Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия осорхонаи Аёсуфияро ба масҷид табдил дод


Селфигирии одамон дар дохили Аёсуфия дар Истамбул, 2 июли соли 2020

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 10 июл бо имзои як фармон осорхонаи Аёсуфияро ба масҷид табдил дод. Имзои фармон пас аз он сурат гирифт, ки Додгоҳи Истанбул қарори ҳукумати ин кишварро, ки бар пояи он бинои қадимаи Аёсуфия дар соли 1934 ба осорхона табдил ёфта буд, бекор кард.

Ин бинои таърихӣ дар даврони Императории Византия дар соли 537 мелодӣ ҳамчун калисои усқуфи ортодокси юнонӣ сохта шуд. Усмониҳо дар соли 1453 Истанбулро фатҳ ва калисои Аёсуфияро ба масҷид табдил карданд. Аммо пас аз эъломи Ҷумҳурии Туркия аз сӯи Мустафо Камол Отатурк, ҳукумат дар соли 1934 ин онро ба осорхона табдил дод.

Фармони Эрдуғон дар ҳоле бароварда шуд, ки Аёсуфия аз сӯи созмони ЮНЕСКО мероси ҷаҳонӣ номнавис шуда, мавриди эҳтироми масеҳиёни низ қарор дорад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар чанд соли ахир дар пайи табдил кардани ин музейи таърихӣ ба масҷид аст. Вале раҳбарони калисои ортодоксӣ пайваста гуфтаанд, ки ин иморат осори муштараки масеҳиёну мусалмонон аст ва бояд музей бимонад. Вале мақомоти Туркия дар посух гуфтаанд, танҳо Туркия ҳақ дорад, дар ин бора тасмим гирад ва он ба тавсия ва раҳнамоии касе дар умури дохилӣ ниёз надорад.

Юнон ба тағйири ин бино аз музей ба масҷид ва иқдомоти Раҷаб Таййиб Эрдуғон вокуниш нишон додааст. Ин кишвар пас аз хонда шудани оятҳои қуръонӣ дар Аёсуфия дар охирҳои моҳи май, ин иқдомро "озори эҳсосоти динии масеҳиёни ҷаҳон" номид.

Вазири умури хориҷии Юнон ба Туркия ҳушдор дода буд, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ пойбанд бимонад ва "манфиатҳои дохилӣ ва миллӣ"-и худро бар муҳофизат аз биноҳои муҳиме монанди Аёсуфия, ки мероси ҷаҳонӣ аст, бартарӣ надиҳад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳам рӯзи 1 июл аз Туркия хост, то аз тағйири мақоми Аёсуфия худдорӣ кунад. Вай дар сафҳааш дар "Твиттер" навишт, "мо аз ҳукумати Туркия мехоҳем, ки ҳамчунон вазъияти Аёсуфияро чун музей ҳифз кунад то намунае аз эҳтиром ба оинҳо ва таърихи мазҳабҳо дар Туркия бошад".

Шарҳҳоро бинед (24)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG