Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Теъдоди гирифторони COVID-19 ба 1524 расид, 39 кас ҷон бохтанд


Дар яке аз ташхисгоҳҳо
Дар яке аз ташхисгоҳҳо

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон беш аз 200 нафар ба бемории СОVID-19 мубтало шуда, се каси дигар ҷон бохтаанд. Теъдоди умумии гирифторон ба коронавируси нав то шоми 17-уми май ба 1524 ва шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ ба 39 нафар расид

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он гӯшаи кишвар гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки он фард бар асари бемории илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" вафот кардааст.​

Вазорати тандурустии Тоҷикистон айни замон гуфтааст, бештар аз 490 нафар шифо ёфтаанд ва ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Ҳарчанд маълум нест, ки онҳо шифо ёфтаанд ва ё бинобар сабук будани беморӣ барои идомаи муолиҷа ба хона ҷавоб шудаанд.

Ба иттилои расмӣ дар бемористонҳо 4196 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.

Айни замон озмоишҳо барои маълум кардани сирояти вирус фақат дар шаҳри Душанбе анҷом мешавад ва мутахассисон қодир будаанд, ҳадди аксар дар як рӯз аз 200 то 250 ташхис анҷом бидиҳанд.

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, рӯзи 12-уми май гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.

Патрик О.Коннор, раҳбари ҳайат рӯзи 12-уми май ҳангоми нишасти хабарӣ, ки онлайн сурат гирифт, гуфт: “Тоҷикистон ба марҳилаи сирояти беморӣ дар дохили ҷомеа ворид шудааст. Мавридҳои собитшудаи СОVID-19 ҳангоми ҳузури мо дар кишвар зиёдтар шудаанд ва теъдоди беморон ҳар ду-се рӯз ду баробар зиёд мешавад. Биноан вазъ ташвишовар аст ва андешидани чораҳои заруриро талаб мекунад. “

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ ва табобати CОVID-19 меандешад.

Баъд аз интиқоди пайвастаи амалкардҳои ҳукумат дар пешгирӣ аз сирояти беморӣ, гузоришҳо доир ба пушти дар мондани беморон ва омода набудани шифохонаҳо барои қабули гирифторон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Насим Олимзода, вазири тандурустиро аз кор озод кард. Ҳарчанд дар фармон гуфта шудааст, ки сабаби аз кор озод кардани ӯ, “гузаштан ба кори дигар” будааст.

Ба ҷойи ӯ, Ҷамолиддин Абдуллозода профессор ва ҷарроҳи 54-соларо таъйин карданд, ки дар зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дунё омада ва то расидан ба ин мақом мудири "Истиқлол" яке аз бузургтарин шифохонаҳои муосир дар Душанбе буд. Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад.

XS
SM
MD
LG