Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "сукут" дар бораи коронавирус дар Тоҷикистон дигарбора авҷ гирифт


Галина Перфилиева гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ тасдиқ накардааст, ки дар Тоҷикистон бемории COVID-19 вуҷуд надорад.

Хабарҳои зиддунақизи тарки мақом кардани раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон баҳсҳо атрофи нақш ва масъулияти Галина Перфилева дар бӯҳрони коронавирусро доғ кард.

Мунаққидон ин намояндаи муассисаи Созмони Милалро дар амиқрафти бӯҳрон дар Тоҷикистон гунаҳгор медонанд, чун ба гуфтаи онҳо изҳороти вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар бораи “набудани” коронавируси нав дар Тоҷикистонро тасдиқ ва бо ин аҳолиро гумроҳ кард. Худи Перфилева баъдан гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ҷое “нанавиштааст”, ки коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Як қишри дигар бар ин назар аст, ки масъулияти густариши босуръати вирус, ки беш аз 500 нафарро бемор ва 14 нафарро ҳалок кард, маҳз ба дӯши раҳбарон ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон аст.

Галина Перфилева, раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон бо собиқаи 17-солаи кор дар ин сохтор ва се даҳсола кор дар арсаи тандурустӣ дар чанд ҳафтаи ахир дар маркази таваҷҷӯҳи матбуот ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Овозаҳо дар бораи тарки мақом карданашро ба вебсайти Sputnik.tj ба синнусоли нафақа рабт дод ва таъкид кард, ки дар ин мақом муваққатӣ ифои вазифа мекард. Як мақоми тоҷик низ муқаррароти шашмоҳаи муваққатии кори Перфилеваро тасдиқ кард ва гуфт, агар ҳам ӯ тарки мақом бикунад, сабабаш дар анҷоми шартномаи кор ва синнусоли ӯ аст, ки кор дар Созмони Милалро иҷоза намедиҳад.

Худи Перфилева таъкид мекунад, ки ҳоло ин ҳама хабарҳо аҳамият надорад ва муҳим ин аст, ки кори ҳайати созмон дар Тоҷикистон халалдор нашавад. Ҳайати коршиносон рӯзи 1 май вориди Тоҷикистон шуд, то вазъи густариш ва муқобила бо коронавируси навро мавриди омӯзиш қарор бидиҳад. Танҳо як рӯз пеш аз омадани онҳо мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки вирус ба кишвар роҳ ёфтааст.

Ҷустӯҷуи "гунаҳкор"- и асосӣ?

Хабарҳо дар бораи эҳтимоли базудӣ тарки мақом кардани Перфилева чанд рӯз баъди он паҳн шуд, ки рӯзи 5-уми май Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз мақомаш сабукдӯш шуд. Дар шарҳи барканории вазире, ки ба набуди коронавируси нав дар Тоҷикистон пойфишорӣ мекард, гуфта нашуд, ки то куҷо ин тасмим ба кӯтаҳиҳои эҳтимолӣ дар кору тасмимгириҳои ӯ рабт дорад. Вазири нав Ҷамолиддин Абдуллозода, ки дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “вазъ таҳти назорат аст” ва тамоми муассисаҳои беҳдоштӣ шабонарӯзӣ кор мекунанд ва “як мақсад ҳаст, ки ҳамин ваборо дар ҳамин кишвар пушти сар кардан”.

Корбарони зиёде, ки шабакаҳои иҷтимоиро макони аслии изҳори назарҳо қарор додаанд, аз набуди шаффофият дар кори мақомот, адами иттилои дақиқу фарогир дар заминаи тадбирҳову иқдомҳои гирифташуда дар ситоди ҷумҳуриявӣ барои муқобила бо коронавирус, набуди тамос бо ҷомеа ва ҳам надоштани як дафтари матбуотии посухгӯ ба саволҳои журналистон дар ситод интиқод мекунанд.

Парвина Ибодова, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон метавонист, сари вақт мисли ҳамсояҳои наздиктаринаш Узбекистону Қирғизистон амал бикунад, ки пеш аз Наврӯз дар моҳи март карантин ва ҳолати фавқулоддаро ҷорӣ карданд.

Ӯ мегӯяд: “Он замон мо дар ҳолати беҳтар будем ва барои ҷорӣ кардани чораҳои профилактикӣ фурсат доштем. Вақте мардум зери зарба аст, ҳеҷ як мақсад ё далел баҳона шуда наметавонад: бенизомиву таҳлука ҳамаро пур кард, як сохтор ё шахсе ба намояндагӣ аз давлат нест, ки мисли дигар кишварҳо бо мардум гап занад, шарҳ диҳад, ором бикунад”

Сукуте, ки вазъи беморро "бадтар" мекунад

Парвина Ибодова, кишварҳои дигарро мисол овард, ки президентону нахуствазирон ва дигар мақомҳои баландпоя ва дафтарҳои матбуотӣ ҳамарӯза аз вазъи мубориза бо беморӣ дар кишварҳояшон гузориш медиҳанд: “Ин чиз аз доруву табиб кам нест. Дар мо комилан баръакс аст. Дар бораи кори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва вокуниши он, агар эҳсосотро як сӯ гузорем, мефаҳмем, ки гап дар чист. Ин мушкили онҳо не, мушкили мо аст. Бале, созмон чизеро то охир нагуфт ва барои ин бояд ҷавоб диҳад. Вале дар маҷмӯъ мушкил дар онҳо нест…”

Соҳибназарон мегӯянд, ки мақомоти тоҷик ба пинҳон кардани хабари коронавирус пардохта, даст аз маъракаҳои серҷамъияти мисли таҷлили Наврӯз даст накашиданд ва зоҳиран ба мавқеи раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам таъсиргузор шуданд. Аз назари Питер Леонард, хабарнигори eurasianet.com, “Намунаи Чин барои созмон дарс нашуд. Мисли Пекин, Душанбе ҳам чандин ҳафта вуҷуди мушкили коронавирусро рад мекард ва раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон иҷоза дод, ки ӯро дар амалиёти фиреби ҳукумат истифода кунанд. Ин як ҳолати дилрешкунанда аст, вақте мебинам, ки беэътиноӣ ба вазифа ба мардуми тоҷик чӣ андоза осеб расонидааст”.

Ин рӯзноманигори ғарбӣ мегӯяд, ҷомеаи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ёрии зиёди молӣ пешкаш кардааст, ки барои нармтар кардани бӯҳрони сиҳатӣ ва ҳамчунин мушкилоти марбут ба бекориву амнияти ғизоӣ равона шудааст ва ин мушкилот, ба гуфтааш, дар дарозмуддат як чолиши ҷиддии Тоҷикистон хоҳад буд.

“Ҳукумат бояд аз рӯи адолат ва шаффофият амал кунад, то ки ин захираҳо барҳадар наравад ва ё дуздида нашавад. Ҳар як доллар ва сомонӣ бояд ҳисоб карда шавад. Мақомот бояд ӯҳдадор шаванд, ки ҳамеша ба шаҳрвандон, журналистон ва донорҳо дар бораи пулҳои сарфшуда гузориш диҳанд” - гуфт Питер Леонард.

Дар баҳогузорӣ ба бархӯрд бо бӯҳрон дар Тоҷикистон таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов гуфт, дар кишвар ҳукумат ва мақомҳои баландпоя бидуни назардошти андешаи коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарорҳоро қабул мекунанд.

“Ниҳодҳои таҳлилии мисли Маркази таҳқиқоти стратегӣ ё академия, инчунин гурӯҳҳои таҳлилии ғайридавлатӣ ба раванди тасмимгирӣ таъсир расонида наметавонанд. Яъне ҳукумат ҳамин бархӯрдро (ба бӯҳрони коронавирус) муайян кард ва дар бораи паёмадҳо наандешид. Перфилева ба ин тасмимгириҳо таъсир расонида наметавонист. Ягона гуноҳи ӯ он аст, ки вай ба ин бархӯрд бе назари танқидӣ муносибат кард. Яъне рақамҳое, ки шубҳанок буданду касе ба онҳо бовар намекард, ӯ аз онҳо тарафдорӣ кард. На танҳо ҳамчун як шахсият, балки ҳамчун як созмони бонуфуз. Яъне маълумоти шубҳаноки вазорати тандурустиро тасдиқ кард. Ин айби асосии вай аст”, гуфт Муллоҷонов.

"Сел ба хонаи мо намеояд"

Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳоло фурсати он аст, ки мақомот паёмад ва ояндаро биандешанд, то бӯҳрон амиқтар нашавад: “Агар мо аз моҳи март карантини сахт ҷорӣ мекардем, то охири апрел метавонистем, чораҳоро сабуктар кунем, вале бархӯрди мо дигар буд… Аллакай зарба ба иқтисод ва тиҷорати калону хурд зада шуд…”

Муллоҷонов мегӯяд, ки Тоҷикистон танҳо аз роҳи кӯмакҳои молии байналмилалӣ акнун ҳаракат карда метавонад, бояд барои пуштибонӣ аз бизнеси хурду миёна ва андозситонӣ сабукиҳо ва қишри ниёзманди ҷомеа ёриҳои пулӣ равона кунад, то аз таниши иҷтимоӣ пешгирӣ шавад.

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ мегӯяд, пандемияи коронавирус ва бархӯрди мақомот мисли он буд, ки “маҷрои об аз соҳил берун мешаваду, соддалавҳе дари ҳавлиашро баста мегӯяд, ки об ба хонаи ман ворид намешавад”. Ӯ мегӯяд, пандемия барои мақомоти тоҷик имтиҳони ҷиддии мудирият дар ҳолати бӯҳронӣ ва эътимоди ҷомеа гардид.

Шарҳҳоро бинед (38)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG