Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбоз ба дуздӣ айбдор шуд. Модараш мегӯяд, фармондеҳон гунаҳкоранд. ВИДЕО


Шарифхон Назаров.

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон ду сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба иттиҳоми дуздии чорвои сокинон, ба зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 18-уми июн содир шуд, Шарифхон Назаров 5 сол ва Меҳроҷ Саидов шаш моҳро дар зиндон сипарӣ хоҳанд кард. Вакили дифоъ ва волидони яке аз маҳкумшудаҳо аз ҳукм норозиянд ва мегӯянд, ки Шарифхон Назаров бо дастури афсарони неруҳои марзбон ба чунин кор даст задааст. Назари фармондеҳони қисми ҳарбӣ дар ин робита то ба ҳол дастрас нашудааст.

Шарифхон Назаров моҳи апрели соли гузашта ба хизмат даъват шуда, дар оғоз дар ноҳияи Панҷ қарор дошт ва сипас ба қисми низомии 0307 воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол ёфт. Ӯ соҳиби зану фарзанд ва сокини деҳаи Зарнигори ҷамоати Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон аст.

Ба ривояти Саъбагул Холбобоева -- модари Шарифхон Назаров, вақте моҳи июли соли гузашта ба аёдати писараш ба қисми марзбонӣ рафтанд, бо вуҷуди бениёзӣ, ӯ аз онҳо 200 сомонӣ талаб кард. Ба гуфтаи Саъбагул Холбобоева, рӯзи дигар фарзанди нахустини Шарифхон вафот кард ва вақте писараш ба хона омад, фармондеҳаш занг зад, ки "200 сомонӣ кам аст, бояд 5000 сомонӣ биёрад".

Хонаводаи Шарифхон Назаров ба ин бовар ҳастанд, ки бо таҳрики фармондеҳони қисми ҳарбӣ, ӯ ва як ҳамхизматаш бо номи Меҳроҷ Саидов дар фосилаи чанд моҳ дар маҷмӯъ 18 сар говро аз Балҷувон дузида, дар бозори Восеъ фурӯхтанд ва пулашро ба фармондеҳон доданд.

Ин марзбон моҳи феврали имсол аз сӯи милисаи Балҷувон боздошт шуд ва парвандааш дар ихтиёри Додситонии ҳарбии Кӯлоб қарор гирифт.

Модари ин сарбоз иддао дорад, ки ҳамхизмати писараш Меҳроҷ Саидов ва низ ронанда Тадбир Шералиев дар ин ҷиноят даст доранд, аммо додгоҳ онҳоро нимсолӣ ҳукм дод ва писари ӯро панҷ сол маҳкум ба зиндон кард. "Дар додгоҳ гуфтанд, ки инҳо зарарро барқарор карданд, аз ин рӯ ним солӣ доданд, аммо барои бачаи ман панҷ сол ҳукм содир карданд",-гуфт мусоҳиби мо.

Сарбози говдузд ҷазо гирифт. Модараш мехоҳад фармондеҳаш ҳам ҷазо гирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Абдулмаҷид Раҳмонов, вакили дифои Шарифхон мегӯяд, дар ин кор ду афсари қисми марзбонӣ ҳам даст доранд. Вай афзуд, ҳамаи ин ҳолатҳоро ба додгоҳ пешниҳод карданд, вале дархосташон рад шуд. Ӯ гуфт, аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

"Дар ин ҷо ду афсар ҳам тамаъҷӯӣ кардаанд. Ҳамаи инро напазируфтанд ва ҳам нагузоштанд, ки зерҳимояаман гап занад",- гуфт мусоҳиби мо.

Вакили дифоъ ва волидони Шарифхон Назаров ҳоло мегӯянд, ки агар қазияаашон одилона баррасӣ нашавад, ба президент шикоят мебаранд.

Алишер Рафиқзода, додраси Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон ва додраси парвандаи Шарифхон Назаров, Меҳроҷ Саидов ва Тадбир Шералиев дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки танҳо дар сурати ворид шудани дархост, роҷеъ ба ҷузъияти ин парванда суҳбат хоҳад кард. Судяҳо одатан вақте шарҳ додани ҳукм душвор аст, чунин талабро ба миён мегузоранд.

Номи ду афсар, ки гӯё Шарифхон Назаров ва ҳамроҳони ӯро ба ин кор таҳрик доданд, маълум аст. Онҳо ба тамосҳои пай дар пайи мо посух надоданд ва назарашон ба қазия маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки сарбозони марзбонӣ баъди супориши афсарон даст ба чунин кор мезананд. Моҳи декабри соли 2019 мақомоти интизомии Тоҷикистон Файзулло Раҳимов, як масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро дастгир кардаанд. Ӯ ба "суистифода аз мансаб" ва "берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ", мутаҳам мешуд. Боздошт ин афсар баъди кӯшиши худкушии Ҳусниддин Тоҳиров, сарбози қисми ҳарбии "0307", марбут ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сурат гирифта буд.

Манобеъ дар Додситони ҳарбии Хатлон он замон гуфтанд, ки капитан Файзулло Раҳимов, иҷрокунандаи сардори Комендатураи қисми ҳарбии 0307-и Қушӯнҳои сарҳадӣ ба сарбоз ва як афсари дигар беш аз 1000 сомонӣ дода, гуфтааст, аз зодгоҳашон ду гӯсфанд биоранд. Аммо онҳо бо ин нарх гӯсфанд наёфтаанд ва ҳангоми хабар додан дар ин бора таҳдид шунидаанд. Сарбоз замони бозгашт дар Кӯлоб аз мағоза об ва сирко гирифта, дар яке аз ҳоҷатхонаҳои бозор хӯрдааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG