иҷро мекунад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2000-ум инҷониб Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси Миллӣ аст.

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, ки Рустами Эмомалӣ бори аввал шомили он шуд, 33 курсӣ дорад. Бисту панҷ узви Маҷлиси миллӣ аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро президент таъин мекунад.

Президентҳои собиқи Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ ҳастанд. Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев, президентҳои пешин, аз дунё гузаштаанд. Маҳкамов то замони дар қайди ҳаёт будан узви Маҷлиси миллӣ буд.

Рустами Эмомалӣ аз моҳи апрели соли 2017 вакили маҷлиси Душанбест. Вай дар моҳи январи соли 2017 ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Аз як мансаб ба мансаби баландтар таъйин шудани Рустами Эмомалӣ интиқодҳоеро ба бор овардааст, ки то куҷо ин таъйинот шоистасолорона аст.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 ба ҷойи генерал Сӯҳроб Қосимов раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва то ба ҳол дар ин мақом кор мекунад.

Бархе аз нозирони вазъ Рустами Эмомалиро яке аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон медонанд. Интихобот тирамоҳи имсол баргузор хоҳад шуд. Вале на худи ӯ ва на падараш дар бораи иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд. Аммо расонаҳо борҳо гуфтаанд, ки тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ширкати Рустами Эмомалӣ дар интихобот сурат гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир Озода Раҳмон, фарзанди дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон узви Маҷлиси Миллист.

Домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" мебошанд.

Зарина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси “Ориёнбонк” ​ва духтари дигараш Рухшона Раҳмонова муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст.

Шамсулло Соҳибов, домоди дигари раиси ҷумҳур, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андоз номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.

Бег Сабур, қудои президент, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух додааст, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро барои саркӯби дигарандешон ва маҳдудиятҳои озодии баёну эътиқод танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо ва нирӯгоҳҳоро аз комёбиҳои раиси ҷумҳур медонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (34)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG