Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ва беназмиҳо ба 75 шаҳри Амрико паҳн шудаанд


Тазоҳурот дар Миннесота
Тазоҳурот дар Миннесота

Шаби 31 май бетартибиҳо дар заминаи эътироз аз марги як марди сиёҳпӯст дар натиҷаи зиёдравии корманди полис дар Миннесота ба 75 шаҳри ИМА густариш пайдо карданд.

Дар чанд аёлати ИМА барои қатъи баназмиҳо аз неруи артиш истифода шуд ва садҳо нафар боздошт гаштаанд. Горди миллии Амрико эълом дошт, ки наздики 5000 сарбози он дар 24 аёлат ва пойтахти кишар Вашингтон даст ба кор шудаанд.

Ба камияш дар 40 шаҳр, аз ҷумла Лос-Анҷелес, Чикаго, Детройт ва ғайра соати комендантӣ дароз карда шуд.

Эътирозгарон хашми худро аз марги Ҷорҷ Флойди 46-солаи сиёҳпӯст аз тарафи корманди пулис баён медоранд. Тазоҳурот баъд аз он оғоз гирифт ва паҳн шуд, ки бино бар навори видеоӣ корманди пулис дар дастони марди сиёҳпӯст завлона мезанад ва барои беҳаракат нигаҳ доштани ӯ бо зонуяш сахт гардани Флойдро ба замин зер мекунад. Илтиҷои марди сиёҳпӯст, ки “ман нафас гирифта наметавонам” ба шиори ин тазоҳурот табдил ёфт. Дар берун аз Амрико низ нисбати марги Флойд, ки 25 май рух додааст, эътирозҳо барпо гашт.

Марги Флойд яки дигар аз ҳодисҳои муносибати бераҳмонаи пулис ба мардуми сиёҳпӯст дар Амрико шуд, ки дар наворҳои видеоӣ пахш гардид.

Чаҳор афсари пулис, ки дар ин воқеа ширкат доштанд, аз кор ронда шуда, гумонбари асосӣ боздошт шуд ва зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гашт. Вале норозиён мегӯянд, ин чораҳои қонеъкунанда нестанд ва ҳамчунин бахши бузурге аз мардуми ИМА аз маҳдудиятҳои марбут ба бемории ҳамагири коронвируси нав норозиянд.

Президенти ИМА Доналд Трамп аз амалкарди Горди миллии Амрико барои қатъи зӯроварӣ ситоиш кард. Ҳамзамон вай расонаҳои ахбори омро танқид намуд, ки юа гуфтаи ӯ, "барои ангехтани нафрат ва ҳарҷу марҷ ҳама корро мекунанд". Трамп ҳамчунин дар Твиттер навишт, ки мехоҳад, гшуруҳи чапгарои «Антифа»-ро созмони террористӣ эълон кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин созмон ба хушутанҳо раҳбарнӣ кардааст.

Трамп рӯзи 30 май марги Флойдро «фоҷиаи ҷиддӣ» номид ва афзуд, он кишварро лабрези хашм ва мотам кард. Президенти ИМА гуфт, ҳукуматаш роҳ нахоҳад дод, ки тазоҳурот ба зӯроварии тудаҳо табдил шавад.

Колбадшикофии ибтидоии Флойд нишон дод, ки дар ҷисми ӯ осори осеб аз зарба ё хафақон дида намешавад ва "таъсири умумии ҳодиса ва фишори пулис ҳама гуна заҳрҳоро дар бадани ӯ ба ғалаён оварда, якҷо бо вазъи умумии саломатияш сабаби марг гаштаанд".

XS
SM
MD
LG