Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 1-уми май дар саросари дунё


Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон 1-уми май бо раҳпаймоиҳоиву гирдиҳамоиҳо ҷашн гирифта шуд.
Дар ин ҷамъомадҳо ба вижа дар мамолики рӯ ба тараққӣ нигаронӣ аз болоравии нархҳо садо дод.
Дар шаҳри Манилаи Филиппин ҳазорҳо нафар бо шиорҳои зидди ҳукумати президенти хонум Глория Аройо ба кӯчаҳо баромаданд.
Дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия наздик ба 15 ҳазор узви Иттифоқи касаба бо тақозои боло бурдани маош, ҳифзи меҳнаткашон ва эътироз ба афзоиши нархи маводи ғизоӣ раҳпаймоӣ карданд.
Дар Туркия полис коргаронеро, ки дар назди ситоди Иттифоқи касабаи чапгаро дар шаҳри Истанбул ҷамъ шуда буданд, чанд дафъа бо истифода аз об ва гази ашковар пароканда кард. Як идда ҷамъомадагон маҷрӯҳ ва шуморе ҳам боздошт шудааст.
Дар гӯшаҳои мухталифи Русия мардум ба нишони мухолифат ба таварруми рӯ ба афзоиш раҳпаймоӣ карданд.
Дар шаҳри бандарии Ҳамбурги Олмон дар арафаи 1-уми май полис бо ҷавонони балвогар бархӯрд намуд ва пешбинӣ мешавад, ки дар давоми рӯз бархӯрдҳо дар гӯшаҳои дигари ин кишвар идома хоҳанд ёфт. .

XS
SM
MD
LG