Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори тоҷикро аз Душанбе ба зиндони Ёвон бурданд. САДО


Далер Шарифов вақтҳои ахир расман бо расонае ҳамкорӣ намекард.
Далер Шарифов вақтҳои ахир расман бо расонае ҳамкорӣ намекард.

Мақомоти интизомӣ як хабарнигори зиндонии тоҷикро аз боздоштгоҳи муваққатие дар шаҳри Душанбе ба зиндони Ёвон воқеъ дар ҷануби кишвар бурдаанд.

Падараш Абдуманнон Шарифов рӯзи 23-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Далер Шарифовро, ки бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ба як соли зиндон маҳкум шудааст, ду рӯз пештар барои идомаи адои ҳукм ба зиндони Ёвон интиқол додаанд.

Ӯ афзуд, мақомот расман ба онҳо доир ба бурдани фарзандаш ба муассисаи дигари ислоҳӣ хабар надодаанд ва ӯ ҳангоми бурдани ғизо ба Боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе дар феҳрасти зиндониёне дидааст, ки ӯро ба Муассисаи ислоҳии рақами 6 дар ноҳияи Ёвон бурдаанд. Абдуманнон Шарифов гуфт, барои боварӣ ҳосил кардан рӯзи 23-уми май ба ин зиндон рафтааст: “Ман имрӯз аз онҷо баргаштам. Барои он рафтам, ки бифаҳмам, дар ҳақиқат онҷо ҳаст, ё нест. Гуфтанд, ки оварданд.”

Хабарнигори тоҷикро аз Душанбе ба зиндони Ёвон бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:55 0:00
Линки мустақим


Аҳли хонаводаи Далер Шарифов, ки 16-уми апрел ба як соли зиндон маҳкум шуд, мегӯянд, ки бештар аз як моҳ аст, бо ӯ мулоқот накардаанд. Дар посух ба муроҷиатҳои онҳо мақомот гуфтаанд, ки ба сабаби тадобири пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба зиндониён, ҳеҷ гуна мулоқоти рӯ ба рӯ иҷоза дода намешавад. Абдуманнон Шарифов гуфт: “Мактуб ҳам кардам, мактубро қабул карданд ва гуфтанд, ки карантин аст, мумкин нест, на сӯҳбати телефонӣ ва на хаттӣ. “

"Гуфтанд, нағз шуд"

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки чанде пеш баъд аз хабарҳо доир ба нохуб шудани вазъи сиҳатии писараш ба мақомот муроҷиат карда ва аз Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон посух гирифтааст. Ба қавли Абдуманнон Шарифов, сиҳатии писараш, як камтар нохуб буд ва баъд нағз шуд: “Ман ҳамон вақт ба омбудсмен, ваколатдори ҳуқуқи инсон муроҷиат кардам, ба ман хаттӣ ҷавоб гардонд, ки аҳволи писаратон хуб аст.”

Доир ба таъхир дар гирифтани қарор ва ё ҳалномаи додгоҳ, Абдуманнон Шарифов, гуфт, ҳалнома дар ниҳоят ба дасти вакили дифои ӯ расидааст, вале падар дигар азм надорад, ки ба додгоҳҳои болоӣ шикоят барад. Пештар хонаводааш мегуфт, ки бо вуҷуди гузаштани 10 рӯз аз судури ҳукм, ин санад ба дасти онҳо нарасидааст, ки амалест, ғайриқонунӣ.

Далер Шарифовро, ки дар расонаҳои гуногун ошкоро сиёсатҳои давлати Тоҷикистонро танқид мекард, моҳи январ дастгир карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки хабарнигор аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд” ва “ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд". Худи Далер гуфтааст, ки иттиҳомот асосе надоранд. Ба қавли падараш ӯ, дар сӯҳбатҳои ахир гуфтааст, ки “қисман иштибоҳ кардааст” ва дар як таҳқиқаш аз китобе иқтибос овардааст, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Даъватҳо барои озодии хабарнигор

Аммо ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш мегӯянд, ки Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд, то ба ин васила ӯро “сокит кунанд” ва ба дигарон “ҳушдор бидиҳанд”.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд , Далер Шарифовро озод кунад.

Як созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милал расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигуяд.

Абдуманнон Шарифов, ки дар ноҳияи Ваҳдат омӯзгор аст, гуфт, набудани писараш дар хона сахт эҳсос мешавад ва бахусус суолҳои фарзандони хурди ӯ ғамангезанд: “Фарзандони ноболиғ дорад, мепурсанд, падарамон куҷо аст, мо мегӯем, коркунӣ рафтааст, онҳо намефаҳманд.” Далер Шарифов ду фарзанд дорад ва аввалӣ 2-сола ва дуввумӣ 1-сола аст.

Далер Шарифови 32-сола дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG