Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коронавирус кам набуд, ки балои дигар ба сарамон омад" ВИДЕО


Кишоварзи тоҷик бо ин ҳаракат нишон медиҳад, кӣ чӣ гуна малах зиёд аст.
Кишоварзи тоҷик бо ин ҳаракат нишон медиҳад, кӣ чӣ гуна малах зиёд аст.

Дар вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон бар иловаи хатари коронавирус, балои дигаре ба сари деҳқонон омадааст. Он ҳам малах, душмани қаттоли зироати мардум, ки назар ба солҳои гузашта дар чанд гӯшаи вилоят зиёд шудааст.

Яке аз минтақаҳои бештар осебдида ноҳияи Вахш, аз ноҳияҳои “зархез”-и Тоҷикистон аст, ки маҳсулоти кишоварзии фаровон аз онҷо ба дигар шаҳру вилоятҳо мерасад. Саидҷаъфар Аюбов, сокини ҷамоати “20 солагии Исқтиқлол” дар ноҳия нӯҳ гектар замин зироатҳои гуногун дорад. Аз навниҳолҳое, ки бо машаққат парвариш кард, ҳоло навдаҳои тақрибан бебарг мондаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ алафзори малаххӯрдаи дохили боғро нишон дода гуфт, “худи замин мегӯяд, ки чӣ ҳол дорад.”

Саидҷаъфар метарсад, ки малах токзорашро ҳам нобуд мекунад ва ҳеҷ ҳосиле ҳам намегирад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, кишоварзон тани танҳо аз ӯҳдаи маҳви ҳашароти зиёнрасон барнамеоянд: “Ба роҳбарият муроҷиат кардам, гуфтанд, омада мебинем, вале чизе нашуд. Малах боз ба заминҳои дигар мегузарад. Чаҳор рӯз дору мезанем, вале ҳеҷ нест карда намешавад. Дору низ қиммат аст, вале фоида намекунад. Намедонем, ки чӣ кор кунем, хоҳиш дорам, кӯмак кунанд.”

"Коронавирус кам набуд, балои дигар ба сарамон омад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Саидумар Аюбов, кишоварз ва узви хоҷагии деҳқонии “Шоҳсафари Аюб” дар ҷамоати “20 солагии Исқтиқлол” чаҳор рӯз аст, ки бо лашкари азими малах меҷангад, вале ҳеҷ нест, ки “пирӯз” шавад. Ба қавли ӯ, коронавирус кам набуд, ки мусибати дигар ба сарашон омад: “Дар болои вабои аср, коронавирус боз балои дигаре ба сарамон омад. Доруяш 120 сомонӣ аст. Намедонам, ки чӣ гуна малахро нест кунам, замини хушкеро сабзондем, вале боз малах омад ва ҳосилро мехӯрад. Ба фикри ман, бояд мақомот кумак кунанд.”

Абдуназари Саид, аз ҷамоати “Машъал” аз бонк қарз гирифт ва дар як гектар тарбузу харбуза ва каду кишт кардааст, вале ниҳолҳои наврустааш ба коми малах рафтаанд:​“Умед доштам, ки баъди обёрӣ кардану кишоварзӣ фоида мегирам, вале нашуд. Аз мақомот хоҳиш дорам, кумак кунанд, 80 фоизи буттаҳоро хӯрда нест кардааст.”

Мақомоти ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар минтақаҳои гуногун бо заҳрпошӣ бар зидди малах мубориза мебаранд, вале кишоварзон мегӯянд, ки агар “ҷанг” бо лашкари азими малах ҳамингуна суст идома кунад, ҳосилашон нест мешавад.

Ба гуфтаи кишоварзон, малахҳо имсол бузургтар шудаанд.
Ба гуфтаи кишоварзон, малахҳо имсол бузургтар шудаанд.

Лашкари ҳашароти зиёнрасон ҳоло дар беш аз 100 гектари чарогоҳҳои Хатлон ҳам бедодгарӣ мекунад ва бо камтар шудани алафи сабз рӯ ба самти заминҳои кишоварзон овардаанд. Дар гузашта дар Тоҷикистон бо кӯмаки муассисаҳои Созмони Милал ҳазорон гектар заминҳоеро, ки малах тухм мегузошт, бо дорупошӣ пок мекарданд, то ҳашароти зиёновар дар баҳору тобистон зироати мардумро аз байн набарад, вале зоҳиран ин чораҳои пешгирӣ солҳои ахир камтар шудааст.

Ҳамлаи малах ба киштзорҳои мардум дар замонест, ки пандемияи коронавируси нав ба иқтисоди Тоҷикистон асари бисёр манфӣ гузоштааст ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дастур додааст, “то ҳар порчаи заминро босамар истифода баранд”, ки амнияти озуқаворӣ дар кишвар ба хатар рӯ ба рӯ нашавад.

XS
SM
MD
LG