Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 300 нафар наздик шуд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, рӯзи 5-уми май 63 мавриди нави гирифтории сокинон ба COVID-19 тасдиқ шуда, шумори умумии беморон ба 293 нафар расид. Ду ҳолати нави фавти одамон аз коронавируси навро сабт кардаанд. Шумори умумии қурбониён ба 5 нафар баробар шуд.

Мақомот тафсилот надодаанд, ки шумори беморон дар кадоме аз минтақаҳои кишвар бештар ё камтар аст. Ҳамчунин дар бораи вазъи бемористонҳо ва шумори афроде, ки бо гумони бемории ҳамагир бистарӣ ҳастанд, чиз нагуфтаанд.

Як рӯз пеш вазорат эълон кард, ки теъдоди аз ҳама бештари гирифторон дар шаҳри Душанбе ва сипас дар вилояти Суғд сабт шудаанд. Инчунин беморон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ҳастанд.

Тоҷикистон то рӯзи 30-юми апрел, яке аз кишварҳои ангуштшумори “орӣ аз коронавируси нав” ба шумор мерафт, вале шубҳа дар мавриди баёнияҳои мақомот, ки вирус ба Тоҷикистон нарасидааст, зиёд буд.

Баъди зиёд шудани гузоришҳо доир ба сирояти “илтиҳоби шуш” дар гӯшаву канори кишвар ва зиёд шудани маргу мир аз ин беморӣ мақомот 30-юми апрел бори аввал эълон карданд, ки дар Тоҷикистон 15 нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд.

Эълонро ҳам дар остонаи сафари гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Душанбе нашр карданд.

Айни замон ин ҳайат ба арзёбии вазъи сирояти беморӣ ва тавоноии шифохонаҳо, омодагии кишвар барои муолиҷаву кумак ба беморон машғул аст.

Бо назардошти гузоришҳои зиёд дар бораи бемории “илтиҳоби шуш”, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мутахассисон мегӯянд, беморӣ аз қабл буд ва оморе, ки мақомот эълон кардаанд, баёнгари миқёси воқеии сирояти коронавируси нав нест.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, айни замон бо ҳукумат барои пешгирӣ ва муқобила бо CОVID-19 "тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд".

"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд", - такид кардааст вазорат.

Айни замон гузоришу видеоҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, ки нишон медиҳанд, дар баъзе аз шифохонаҳо, беморонро қабул намекунанд ва ба дигар муассисаҳои тиббӣ мефиристанд. Инчунин, ҳар ​дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин нафар аз марги наздикону ҳамсояҳои худ гузориш медиҳанд ва иллати фавти онҳоро ба бемории ҳамагир рабт медиҳанд. Мақомот бештари ин фавтҳоро ба илтиҳоби шуш рабт додаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG