Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике, ки Садриддин Айниро ба Африқои Ҷанубӣ бурд


Доктори фалсафа Асадуллоҳ Каримов
Доктори фалсафа Асадуллоҳ Каримов

Васияти падар, ки ҳамеша мегуфт дар ҷустуҷӯйи илм бош, доктори илми фалсафа Асадуллоҳ Каримовро аз деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод (Комсомолободи пешин) то ба шаҳри Преторияи Африқои Ҷанубӣ бурд. Вай ба ин мулк дасти холӣ наомад, балки корномаи Садриддин Айниро армуғон овард. Бо заҳматҳои ӯ Айнӣ дар ин мулки дур аз забони як меросбараш шиносоӣ шуд.

Пас аз нашри силсилаи мақолаҳо, Асадуллоҳ Каримов соли 2019 дар Донишгоҳи Африқои Ҷанубӣ рисолаи докториро дар мавзӯи "Нақши Садриддин Айнӣ дар бедории мардуми тоҷик" ҳимоя кард.

Дар зодрӯзи устод Айнӣ, ки ҳар сол 15-уми апрел таҷлил мешавад, бо Асадуллоҳ Каримов гуфтугӯ доштем, ки чӣ гуна номи адиби бузурги тоҷикро то ба яке аз гӯшаҳои дуртарини Африқо бурд. Ӯ ҳоло устоди коллеҷи Имом Ғаззолии Претория аст ва бо хонаводааш дар ин ҷо зиндагӣ мекунад.

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна андешаи таҳқиқоте дар бораи Садриддин Айнӣ дар Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд ва ба иҷро расид? Ин мавзуъро замоне интихоб кардед, ки он ҷо таҳсили илм мекардед, аммо чаро Айнӣ?

Асадуллоҳ Каримов: Барои онҳое, ки бо таъриху адабиёти тоҷикон ошноӣ доранд, шахсияти Садриддин Айнӣ чун донишманди барҷаста, шоири навпардоз, чеҳраи ҷолибу таърихӣ ва нависандае, ки асарҳояш ба 29 забони дунё тарҷума ва нашр шудаанд, маълум аст. Чунин одамон дар ҳар куҷое ҳастанд, ба ин бузургвор эҳтироми хос мегузоранд. Ман ҳам истисно нестам. Дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди 13 ҳазор километр дур будан аз ватан, устод Садриддин Айниро чун омӯзгори комёб ва як улгу ё намуна дар ҳаёти шахсӣ ва фаъоияти илмии худ эътироф мекунам.

Дар оилаи омузгор ба дунё омадам ва ба раҳнамоии падарам ва дигар муаллимони худ, аз хурдӣ ба омӯзиши адабиёти классик ва навини тоҷик, аз ҷумла осори шайх Саъдӣ ва устод Айнӣ шавқу рағбати беандоза доштам. Падари марҳумам, тамоми умри худро ба тарбияи насли наврас бахшиданд, омӯзгори таърих ва тарбияи ҷисмонӣ буданд ва, дар ниҳоят, то аз дунё реҳлат намудан, мудири мактаби миёна буданд.

Ҳамчунон ки устод Айнӣ дар китоби "Ёддоштҳо" бо эҳтироми хос падари худро ба ёд оварда, хислатҳои накӯи эшонро зикр мекунанд ва гуфтаҳояшонро сабақи фаромӯшнашаванда медонанд, ман низ то ҳаёт боқист, насиҳатҳои падарро фаромӯш нахоҳам кард. Он кас ҳамвора фарзандонро ба омӯхтани илму дониш ташвиқ мекарданд. Барои ҳамин, дар ҳар куҷое, ки ҳастам, барои шиносоии фарҳангу адаби мардуми тоҷик саҳми худро мегузорам.

Пас аз хатми риштаи аспирантураи Донишгоҳи Африқои Ҷанубӣ дар соли 2013, имкон доштам, дар ягон мавзӯи дигаре, вобаста ба ҳолати мавҷуда ва ё гузаштаи қавме ва ё мардуме, таҳсилоти худро дар риштаи доктарантура идома диҳам. Дар он ҳангом ин фикр ба сарам омад, ки чаро мавзуъеро интихоб накунам, ки шинохте барои фарҳангу адабиёти мардуми тоҷик дар назди ҷаҳониён бошад. Сари чанд мавзуъ фикр кардам ва дар ниҳоят ба ин қарор расидам, ки дар бораи "нақши Садриддин Айнӣ дар бедории мардуми тоҷик ва ташкил ёфтани давлати онҳо" кори илмии худро идома диҳам.

Радиои Озодӣ: Мақсад ва муҳтавои пажуҳиши Шумо чӣ буд ва ҳоло онро чӣ гуна идома медиҳед?

Асадуллоҳ Каримов: Мақсади асосӣ аз пажуҳиш муаррифии воқеии мардуми тоҷик ба воситаи чеҳраҳои шинохтае чун устод Айнӣ ба қавму миллатҳои дигар аст, ба хусус онҳое, ки бо фарҳангу таърихи мо шинос нестанд. Муҳтавои рисолаи мо, ки ба забони англисӣ ва арабӣ нашр шуд, фаротар аз корномаи устод Айнист. Чун фарогири таърихи мардуми тоҷик, маънои калимаи "тоҷик" дар тафсири олимон, мардумшиносон ва таърихнигорон ва ҳамзамон нигоҳе ба халқҳои дигари Осиёи Миёна ва ҷуғрофиёи қавмии он аст. Сипас каме бештар сари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар давраи пеш аз даромадани он таҳти султаи Русия таваққуф намуда, дар қисмати дувуми китоб ҳолнома ва корномаву осори устод Айниро овардаам. Бахши асосиро талошу заҳматҳои ӯ барои бедории мардумаш, таъсиси матбуот, таҳияи "Намунаи адабиёти тоҷик", хулоса, талошҳои фидокоронааш барои таъсиси давлати тоҷикон ташкил додааст.

Яке аз нуктаҳои зарурии рисола ба таври илмӣ инкор кардани даъвои ботили баъзе аз халқҳое аст, ки мардуми тоҷики Бухоро, Самарқанд ва атрофи онро бумӣ намедонистанд. Ҳанӯз ҳам касоне ҳастанд, ин ҳақиқати таърихиро эътироф намекунанд. Тоифае аз ин мардум дар замони зиндагии устод Айнӣ ба он кас ва ҷумла мардуми тоҷики ин вилоятҳо фишор оварда, халқҳои аслии сарзамини Мовароуннаҳр будани онҳоро инкор мекарданд. Рисолаи мазкурро дар соли 2019 таҳти роҳбарии профессор Юсуф Даду дар шаҳри Преторияи Африқои Ҷанубӣ, дар Донишгоҳи давлатии ЮНИСА, ба итмом расонидам ва сипас ба воситаи се профессори дигар (ду нафари онҳо аз Африқои Ҷанубӣ ва як нафарашон аз донишгоҳи Кембриҷи Бритония) дар таърихи 11-уми ноябри соли 2019 дар донишгоҳи ЮНИСА ҳимоя намудам.

Радиои Озодӣ: Зимнан, оё осори Айнӣ дар Африқои Ҷанубӣ нашр шудааст, манзурам то омадани Шумо ба ин кишвар?

Асадуллоҳ Каримов: Ба сабаби дурӣ ва робитаи наздики таърихӣ надоштан бо ватани мо, мардуми Африқои Ҷанубӣ дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла осори устод Айнӣ он қадар ошноии зиёд надоранд. Барои ҳамин, яке аз сабабҳои асосии интихоб кардани мавзуъ дар бораи Садриддин Айнӣ ин буд, ки хостам, дар давлати дуру бегона тарғибгари фарҳангу таърихи мардуми худ бошам.

Радиои Озодӣ: Агар корномаи Садриддин Айниро дар ду ҷумла гуфтан хоҳем, чӣ мешавад гуфт? Муҳимтарин коре, ки эшон кардаанд, чӣ будааст?

Асадуллоҳ Каримов: Агар саҳифаҳои зиндагии устод Айниро бар асоси санадҳои таърихӣ ва осорашон варақгардон кунем, он кас бо насиҳати падар пешаи омӯзгориро ихтиёр карданд ва бо вуҷуди сахтию мушкилҳои фаровон то ба охир омӯзгор монданд. Муҳимтарин коре, ки карданд шиносондани мардуми тоҷик дар байни анбуҳи қавии бадхоҳони худию бегона буд. Пеш аз таълифи китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" ва баъди он халқи моро ба дигарон ба таври илмӣ шинос намуданд ва ҳамчунон пайваста насли наврасро ба рафтан ба мактаб ташвиқ намуданд. Ба як ибора гӯем, муаллими миллат буданд.

Радиои Озодӣ: Бахше аз ҷавонону наврасони имрӯза зимни шунидаҳо аз касоне ё ҷое Айниро барҳамзанандаи хатти форсӣ, ҳатто хидматгузори болшевиконе медонанд, ки дар пайи зудудани фарҳанги миллии тоҷикон буданд. Назари Шумо чист?

Асадуллоҳ Каримов: Медонем, ки устод Айнӣ пеш аз инқилоби болшевикҳо барои саводнок кардани мардуми тоҷики Бухоро, хусусан насли наврас, заҳмати фаровон кашидаанд. Баъди 75 чӯб хӯрдан, ба зиндон андохта шуданд. Агар он ҳангом аскарҳои Сурх аз зиндон озод карда, барои муолиҷа ба беморхона намефиристоданд, ба эҳтимоли зиёд бар асари он захмҳои дарднок дармегузаштанд. Барои ҳамин, табиист, ки устод Айнӣ дар зиндагии баъдии худ шукргузори низоми нав буданд ва барои пойдорӣ ва тарғиби низоми онвақта саҳми худро мегузоштанд. Вале ғулом ё бардаи низоми болшевикӣ набуданд. Ҳамчун инсони донишманд дар бораи баъзе масъалаҳо андешаҳои худро доштанд, вале қудрату тавоноии амалӣ кардани ҳар фикру андешаи худро низ дар баробари низоми болшевикӣ надоштанд.

Қарори тағйири хаттӣ форсӣ дар он замон аз тарафи масъулони ҳукумати марказӣ қабул шуда, болои халқ таҳмил гардид. Устод Айнӣ дар ин кор ҳеҷ вақт масъул набуд ва тавони муқобили ин ҳукм буданро ҳам надошт. Агар дар ин кор шарик буданд, чаро тамоми умр ба хатти форсӣ менавиштанд? Мантиқан, агар дигаронро ба коре тарғиб мекунед ва ё ташаббускори коре ҳастед, пас, худ бояд намуна бошед. Дар ин масала тамоман зидди ин усулро мебинем ва ин нишон медиҳад, ки ин туҳмат дар ҳаққи устод Айнӣ буда ва аз як даъвои ботиле беш нест.

Радиои Озодӣ: Ҳоло аз худатон пурсем, ки чӣ гуна ба Африқо афтодед ва он ҷо муқим гаштед?

Асадуллоҳ Каримов: Ҳамчунон ки пештар зикр кардам, ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба омӯхтани илму адаб ва донистани забонҳои хориҷӣ, чун забони арабӣ ва англисӣ рағбати беандоза доштам. Дар соли 2000 ба Африқои Ҷанубӣ, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон омадам ва акнун зиёда аз 20 сол аст, ки дар ин кишвар ҳамроҳи аҳли оила машғули кору таҳсилам. Зимнан ногуфта намонад, ки Африқои Ҷанубӣ 57 миллион аҳолӣ дорад ва танҳо ду дарсади инҳо мусалмонанд. Бо вуҷуди зиёд будани қишри камбизоат, ин кишвар дар ҷиҳати иқтисод яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё дониста мешавад. Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки ба сабаби зиёд будани қавму миллатҳои гуногун дар Африқои Ҷанубӣ, ин давлат дар ҳоли ҳозир 11 забони расмӣ ва давлатӣ дорад. Англисӣ забони гуфтугӯ ва таҳсилу тиҷорат ба шумор меравад.

Радиои Озодӣ: Боз тоҷикистониёне дар ин мулк ҳастанд? Робитае бо онҳо доред?

Асадуллоҳ Каримов: То ҷое ки маълумот дорам ва огоҳам, дар ин давлат ба хусус шаҳри Претория, оилаҳои дигари тоҷик нестанд.

Радиои Озодӣ: Дар ин рӯзҳои вазнини буҳрони коронавирус чӣ ҳол доред?

Асадуллоҳ Каримов: Бадбахтона, ин бемории дунёгир дар ҳоли ҳозир ба ин давлат низ асар кардааст. Зиёда аз 2000 нафар гирифтори он шуданд. Биноан, ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар дар ҳолати гӯшанишинӣ ҳастанд ва ҳамаи муассисаҳои давлатӣ низ таътиланд. Ман ҳам ҳамроҳи фарзандон дар хона буда, тавассути Интернет машғули тадрис ва таҳсилем.

XS
SM
MD
LG