Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳазор сол осмонро ҷон бояд кандан, то донае дуруст, чун Умари Хайём берун афтад" ВИДЕО


Пайкараи Умар Хайём дар Нишопури Эрон

18-уми май рӯзи бузургдошти Умари Хайём, яке аз бузургтарин донишмандону шоирони форсу тоҷик буд, ки мисли садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон умрашро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст.

Умари Хайём соли 1048 дар Нишопури Эрон ба дунё омада, дар шаҳрҳои Балху Самарқанду Бухоро, Исфаҳон ва Марв, ки ҳоло дар қаламравҳои Афғонистону Узбекистону Туркманистону Эрон ҳастанд, зиндагӣ кардааст. Ӯ соли 1132 дар зодгоҳаш дар Нишопур фавтидааст.

Хабарнигори Радиои Фардо Фурӯғи Рауфӣ доир ба ӯ гузорише таҳия кард, ки ҳамроҳ мехонему мебинем.

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,

Сад бӯсаи меҳр бар ҷабин мезанадаш.

Ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф

Месозаду боз бар замин мезанадаш.

Ин рубоиро касе гуфтааст, ки дар ҳайати Симурғе нишаста, аз Қофи ҳикмат яксара ба таърих, ба ояндаву гузашта, ба рафтагону ҳанӯз н-омадагон ва ба тақдири навъи башар менигарад. Дар таърихи илму адабиёт, ҳар бузургеро аз суханонаш, ё суханони бузургони дигар дар борааш мешиносанд.

Ва ҳоло биёед шамоили Ҳаким Ҳуҷҷатулҳақ Умари Нишопуриро дар ривояти шоири бузург Ҳоқонии Шервонӣ бубинем: “Магар рӯзе Хоҷа бар девон нишаста буд, Умари Хайём даромаду гуфт, эй садри ҷаҳон, аз ваҷҳи 10 ҳазор динори маоши ҳар соли мани кеҳтар боқӣ ба девони олӣ мондааст. Ноибони девонро ишорати балиғ мебояд, то бирасонанд.

Хоҷа гуфт: “Ту ҷиҳати Султони олам чӣ хидмат кунӣ, ки ҳар сол 10 ҳазор динор марсуми ту бояд дод?”

Умари Хайём гуфт: “Во аҷабо, ман чӣ хидмат кунам, Султонро? Ҳазор сол осмону ахтаронро дар мадору сайр, ба шебу боло ҷон бояд кандан, то аз ин осиёбак донаи дуруст, чун Умари Хайём берун афтад ва аз ин ҳафт шаҳри пойболо ва ҳафт деҳи сар ба шеб яке қофиласолори дониш чун ман дарояд. Аммо агар хоҳӣ аз ҳар деҳе дар навоҳии Кошон, чун Хоҷа даҳ-даҳ берун ораму ба ҷои ӯ биншонам, ки ҳар як аз ӯҳдаи хоҷагӣ барояд. Хоҷа аз ҷой бишуд (бархост) сар дар пеш афканд, ки ҷавоб бас пойбарҷой дид. Ин ҳикоят бар ҳазрати Султон Маликшоҳ бозгуфтаанд. Гуфт, биллоҳ, ки Умари Хайём рост гуфт.”

Чӣ фоида донистани ин ки Хайёми файласуфи риёзидони мунаҷҷими қарни панҷум барои назарбозӣ бо лӯъбатони осмонӣ чанд шаборӯз аз фалаки лӯъбатбоз рухсат гирифтааст?

Ва чӣ фоида аз такрор кардани ин ки ӯ чӣ қадр ба пешгоҳи Маликшоҳ мӯҳтараму волоҷоҳ будааст? Ва бо он ҷамъи ҳаштнафара чанд сол дар кори ислоҳи тақвими Ҷалолии Маликшоҳӣ будааст? Ва ё инки ҳикоят карда бошанд, ки Умари Хайём дар таълим бухл дошт ва ончиро медонист, ба тамомӣ ба дигарон намеомӯхт?

Аслан чӣ суд аз донистани ин ки Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ба дарсу риёзиёту нуҷуми ӯ рафтуомаде дошт ва ҳатто ин ки чаро рубоиёташро ибтидо дар маҷолиси Сӯфия мехонданд ва баъдтар чӣ шуд, ки аз онҳо бӯи куфру илҳод шуниданд?

Аммо шояд имрӯз, ки гӯё зодрӯзи Ҳакими Нишопур аст, муҳим ин бошад, ки бидонем, рубоиёти ӯ, яъне оинаҳои ҳикматаш ҳама аз чизе мегӯянд, ки инсон ҳамеша ба он дучор мондаву хоҳад монд. Ҳаркӣ пеш аз ӯ омаду рафт, ҳаркӣ пас аз ӯ буду бошад, дӯсташ душманаш, шоҳу гадои ҳамрӯзгораш ва албатта худаш мегӯяд, ки

“Эй кош, ки ҷойи орамидан будӣ,

Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.

Ё аз паси сад ҳазор сол аз дили хок,

Чун сабза умеди бардамидан будӣ”.

Хайём ситорае дар Каҳкашони фарҳанги ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:31 0:00

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG