Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Ҳукумат ва мухолифон дар мубориза бо коронавирус


Чӣ гуна Душанбеи расмӣ ва мухолифонаш дар хориҷ барои обурӯёбӣ дар мубориза бо каронавируси COVID-19 рақобат мекунанд?

Хомушии тӯлонии мақомот дар Тоҷикистон бо талошҳои бесобиқае дар мубориза бо COVID-19 дар ҳафтаи гузашта тағйир ёфт. Баъди адами ҳузури дуҳафтаинаи раисҷумҳур дар фазои расонаӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар маҳзари умум рӯзи 20-уми май пайдо шуда, дар боз кардани 4 беморхонаи муваққатӣ дар Душанбе ширкат намуд ва бо кормандони тиб дидор кард.

Суханронии раисҷумҳур комилан ба мубориза бо коронавирус бахшида шуда буд. Президент 11 чораи иловагӣ барои аз миён бурдани камбудҳо ва пешгиирӣ аз паҳншавии вирус дар кишвар пешниҳод намуд. Ин пешниҳодҳо пеш аз ҳама ба таъмин намудани беморхонаҳо бо дорувории лозим ва васоили ҳимоявӣ, омода намудани мутахассисон, истеҳсоли дору, коркарди ваксина ва дигар чораҳо дахл доштанд.

Президент дар мавриди маблағҳои ҷамъовардаи вазорати молия (11 млн сомонӣ), ки аз сӯйи Ситоди ҷумҳуриявӣ истифода мешаванд, суҳбат кард ва аз мақомот талаб намуд, ки омори сироятёбӣ ба коронавирусро пинҳон накунанд ва ба ҳукумат дастур дод, ки масъалаи расонидани ёрӣ ба мардумро таҳти назорат гирад.

Нуктаҳои ёдшуда аз сӯйи раисҷумҳур, бо вуҷуди он ки то куҷо иҷро шуданд ё на, ғайримустақим посух ба интиқодҳое буд, ки давоми ду моҳ аз мақомот мешуд. Мухолифин дар берун ва фаъолони дохили кишвар мақомотро ба он гунаҳкор мекарданд, ки аз ибтидо вуҷуди беморӣ ва омори гирифторонро пинҳон кард, ёриҳои башардӯстонаи кишварҳову созмонҳои хориҷиро аз номи худ туҳфа намуд ва барномаи дақиқи зидди буҳронии муқовимат бо паҳншавии каронавирусро ба ҷомеа пешниҳод насохт.

Бархе аз коршиносон изҳороти президент ва фаъолшавии ӯро ҳамчун посух ба ин гуна интиқодҳо марбут медонанд.

Пирӯзӣ бар мухолифин?

"Ҳадди ақал вокуниши мақомот панҷоҳ дар сад ба интиқодҳои шуда аз сӯйи мухолифин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ман бовар дорам, ки агар фаъолмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохили кишвар, дар шаҳрҳои бузург ва хориҷ аз кишвар намебуд, ҳукумат то кунун хомӯширо ихтиёр мекард",-мегӯяд рӯзноманигори тоҷик Азиз Нақибзод.

Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел комилан вуҷуди коронавирусро дар кишвар инкор мекарданд ва маргу мирро расман марбут ба илтиҳоби дутарафи шуш медонистанд, ки барои ин интиқоди шадид шуниданд.

Мухолифини хориҷ дар симои созмонҳои ҳоло дар Тоҷикистон мамнуи Паймони миллии Тоҷикистон ва ҲНИТ-и мамнуъ дар мавриди нокороии мақомоти Тоҷикистон дар даврони буҳрон усулан таъкид карданд.

Раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар яке мусоҳибаҳои ахири худ бо Радиои Озодӣ ба суоли ин, ки агар шумо мебудед, чӣ гуна бархӯрд мекард, дар мавриди зарурати ташкили "Шӯрои миллӣ" гуфт, ки "харитаи роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии дарозмуддат, миёнамуддат ва кутоҳмуддати ояндаро кор мекард".

Ин суханронии сиёсатмадор боис шуд, ки интиқодоти густардае алайҳи ӯ аз сӯйи доираҳои наздик ба ҳукумат ва коршиносони рӯ ба ҳукумат карда шавад.

"Тарафдору муқобил"

Академик Кароматулло Олимов ва доктори улуми фалсафа Рустам Ҳайдаров дар мақолаи худ ар сайти "Ховар" амалкарди мухолифини Душанбеи расмиро талоши барҳам задани суботи кишвар маънидод карданд.

"Онҳо “мухолифони сиёсии ҳукумати мо” нестанд. Онҳо мухолифон ва ҳатто душманони миллати мо ва давлати моянд. Барои онҳо мафҳумҳои "пойдории давлат", "арзишҳои миллӣ", "муҳаббат ба Ватан" ва амсоли он маънои худро гум кардаанд. Аз навиштаҳояшон бараъло фаҳмидан мумкин аст, ки натанҳо барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон коре намекунанд, балки бисёр мехоҳанд (ва дили торикашон гум мезанад), ки тоҷикон бештар ба ин вирус мубтало шаванду боз ҳам бештар бимиранд, то онҳо имкон пайдо кунанду ба чор тараф ҷор зананд",-менависанд муаллифон.

Баъдтар хабаргузории "Ховар" матлаби дигаре нашр кард, ки дар он ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи ҲНИТ-ро дар барангехтаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ва куштани намояндаҳои зиёиён гунаҳкор кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат дар канори интиқод аз мухолифон, талош дорад нигаронии худро аз ин мушкилот ба намоиш бигузорад. Ҳанӯз 21-уми май шаҳрдории Душанбе аз оғози бунёди бузургтарин бемористони касалиҳои сироятӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки бунёди он дар солҳои 90-ум мутаваққиф шуда буд.

Иттилоъ дода мешавад, ки бемористон аз будҷаи давлат сохта мешавад, вале маблағи умумии он гуфта намешавад. Ҳамчунин мақомот изҳор медоранд, ки ҳадаф доранд шаҳрвандонеро, ки дар кишварҳои хориҷӣ бар асари паҳншавии коронавируси COVID-19 банд мондаанд, бозгардонанд. Пештар бархе аз шаҳрвандони кишвар бо нашри муроҷиатҳои видеоӣ аз мақомот даъват мекарданд, ки мушкили бозгашти онҳоро ба Ватан ҳал кунад.

"Муборизаи маҷозӣ"

Сиёсатшиноси мустақил аз Душанбе ба шарти набурдани номаш, гуфт ки ҳукумати Тоҷикистон фурсат намеёбад, ки ба буҳрон расидагӣ кунад ва аллакай тавони овардани ислоҳоти дар кишварро надорад ва инро мухолифин истифода мекунанд, ки ҳатто ба таври маҷозӣ ҳам ба руҳу равони мардум таъсир мегузоранд.

"Мухолифин дар ин шароит талош мекунанд интиқодҳои худ аз режимро шиддат бахшанд ва ҷонибдори бештар пайдо кунанд, вале онҳо ҳам ҳисобу китоби нодурусти бисёре доранд. Эҷоди ҳукумати мувозии соягӣ дар ин шароит ҳеч маъное надорад. Вале мушкили ҳукумат дар мухолифин нест, дар худии худаш аст – фасод, хешутаборгароӣ ва нотавоние, ки имкон намедиҳад бо буҳрон ба таври муассир муқовимат кунанд",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо. Ба гуфтаи вай, рейтинги ҳукумат дар арафаи интихоботи президентӣ ба таври чашмгир поён рафт, вале намешавад гуфт, ки мухолифин дар хориҷ бисёр маъруф шуданд, зеро аксари шаҳрвандон дар ин бора ҳарф намезананд.

Сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода мегӯяд, ки мақомот иттилои воқеиро ба василаи шабакаҳои расмӣ пешниҳод накарданд ва имкон доданд, ки мардум ба таври оммавӣ рӯй ба интернет биёваранд, ки ин ба нафъи мухолифин шуд. "Вале вазъ дар маҷмуъ баёнгари он аст, ки ҳукумат ба мухолифони ҳушёр ниёз дорад, то имкони бепарвоӣ ба ҳукуматро надиҳанд, вагарна онҳо боз ба "хоби зимистонӣ" мераванд", - мегӯяд сиёсатшинос.

Суханпардозӣ?

Ҳамчунин ҳастанд онҳое, ки изҳороти ҳукуматдоронро баробар ба интиқодҳое медонанд, ки аз ҷониби мухолифин гуфта мешаванд ва дар сатҳи гап маҳдуд мешаванд. Шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев мегӯяд, ки ҳукуматдорон то кунун тасмими мушаххасе нагирифтаанд, ки ба кадом як хулоса бирасанд.

"Ман фикр намекунам, ки ҳамаи ҳарфбозиҳо ба чизи мушаххасе бирасад. Мо танҳо баъд аз гузоштани қадамҳои ҷиддӣ метавонем кадом як хулосае бикунем. Масалан, агар нафареро, ки оморро пинҳон дошта буд ё шеваи мубориза бо коронавирусро интихоб карда буд, ки иштибоҳ буд, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Дар ғайри сурат ин ҳама бозӣ аст",-мегӯяд Мамадшоев.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG