Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳошим Гадо, пул ва фалсафаи зиндагиву коронавирус


Дар манзили Ҳошим Гадо

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҳар қадар мо аз ҳамдигар дур шавем, ҳамон қадар эҳсоси нобовариву душманӣ меафзояд...

Дидор бо Устод Ҳошим Гадо ҳамеша душвор ва осон аст. Душвор барои он ки Ӯро на ҳар кас фаҳмида метавонад ва Ӯ низ на ҳар касро мефаҳмад. Агар эркагӣ мекунад, онро ҳам на ба ҳар кас. Бо дигарон метавонад каме дағал намояд, гӯё ба ҳич кас бовар надорад...

Осон барои он ки ҳамагӣ бо чанд сухан, аммо самимӣ мешавад худро ба гуфте "сафед" кард. Ҳатто, агар аз шумо ранҷида бошад. Аммо барои ин бояд бовар кунад, ки шумо самимиед ва бо Ӯ бозӣ надоред...

Хеле буд аёдаташ нарафта будам. Занги дарашро бо тарс зер кардам. Кушод ва маро дидузуд гуфт, ки "бо ту гап задан намехоҳам".

Гуфтам, ки ҳақ доред.

Сӯи ҳамроҳам нигоҳе карду пурсид, ки ин кист?

Посух додам: Яке аз мухлисони Шумо?

- Бовар кунам? - нобоварона пурсид ва дари хонаашро боз намуд...

Даромадему сар кард:

- Ваъда дода будӣ, ки зуд - зуд аҳволпурсӣ мекунӣ. Ақаллан дарди диламро мешунавӣ. Дигар на занг мезанӣ, на меоӣ. Хаёл мекардам, ки ҷои раҳматии Акбари Сатторро (раиси собиқи Иттифоқи журналистон ва соҳиби ҶДММ “Чархи гардун”) хоҳӣ гирифт...

Ҳошим Гадоро манъ кардан осон нест. Ҷуръат кардаму гуфтам:

- Устод, он 100 китоберо, ки ба Хуҷанд фиристодаам, ҳанӯз пулашро нагардонидаанд. Худро нороҳат ҳис мекунам...

Мисле, ки дар ин бора фаромӯш карда буд. Якбора ба “ҳуҷум” гузашт. Ба назарам ин гуна намуд, ки ба ман ҳам бовар намекунад. Ба Саидумрон (Саидов – журналист ва устоди Донишгоҳи Хуҷанд) занг задам. Телефонаш кор накард. Рақами Апаи Дилбарро (Самадова – журналист ва ҳоло китобдори Донишгоҳи Хуҷанд) чидам. Гӯширо бардошт, ҳарчанд чанд рӯзи ахир нотоб буд. Вазъиятро гуфтам. Ӯ аслан дар баҳси ин китобҳо аз ибтидо иртибот надошт. Соли гузашта китобҳоро Саидумрон дархост карда буд. Бо ин вуҷуд, худро як қадар гунаҳкор эҳсос намуд ва аз Устод маъзарат хост. Гуфт, ки бо ӯ машварат мекунаду мавзӯро ниҳоӣ...

Ҳошим Гадо сӯи ман акнун нигоҳ кард. Фаҳмидам мавзӯи китобу пул ҳам дар миён аслӣ нест, муҳимтар эътимод аст. Ба ман бовар кардааст, ман ҳам ба дигарон. Ҳоло ҳамин ҳолатро дорем...

Танҳо пас аз ин ману меҳмони бо ман ҳамроҳро ба сӯи хонаи асосии худ- китобхона раҳнамоӣ кард.

Муаррифӣ намуд: теъдодашон ба 250 ҷилди чопшуда ва 50 ҷилди ҳанӯз нашршуда расидааст. Нашрияҳоро, ки ба ҷашни зодрӯзаш матлаб чоп кардаанд, як як нишон дод. Хеле аз он матлабҳоро хонда будам. Бовар накард. Саволҳо дод ва мутмаин шуд, ки рост мегӯям.

Ва саволи аҷиб дод:

- Яъне онҳое, ки мегӯянд одамон беқадр шудаанд ва дигар касе ҳам нашрияҳоро намехонад, рост намегӯянд?

Иқрор шудам, ки ин матлабҳоро на дар худи нашрияҳо, балки дар сомонаҳои интернетии онҳо ё Фейсбук хондаам ва баҳсро сари мавзӯи ҷиддӣ бурдам:

- Аммо касе гуфта бошад, ки одамонро қадр намекунанд, хоса Шахсиятҳое мисли Шуморо, дурӯғи маҳз аст ва аз кисаам 100 доллар баровардаму пешаш гузоштам.

- Хаёл мекунӣ, ки қадри одам дар пул аст? Ва он сахтгӯиҳое, ки ман ба туву дигарон мекунам, ба хотири пул мебошад? Гумон доштам, ки ақаллан ту маро мефаҳмӣ - боз шӯрид Ӯ.

Нашрияҳои Душанбе бахшида ба зодрӯзаш матолиби зиёд чоп кардаанд, аммо Ҳошим Гадо мутмаин нест, ки онҳоро одамони зиёде мехонанд.

- Ман дар бораи қадри Инсон ва Шахсият мегӯям, - гуфтам бо боварии тамом. - Ҳоло медонед, ки ин пулро кӣ фиристодааст ва аз куҷо?

Бо нигоҳ посух дод, ки не...

- Аз он сӯи уқёнус, аз Амрико инро як Хоҳари мо, ки аз мухлисони ашаддии Шумост, фиристод. Чун дар мавлудатон тӯҳфае карда натавонист, аз ман хост, ки ин маблағро бароятон расонам.

- Ӯ зодрӯзи маро аз куҷо медонистааст? Гуфтам, ки 10 май Фейсбук аз зодрӯзномаи Шумо ва матолиб дар бораатон пур буд.

Ҷиддӣ гуфт:

- Медонӣ, ки ман Фейсбук надорам ва намефаҳмам онро.

- Шарт нест, ки Шумо инро донед. Муҳим ин аст, ки дар бораатон мегӯянд. Шабакаи телевизионии “Сафина” ҳам барномаи хубе он рӯз пешкаш кард, - ҷавоб додам...

Чеҳраи Ҳошим Гадо дигар гардид. Эҳсос мешуд, ки меболад, парвоз кардан мехоҳад. Зеро Ӯро фаромӯш накардаанд, хоса вақте гапу қадрдонӣ аз раҳи дури дур ва аз насли ҷавон меравад...

Ҳикмату фалсафаи Ҳошим Гадо дар ҳақиқат дигар аст. Мо ӯро фаҳмидан намехоҳем, ё наметавонем. Ӯ ҳам шояд ба мо эътимод надорад. Вагарна як сари танҳояш пулро чӣ мекунад? Нафақае, ки мегирад (пас аз вокуниши порсолаи мо Маҷлиси Миллӣ онро чанд баробар боло бурд) барои як худи ӯ бештар аст ва шояд метавонад чанд каси дигарро ҳам таъмин намояд.

Аммо ӯ ҳар дирами пайдокардаи худро сарфи нашри китобҳояш мекунад. Зеро Ӯ намехоҳад фаромӯшаш намоянд. Барои ин арзандааст. Ва ҳам мо чаро Ӯро бояд фаромӯш кунем? Оё Шахсиятҳое мисли Ӯ хизматкарда зиёд дорем? Мо пеши Ӯву онҳо қарз дорем. Вазифадорем ҳатто эркагии ин гуна Шахсиятҳоро бардорем.

Хоса дар ин шабу рӯзи бӯҳрони коронавирус, ки воқеан нишон медиҳад, зиндагии одамон метавонад даме бошад. Ману Ҳошим Гадо дар ин бора ҳам сӯҳбат доштем. Баҳси коронавирус ва зиндагиву мантиқи ҳаёти инсонҳо. Ҳамдигарро фаҳмидем...

Шумо ҳам равед ва бо Ӯ сӯҳбат кунед, то Шумо Ӯро фаҳмеду Ӯ ҳам Шуморо...

Ин ҳам як мантиқ ва фалсафаи ҷолиб аст...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (14)

XS
SM
MD
LG