Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти сардухтури зоишгоҳи Хуҷанд дар Бемористони касалиҳои сироятӣ


Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд

Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 4-уми июл дар Беморхонаи бемориҳои сироятӣ даргузаштааст.

Навбатдори Раёсати тандурустии Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонум Бузрукова аз рӯзи 30 юми июн то то рӯзи маргаш дар беморхонаи сироятии вилоятӣ бистарӣ буд ва дар ҳамон ҷо вафот кард.

Нодирa, духтари Шоира Бузрукова гуфт, модаркалонаш,- модари Шоира Бузруковаро низ бистарӣ кардаанд, вале ӯ дар бораи бемории модару модаркалонаш чизе гуфтан нахост. Ба гуфтаи ӯ, модараш моҳи декабри имсол 50-сола мешуд.

Сабаби марги пизишки маъруфро мақомот низ расман шарҳ надоданд, вале дар беморхонаи сироятии Суғд, ки ин пизишк бистарӣ буд, асосан беморони гирифтори вируси COVID-19 ва бемориҳои монанд ба ин, мисли илтиҳоби шуш табобат мешаванд. Ин нахустин бемористон дар шимоли Тоҷикистон аст, ки аз аввали моҳи апрел ба низоми карантин гузашт ва то ҳол бо ин низом кор мекунад.

Шоира Бузрукова, арӯси хонаводаи Муҳиддин Хоҷазод, адиби тоҷик аст. Моҳи апрел хабар нашр шуда буд, ки ин адиби тоҷик бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” ҳамроҳи як писараш дар бемористони шаҳрии рақами 2-и Хуҷанд таҳти табобат қарор доранд.

Рӯзи 23-уми апрел Шоира Бузурокова ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки бемории Муҳиддин Хоҷазода аз сармохуриву гулӯдард сар шуд ва аҳволи саломатиаш дар беморхона беҳтар гардидааст.

Табибон гуфта буданд, ки писари адиб низ бо таб ва нишонаи “илтиҳоби шуш” бистар гардид, вале беҳбуд ва сиҳат ёфт.

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки “илтиҳоби шуш” ҳамон коронавирус аст, ки мақомот ба хотири кам нишон додани теъдоди сироятёфтагон ва ҳам бар души давлат нагирифтани табобати беморон чунин номаш мебаранд.

Бо вуҷуди ташхиси мазкур, манзили зисти хонавода дезинфексия ва аъзои он карантин шуданд. Аз онҳо Муҳайё Музаффарова, ҳамсари Муҳиддин Хоҷазод , ки синнаш аз 70 боло буд, бо бемории илтиҳоби шуш дар бемористон бистарӣ гардид ва рӯзи 28 апрел даргузашт. Худи нависанда детар сиҳат шуда, ба хона баргаштааст.

Шоира Бузрукова дорандаи унвони номзади илми тиб буда, қаблан дар раёсати тандурустии вилояти Суғд ба ҳайси муовини сардор кор мекард, сипас сардухтури зоишгоҳ ё таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд буд.

Ӯ ҳамзамон вакили маҷлиси вилояти Суғд низ буд.

Дӯстон ва ҳамкасбонаш даргузашти ӯро талафоти сангине ба тибби тоҷик номида, аз хонум - Бузрукова чун инсони неку мутахассиси кори худ ёд мекунанд.

Шоира Бузрукова танҳо пизишке нест, ки пас аз эътирофи бемории коронавирус мефавтад. То ҳол исми даҳҳо пизишке расонаӣ шудааст, ки дар се моҳи ахир фавидаанд. Аз ҷумла, ба дасти Радиои Озодӣ рӯйхате расид, ки бино бар он дар ду моҳи ахир 24 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон фавтидаанд. Дар санадҳои расмӣ иллати марги онҳо "илтиҳоби шуш" дарҷ шудааст. Мақомоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки омор дуруст аст.

Наздикони бархе аз пизишкони фавтида гуфтанд, онҳо бештар гирифторони коронавируси навро табобат мекарданд ва зоҳиран бемории ҳамагир сироят кардааст.

Бархе аз пизишкон мегӯянд, дар рӯзҳои аввал онҳо дар бораи вуҷуди бемории ҳамагир чизе намедонистанд ва аксаран беморонро бе либосҳои муҳофизатӣ муоинаву муолиҷа мекарданд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, то ин дам 52 кас ҷон бохтаанд. Дар тақрибан ду ҳафтаи ахир фавти беморони COVID-19 сабт нашудааст. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то нимаи дувуми моҳ июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси нав ва илтиҳоби шушро тартиб додаанд, вале дар бештар аз ду ҳафтаи ахир дар ин рӯйхат низ иттилое ворид нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG