Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои мубориза бо КОВИД-19 ёрӣ хост. Бонки Ҷаҳонӣ беш аз $11 миллион дод


Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки барои мусоидат ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус ва муолиҷаи беморони эҳтимолӣ беш аз 11 миллион доллар кумак мекунад. Созиш рӯзи 2-юми апрел имзо шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам кишвар аз коронавирус дар амон аст ва зоҳиран бо баргузории ҷашну маъракаҳои пуриздиҳом ба мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ паём медиҳад, ки хавфе надорад.

Аммо аз сӯи дигар бахши иқтисодиву молиявии идораҳои давлатии Тоҷикистон аз кишвар ва созмонҳои байналмилалии молӣ барои мубориза бо ин вирус кумакҳои молиявӣ дархост кардаанд ва ба таври фаъол бо онҳо дар ин робита музокирот пеш мебаранд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти музокироти Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молӣ огоҳ аст, рӯзи 2-юми апрел гуфт, айни замон ҳукумат барои дарёфти кумак бо

  • Сандуқи Байналмилалии Пул,
  • Бонки Исломии Рушд ва
  • Бонки Осиёии Рушд

низ вориди гуфтугӯ шудааст.

Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Тоҷикистон мунтазир аст бо ин ҳадаф аз Сандуқи Байналмилалии Пул 120 миллион доллар дарёфт кунад ва Бонки Осиёии Рушд ҷудо кардани 50 миллион доллар грант барои кумак ба буҷаи Тоҷикистонро баррасӣ дорад.

"Президенти Бонки Исломии Рушд дар мактуби ҷавобӣ посух дод, ки бонк ҳозир аст дар се марҳила кумак кунад ва акнун ҷониби Тоҷикистон ҳаҷми кумакҳое, ки аз ин бонк мехоҳад ирсол мекунад", - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Вай афзуд, “Чин дар посух ба муроҷиати Тоҷикистон барои кумаки молӣ гуфтааст, “имконияти пешниҳоди кумаки молиявиро баррасӣ дорад”.

Рӯзи 26-уми март Майк Помпео вазири корҳои хориҷаи Амрико изҳор дошт ки Амрико барои мубориза бо бемории COVID- 19 ба кишварҳои ҷаҳон 274 миллион доллар ҷудо кард. Дар миёни кишварҳое, ки аз ин кумак баҳравар хоҳанд шуд, номи Тоҷикистон низ ҳаст ва кишвар аз ин ҳисоб 866 ҳазор доллар ёрӣ мегирад.

То ба ҳол, барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон Олмон 1 миллион евро, Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар ва Русия беш аз 20 ҳазор тест ва ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ барои духтурон кумак карданд.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар мавриди музокироташ бо созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди дарёфти кумакҳо иттилоъ намедиҳад.

Аммо Вазорати рушди иқтисод дар изҳороте гуфт, ҳукумат барномаи зидибуҳроние нисбат ба коронавирус рӯйи даст дорад, аммо онро ба расонаҳо ошкор намекунад: “Вазъи иқтисодии кишвар бо назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои беруна пайваста бо сенарияҳои гуногун баҳодиҳӣ карда шуда, ҷиҳати кам кардани таъсири омилҳои манфӣ ва таъмини рушди устувори макроиқтисодӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд, вале бо назардошти хусусияти хизматӣ доштани онҳо дар воситаҳои ахбори омма нашр намегарданд”.

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳама гуна буҳрон ба замми мушкилоти зиёд фурсати хубе барои гузаронидани ислоҳот аст ва Тоҷикистон бо истифода аз кумакҳои байналмилалӣ барои гузаронидани ислоҳот фурсати хубе дорад.

Ӯ гуфт: “Шароити пешбурди бизнес дар Тоҷикистон хуб нест, соҳибкорон аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд. Мақомот сохтмони роҳу мактаб кумак ба ятимон ва дигар уҳдадориҳои иҷтимоии давлатро ба дӯши соҳибкорон мегузоранд ки онҳоро дилсард кардааст. Аз ин рӯ, давлат бо истифода аз кумакҳои молиявии созмонҳои донор бояд ҳоло қисме аз буҷаро пур кунад ва фишорро болои соҳибкорон кам намояд. Чунки дар шароити болоравии қурби доллар поин рафтани қурби рубли русӣ соҳибкорон дар тангно қарор гирифтаанд ва хавфи муфлис шудани қисме аз ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба вуҷуд омадааст”.

Тоҷикистон бинобар набуди беморон аз вируси нав чораҳое ба мисли фавқулода ва ё карантини саросариро ҷорӣ накардааст. Аз ин рӯ бахши хадамот дар Тоҷикистон, мисли кишварҳои дигар аз фаъолият намондааст.

Хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон ба Тоҷикистон бештар тавассути коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ ва кам шудани интиқолҳои пулии муҳоҷирон зарба зад. Беш аз 80 дарсади воридоти асъори нақди хориҷӣ ба кишвар рубл аст ва поин рафтани қурби он даромади хонаводаҳоро кам кард.

Агар дар оғози моҳи март 1000 рубл 149-150 сомонӣ арзиш дошт ҳоло дар доираи 128-130 сомонӣ табдил мешавад. Мувофиқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират аст.

XS
SM
MD
LG