Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КОВИД-19 дар Русия сафи бекоронро дар Тоҷикистон афзудааст. ВИДЕО


Мардикорбозори Душанбе. 1-уми апрел, 2020.

Баста шудани роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия, ба далели хуруҷи коронавирус, сафи корҷӯёнро дар бозори мардикорони Душанбе зиёдтар кардааст. Аксари онҳо мегӯянд, то замони боз шудани марзҳо дар хона мунтазир монда наметавонанд, чун бояд оиларо бо ғизо таъмин кунанд. Мақомоти Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, ки барои ҷалби ин афрод ба ҷойи кор, имкониятҳоро баррасӣ доранд.

Мурод Садриддинов, сокини 52-солаи Душанбе, мегӯяд, ҳар субҳ барои пайдо кардани кор ба назди бозори "Султони Кабир" меояд. Вай рӯзи якуми апрел гуфт, дар муқоиса ба ҳафтаҳои пеш ҳузури корҷӯён дар мардикорбозор афзоиш ёфта, пайдо кардани кор то ҷое мушкил шудааст.

"Онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанӣ буданд, акнун ба ин ҷо меоянд. Бачаҳо рафтан мехоҳанд, вале илоҷ нест, роҳҳо бастааст. Нархи кор дар ин ҷо арзон шуд, вале нархи орд чӣ қадар боло рафт. Давлат бо кор таъмин карда наметавонад", - гуфт ӯ.

Як гӯшаи бозори мардикорон дар Душанбе
Як гӯшаи бозори мардикорон дар Душанбе

Фасли баҳор мавсими сафари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия аст, аммо имсол хуруҷи бемории ҳамагири КОВИД-19 нақшаи онҳоро барбод дод. Қаторҳои мусофирбар аз ҳаракат монданд, ҳавопаймоҳо парвоз намекунанд ва худравҳо имкони убури марзҳои Узбекистону Қазоқистон ва Русияро надоранд.

Самандар Шеров, муҳоҷири тоҷик, ҳам мехост баъд аз ҷашни имсолаи Наврӯз ба Русия равад, аммо ба сабаби пеш омадани мушкили коронавирус дар кишвар монд. Ӯ рӯзи 31-уми март мунтазири корфармое дар мардикорбозори маҳаллаи 82-юми пойтахт буд.

"Мақомоти кишвар бояд шароитеро фароҳам кунанд, ки одамон аз субҳ то бегоҳ дар мардикорбозор мунтазири корфармо наистанд", - гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мардикорбозори Душанбе гарм шудааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Дар пайи хуруҷи коронавирус дар Русия ва эълони вазъи карантинӣ, тайи чанд ҳафтаи ахир мақомоти кишвар аз бозгашти садҳо муҳоҷири тоҷик ба кишвар хабар доданд.

Коршиносони умури иқтисод мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зуд тасмимҳоеро руй даст гирад, ки аз шиддат ёфтани бекорӣ пешгирӣ кунад. Онҳо бовар доранд, дар сурати ба дарозо кашидани мушкили коронавирус дар кишварҳои муҳоҷирпазир ва дар ин росто камтаваҷҷӯҳии мақомот дар дохил, метавонад вазъи зиндагии оилаҳоеро, ки пойбанди пули муҳоҷирон ҳастанд, сангин намояд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, бояд тамоми имкониятҳо барои ташкили ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

"Дар як муддати кӯтоҳ ҳукумат бояд бо ҷалби мутахассисони касбӣ "ивентаризатсия" гузаронида, имкониятҳо барои ташкили ҷойҳои кори муносиб дида шавад. Корхонаҳо бояд фаъол шаванд, масъалаи пайдо намудани маблағ барои ташкили ҷой кор дида шавад, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бояд хеле хуб шавад, бояд имтиёзҳо дода шавад, агар таваҷҷӯҳ нашавад, вазъи шадиди иҷтимоӣ ба миён меояд",-шарҳ дод ӯ.

Гуруҳе дигар коршиносон ба ин назаранд, ки тағйироти ахир хоси бозори меҳнати кишварҳои дигар низ ҳаст ва умедворанд чунин шароит муваққатист.

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, дар пасманзари бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик, барои таъмини онҳо ба ҷойи кор чораҳо меандешанд. Дар ин вазорат ҷузъиёти бештари масъалаи таъмини сокинон ба корро шарҳ надоданд ва танҳо як мақоми ин ниҳод таъкид намуд, ки "аллакай нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст, омӯхта истодаем, ки чӣ қадар аз мардумро пурра ба ҷои кор таъмин карда метавонем".

Соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба масъулон дастур дода буд, ки барои сокинон ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд ва бо ин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоянд.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар буда, танҳо дар соли 2018 ба ҳудуди 50 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, шумораи бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ бештар будааст.

Мақоми бекорӣ ба афроде дода мешавад, ки худро дар мақомоти Вазорати меҳнат расман ҳамчун шахси бекор сабт мекунанд, ки чунин амал на аз сӯи ҳамаи корҷӯён сурат мегирад.

Таъмини аҳолӣ ба ҷои кор, аз ҷумла ба шуғли беҳтар фаро гирифтани мардум аз масъалаҳоест, ки дар тақрибан 29 соли соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳалли худро пайдо накардааст. Ҳамин мушкил аст, ки ҳар сол ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик барои кору тиҷорат ба Русия мераванд ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба як манбаи асосии таъмини рӯзгори сокинон табдил ёфтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG