Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хавфи беруна". Интихоботи президентии Тоҷикистон ноаён оғоз гирифт?


Президент Раҳмон дар маросими боз шудани коллеҷи тиббии Бохтар, 28 майи соли 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Дар назари аввал аст, ки Тоҷикистон ба “асли хеш” бармегардад ва аз чизе ташвиш надорад. Чанд рӯзи ахири пас аз иди Рамазон аст, ки мардумро дар кӯчаҳои пойтахт ба гунае мебинем, ки тақрибан як моҳ пеш вомехӯрдем. Ҳатто тамбашавии мошинҳо дар бархе кӯчаҳо мисли пешинанд.

Дар деҳот, аслан гуфтан душвор аст, ки меъёрҳои “карантини нарм” -ро, ки ҳарчанд дар сатҳи расмӣ боре зикр нашудааст, вале мубаллиғони ҳукумат вақтҳои ахир аз он боифтихор мегӯянд, аз аввал ҷиддӣ гирифта бошанд.

Гӯё чизе барои фикр кардан надоштем. Одамони зиёде фавтиданд, новобаста аз он ки дар омори расмӣ теъдоди андак, аммо нисбат ба кишварҳои дигари минтақа бисёрро мебинем. Маълумоти ғайрирасмӣ аз ин ҳам даҳшатноктар аст. Хоса вақте мебинем хеле аз шахсиятҳои муҳимро аз даст додаем, ҳатман одами боандешаро сари масоили вобаста ба генофонди миллӣ мебарад.

Дар сатҳи элитаи ҳукмрон бо сабабҳои номаълум, ё хеле маълум, бештари вақт аз пайомадҳои иқтисодии COVID-19 тамаркуз мешавад. Дар ин замонаи пеш аз маъракаҳои муҳим шояд маҳз масоили иқтисодӣ – иҷтимоӣ муҳимтар гарданд.

Имрӯз ҳам, ки Президент Раҳмон пас аз танаффуси якмоҳа ба вилояти Хатлон сафар кард, зикри ҳамин нуктаро бештар зарур донист. Дуруст, мисли пешина баҷуръатона нагуфт, ки ҳукумат “тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид”. Ишорааш, ки дар матлабҳои пешин мо шеваи гӯишашро бо далелҳо интиқод мекардем, ин дафъа малеҳтар буд : ”аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада, корҳои заруриро ба сомон расонид".

Пешвозгириаш ҳам мутантан, он тавре одат шудааст, ба назар намерасид. Аммо он чи барномаҳои телевизионии ҳукуматӣ нишон медод, аз гузашта фарқе надошт. “Ура” – гӯиҳо ҳамоно баланд. “Таҳти сиёсати хирадмандонаи...”, “бо дастгирии бевоситаи...”, “тавсияҳои беназири...”, “дастуру супоришҳои...”, “сафари бахосияти...”, “миннатдории худро ба ...”, “соҳибкори ватандӯст Соҳибов” ва таъбирҳои дигар одатшуда дар як давлати демократӣ, вале монанд ба замони тоталитарии шӯравӣ, кам нест.

Як рӯз пеш аз ин қарори Ҳукумати Тоҷикистон содир гардида буд, ки мувофиқи он хонаводаҳои камбизоат ҳар се моҳ 116 сомонӣ ва соле 464 сомонӣ аз давлат кӯмаки иҷтимоии унвонӣ дарёфт хоҳанд кард. Гуфта мешавад пардохти ин кӯмакҳо аз 1-уми июл шурӯъ шуда, ба 28 шаҳру ноҳияи кишвар марбут аст. Зеро 40 шаҳру ноҳияи дигар пештар ин гуна кӯмак гирифта будааст. Қарори аҷиб, ба ҳар сурат, чунин тасмимро, ки “давомдор” бошад, бори аввал мебинем.

Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар навору аксҳо аз сафар бисёр қаноатманд ба назар мерасад. Далелаш чист, номаълум. Ҳоло ёд надорем, ки бӯҳрони коронавирус ва иқдомоти мусбату манфии ҳукумат ва рискҳои эҳтимолӣ ба Тоҷикистон ҷиддан баррасӣ шуда бошанд. Ин ҳам маълум нест, ки мо танҳо мавҷи якумро паси сар кардаем, ё ҳамоно хавфҳои дигар боқӣ мондаанд? Духтурон мегӯянд ба наздикӣ касалхонаҳо холӣ мешаванд. Назарҳое пайдо шудаанд, ки ҳукумат ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Мастчоҳ омодагии ҷиддитар дорад.

Дар маҷмӯъ, барномаҳои Қасри Миллат фаротар аз онанд, ки мо меандешем. Ҳарчанд дар бораи онҳо ошкоро намегӯянд. Имрӯз ҳам президент таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро ба хотири мақомдорон овард ва авлавиятҳои худро боз ҳушдор дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки пеш аз ин як маъракаи муҳимтар дар пеш дорем. Гап сари интихоботи президентии соли равон меравад. Ба эҳтимоли қавӣ дар ин маърака номзади аслӣ худи ӯст, на писари шаҳрдор ва сенатораш.

Фикр мекунам, ду сабаб дорад:

  • Рустами Эмомалӣ нав шахси расмии дуюми давлат шуд ва шояд интизор доранд то ҷое таҷриба пайдо кунад;
  • Дар соли бӯҳронӣ ба “зинаи аввал” баровардани “насли ҷавон” шояд хатарҳое дар пай дорад. Ҳарчӣ шавад, ба эҳтимоли қавӣ пас аз таҷлили 30 солагӣ пеш меояд. Бе ин ҳам гӯё барои ниятҳои элитаи ҳукмрон тақрибан чизе халал намерасонад. Ҳама василаҳои қонунӣ аз қабл пешбинӣ шудаанд. Номаълум барои “ҳолати Х” варианте таҳия гаштааст, ё не.

Ин дар таблиғоти ҳукумат аст, ки “ҳолати Х” ҷиддӣ нишон дода намешавад. Аммо қазияи аз нав пешомада дар сарҳад бо Қирғизистонро, ки дар ин шабу рӯзи бӯҳронӣ сар заданашро касе пешбинӣ намекард, дар доираҳои таҳлилӣ ба “омилҳои беруна” нисбат медиҳанд. Баъзан аз Русия тахмин мекунанд, ки бо сиёсатҳои Душанбе мувофиқ нест. Ё дар мавқеъгирии Раҳмон вобаста ба интихоботи президентӣ, ё ворид нашуданаш ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё. Ин сару садо ношунида намонд. Бори аввал буд, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров нисбати баҳсу қазияи марзии солҳо боз давомдори байни Тоҷикистону Қирғизистон садо баланд намуд.

Як нуктаи муҳим дар маъракаҳои сиёсии Тоҷикистон: то соли 2006 дар бораи номзадҳои эҳтимолии интихоботи президентӣ пеш аз ҳама русҳо садо баланд мекарданд ва Раҳмонро номзади арзанда мегуфтанд. Соли 2013 ин гуна изҳори назар ё набуд, ё ба қадри шунаво не.

Аммо “ягона ҳизби сиёсии мухолифи воқеӣ” – он тавре аз Ҳизби сотсиал- демократ ва раиси он Раҳматилло Зойиров ном мебаранд, дина якбора мавзӯъро сӯи интихобот – 2020 бурд.

16 пешниҳод ироа кард:

  • То эълом шудани интихоботи Президенти ҶТ Регистри ягонаи интихобкунандагони ҶТ тартиб додашуда, эълом карда шавад;
  • Дар ин қонун ва Конститутсияи ҶТ қайдгирии гуруҳи ташаббускор ва ҳуқуқи худпешбарӣ номзад ба вазифаи Президенти ҶТ муқаррар карда шавад;
  • Шарту талаботи пешниҳод шудани номзад ба вазифаи Президенти ҶТ аз байни муҳоҷирони меҳнат муқаррар карда шавад;
  • Интихоботи Президенти ҶТ дар асоси овоздиҳии электронӣ амалигардонда шавад. Барои ин, шарту талаботи бақайдгирӣ ва овоздиҳии электронии шаҳрвандони ҶТ муқаррар ва эълом карда шавад;
  • Ғайр аз имзоҷамъкунӣ дар интихоботи Президенти ҶТ ҳамчун алтернатива гаравпулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад;
  • Ба қисми 2 моддаи 65 Конститутсияи ҶТ, ки дар он «Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд», ба 1% иваз карда шавад;
  • Ба номзади ба қайдгирифта шуда, имконият дода шавад, ки ба КМИР ва ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ як нафар намояндаҳои худро ҳамчун аъзоӣ комиссияҳои интихоботӣ пешниҳод намояд;
  • Ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихоботи парламентии ҶТ соли 2020 аз 2% зиёд овози интихобкунандагонро ҷамъ кардаанд, аз имзоҷамъкунӣ дар интихоботи Президенти ҶТ, озод карда шавад;
  • Агар номзад ба Президентии ҶТ, ҳам аз ҳизбҳои сиёсӣ, ҳам худпешбарӣ, ҳам дигар воситаи муқарраркардаи қонун, 2% овози интихобкунандагонро ҷамъ оварда натавонад, гаравпулии мазкур ба буҷети давлатӣ гузаронида шавад;
  • Таъини Интихоботи Президенти ҶТ 90 рӯз пеш аз интихобот эълом (таъин) карда шавад.
  • Аз эъломи Интихоботи Президенти ҶТ пештар оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ райпурсии ҶТ баргузор карда шавад;
  • Ин райпурсӣ дар асоси овоздиҳии электронӣ баргузор карда шавад;
  • Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» дар таҳрири нав ё «Кодекси интихоботии ҶТ» тибқи натиҷаҳои райпурсӣ оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ қабул қарда шавад.
  • Қарорҳои дахлдор то 30.06.2020 қабул карда шаванд.
  • Қабули ин тағйироту иловаҳо барои ҳар як шаҳрванди ҶТ зарур мебошанд.

Ҳоло ба ин пешниҳодҳои Зойиров вокунише бадар нашудааст. Аммо соли 2013, вақте ӯ мисли имрӯз дар майдон якбора фаъол гардид ва ҳатто мехост, номзади ягонаи нерӯҳои мухолифи ҳукумат бошаду ин боис ба ихтилоф дар дохили худашон гардид, ҷонибдорони ҳукумат матолибе нашр карда буданд, ки “манбаи илҳоми” раиси ҲСДТ дар Кремл нишастааст. Ҳатто гуфтанд, ки пеш аз интихобот гӯё бо як шахси муҳими Русия сӯҳбату мулоқот ҳам анҷом дода...

Раиси ҲСДТ -ро ҷонибдорони ҳукумат ҳамеша дар "бегонапарастӣ" айбдор мекунанд. Ӯ мегӯяд ин даъвоҳо асос надоранд.

Дар интихоботи парлумонии моҳи марти имсол суратгирифта ҳизби Зойиров, ки асоси барномааш воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё (ЕАэС) буд ва шумораи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русияро 2, 3 миллион мегуфт, баранда нашуд. Ҳатто КМИР камтарин теъдоди раъйро ба онҳо нисбат дод.

Дар мусоҳибаи пешазинтихоботӣ бо инҷониб як гапи маънидор гуфт, ки паёми солонаи ЭмомалӣРаҳмон ба сифати президент, охирин аст. Ба саволи мо, ки мушаххасан чиро дар назар дорад, тафсилот надод.

Инро Зойирове мегуфт, ки дар давраи Ислом Каримов ҷонибдорони ҳукумат ӯро “агенти Ӯзбекистон” медонистанд. Ҳоло мушкиле бо ҳамсоякишвар надоранд. Тарс ҳам.

Аммо “хавфи беруна” ҳамоно побарҷост. Идеологҳои ҳукумат мутмаинанд дар дохил чизе барои ташвиш нест.

Аз ин ҷост, ки ба назар мерасад, намоишҳои сунъӣ ҳангоми сафарҳои президент, ки шабакаҳои ТВ таблиғ мекунанд, ба берун равона шудаанд. То хулоса шавад, ки рейтинги Раҳмон ҳамоно болост, мардум ӯро ҳамоно дӯст медоранд ва сиёсатҳояшро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Пас гуфтан мумкин аст, ки маъракаи таблиғи номзад ба президентӣ аз ҳоло сар шудааст?

Таблиғе, ки дар 28 сол, хоса дар 20 соли ахир анҷом надошт...

Шарҳҳоро бинед (47)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG