Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тести COVID-19. Чаро натиҷаи аслии ташхисро ба беморон ё шифоёфтагон намедиҳанд? САДО


Худдории озмоишгоҳҳо аз додани натиҷаи ташхиси тестӣ ба гирифторони COVID-19 нигаронии афроди сироятдидаро бештар кардааст. Онҳо мегуянд, пизишкон бо ҳар баҳона натиҷаи ташхисро намедиҳанд ва бо ин ҳуқуқи беморонро поймол мекунанд. Иддаое ки мақомот рад мекунанд ва мегуянд, сироятшудаҳо бо СМС-паёмак огоҳ карда мешаванд. Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, беҳтар аст натиҷаи ташхис ба беморон дар шакли асл (чопӣ) дода шавад. Бархе ҳам мегӯянд, ин ҳолат боиси мухолифат миёни коргару корфармоён низ шардидааст.

Дилором номи мустаори як сокини шаҳри Душанбе аст, ки пас аз шифо ёфтан аз COVID-19 се ҳафта аст, ки натавонистааст натиҷаи ташхисашро аз озмоишгоҳ гирад. Вай дар як ширкати хусусӣ кор мекунад ва мегӯяд, вақте барои натиҷаи ташхис ба озмоишгоҳ муроҷиат кард, барояш гуфтанд, ки онро танҳо ба табиби оилавияш медиҳанд.

Аммо дар дармонгоҳ ё поликлиникаи маҳалли зист ба ӯ гуфтанд, онҳо то ҳануз натиҷаи ташхиси ӯро нагирифтаанд ва наметавонанд дар варақаи корношоямӣ ӯро ҳамчун нафари сироятшуда ба COVID-19 бинависанд. "Вақте ман дар озмоишгоҳи марказӣ тест супоридам, баъди се руз бароям занг зада гуфтанд, ки натиҷаи ташхис мусбат аст. Баъди ин ман аз пайи табобат шудам ва дар хона муолиҷа кардам. Вақте сиҳат шуда ба кор баргаштам, аз ман натиҷаи ташхисро пурсиданд. Дар лаборатория ба ман онро надоданд".

Чаро натиҷаи ташхиси COVID-19-ро намедиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Мисли Дилором афроди зиёде, ки даҳшати COVID-19-ро аз сар гузарондаанд, шикоят мекунанл, ки барояшон натиҷаи ташхисҳоро намедиҳанд. Аммо мақомот мегуянд, смс-паёмак дар бораи натиҷаи мусбат кофист. Далеле, ки ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, наметавонад корфарморо дар бораи сиҳатии корманд қонеъ кунад.

Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолиии Тоҷикистон рузи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати мусбат будани натиҷаи ташхис ба телефони мобилии бемор паёмак фиристода мешавад. Вай гуфт, дар тамоми озмоишгоҳҳо ҳангоми ташхис, шумораи телефони муроҷиаткунандагон сабт мешавад. "Ҳеҷ мушкиле нест, ҳар нафар мехоҳад ба озмоишгоҳ муроҷиат карда, дастрас кунад. Вазорат низ омори расмии гирифторонро дорад ва теъдоди гирифторон тавассути озмоишгоҳҳо ба қайд гирифта мешаванд",- афзуд вай.

Аммо коршиносон мегуянд, беҳтар аст дар чунин шароит натиҷаи ташхис ба беморон ҳамчун санад (коғаз) дастрас карда шавад. Чун ба гуфтаи ҳуқуқшинос Исрофил Бобоҷонзода, муаллифи аввалин китоби дарсии "Ҳуқуқи тиббӣ", на ҳама шароити дарёфт кардани натиҷаи ташхис тавассути телефонро доранд. Ба гуфтаи Бобоҷонзода, бемор ҳақ дорад новобаста ба натиҷаи ташхис онро талаб кунад ва бигирад.

Шикояти гирифторони COVID-19 аз дастрас накардани натиҷаи аслии ташхисҳо дар ҳоле афзоиш меёбад, ки ҳуқуқшинос, Зафар Қурбонов, мегӯяд, ин мушкил метавонад баҳсҳои коргару корфарморо бештар кунад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, бархе бемороне ки баъди табобат ба кор бармегарданд, аз онҳо натиҷаи ташхис талаб мешавад, ки онҳо дар даст надоранд.

Ин вакили дифоъ дар як муроҷиаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазоратҳои тандурустӣ ва меҳнат хостааст, ин мушкили пешомадаро шарҳ диҳанд.

Қонунҳои Тоҷикистон худдорӣ аз додани дилхоҳ маълумот дар мавриди ташхисҳои нафари беморро аз суи табибон ва муасиссаҳои тиббиро манъ кардааст. Ба истиснои ҳолатҳое, ки донистани натиҷаи ташхис метавонад ба равон ва сиҳатии бемор зарар расонад. Аммо ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, натиҷаи ташхиси бемории КОВИД-19, ки аллакай аксари мардум аз оқибатҳои он огоҳ ҳастанд, наметавонад боиси пинҳон кардани санади ташхиси беморӣ бошад.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд озмоишгоҳҳо дар кишвар ҳамаруза имкони санҷиши COVID-19 дар 1200 нафарро доранд. Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 12-уми май гуфта буд, мақомоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 200 то 250 ташхиси коронавирус мегиранд ва ин кам аст.

Ба гуфтаи мутахассисон, рӯзе бояд на камтар аз 3-4 ҳазор ташхиси тестӣ гузаронида шавад, то мавридҳои гирифторӣ бештар ошкор ва густариши он пешгирӣ гардад. Аммо тавре аз шикояти сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум аст, ҳануз ҳам ташхиси тестӣ роҳату осон даст намедиҳад.

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ ҳам навишт, ки духтараш бо нишонаҳои COVID-19 бистарӣ аст, аммо барои ташхиси тестӣ имкон надорад. "Барои супоридани тест, ҳатман бояд имзои сардухтур бо муҳри идора лозим будааст! Ташхис бо иҷозати сардухтур, ин маънои онро дорад, ташхис барои хама нест",- афзуд вай.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, худдорӣ аз додани натиҷаҳои ташхис аз суи озмоишгоҳҳо ва мушкил будани озмоиши тестӣ ба он рабт мегирад, ки мақомот мехоҳанд оморро камтар нишон диҳанд ва ба дасти одамон додани санади ташхис шояд хилофи ин талош бошад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG