Дар чанд ҷумла
Садамаи автобуси мисрӣ боиси марги 9 нафар шуд
Аснои ҳаракат дар самти нимҷазираи Сино автобус чаппа шуда, оташ гирифтааст. Сайёҳон мехостанд аз шаҳри Шарм-уш-Шайхи соҳили баҳри Сурх ба пойтахт шаҳри Қоҳира сафар кунанд. То ҳол иттилои собит дар бораи шаҳрвандии қурбониҳо нашр нашудааст, вале сафорати Руминия гуфт, дар байни қурбониҳо як зан аз ин кишвар мебошад. Сафорати Русия ҳам таъкид кардааст,ки яке аз қурбониҳо шаҳрванди Русия мебошад. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки дар тасодум як украинӣ низ ҳалок шуд.
Мақомоти мисрӣ изҳор намудаанд, ки дар ҳодиса14 рус, чор британиявӣ, ду шаҳрванди Канада, ду италиявӣ, ду румин, як украинӣ ва чор мисрӣ маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Зодаи Узбекистон ба қаллобӣ дар Амрико гумонзад шуд
Дар Амрико як зодаи Узбекистонро бо як ҳамроҳаш ба ташкили дорухонаи дурӯғин гумонбар кардаанд.
Ба иттилои пулиси ноҳияи Нассо дар Ню-Йорк, ин афрод барои доруҳое, ки ҳеч гоҳ ба беморон дода нашудаанд, 8 миллион доллар пул гирифтаанд. Аз ҷумла, доруҳои зидди саратон ва бемории норасоии масунияти бадан ё ВИЧ.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида аз гумонбарон Баҳодир Миродимов аз Узбекистон ва Абдилаким Бердиқулов ном бурдаанд.
Шабакаи ABC7 бо такя ба пулис Бердиқуловро зодаи Курдистон номид, аммо аз рӯи ному насабаш шояд зодаи Қирғизистон бошад. Ин ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Патрик Райдер, сардори пулиси ноҳияи Нассо, гуфт, “онҳо аввал маълумоти шахсии як табибро дуздиданд, сипас маълумоти беморонро. Бо номи беморон дорухат менавиштанд. Барои сабти ширкатҳо гумонбарон аз шаҳодатномаҳои ронандагии Ню-Йорк истифода кардаанд. Ба гумони мо, чунин дорухонаҳо даҳҳо адад аст. Онҳо тавассути ин дорухонаҳо пули калон гирифтаанд. Дар ниҳоят, хароҷот ба дӯши мо меафтад."
Ба иттилои ABC7, Миродимов танҳо дар як моҳ тақрибан се миллион доллар ва Бердиқулов панҷ миллион доллар ба даст овардаанд.
Ин расона хабар медиҳад, ки ҳардуи онҳо мард пеш аз поёни тафтишот Амрикоро тарк кардаанд.
Муфаттишон ҳамчунин месанҷанд, ки оё ин ду мард бо ҳам пайванд доштанд ва якҷо амал мекарданд ё не. Пулис гумон дорад, ки шумораи дорухонаҳои сохта ё дурӯғин метавонад хеле бештар бошад.
Душанбе беш аз 32 млн. рубли муҳоҷиронро аз корфармоён ситондааст
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар даҳ моҳи имсол зиёда аз 32 миллион рубл ё беш аз 405 ҳазор доллар музди пардохтнашудаи муҳоҷиронро дар Русия аз корфармоён ситондаанд.
Дар ин бора рӯзи 2-юми ноябр намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Ин ниҳод гуфтааст, чунин имкон дар пайи гуфтушунидҳо бо корхонаву муассисаҳои Русия имконпазир гашт.
Илова ба ин, навиштааст манбаъ, дар давоми соли ҷорӣ бо ёрии онҳо беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуданд.
Из гузориш дар ҳоле нашр шудааст, ки қабулу ислоҳи зиёда аз 30 қонуну қоида дар Русия дар ду соли охир кору зиндагии муҳоҷиронро дар ин кишвар ба ҳадди охир мушкил гардондааст.
Ҳамчунин фишор ба муҳоҷирон барои рафтан ба артиши Русия ва ҷанг алайҳи Украина боис ба фирори баъзе аз онҳо гаштааст.
Ҳазорон нафар ихроҷ ё аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда шуданд.
То чанд сол пеш шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия зиёда аз як миллион нафар гуфта мешуд.
Вазорати кору муҳоҷират гуфтааст, дар соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор кас бо мақсади кор ба хориҷа, асосан ба Русия, рафтаанд.
"Шикорчиёни озодии баён". Номи раҳбарони 33 давлат дар як рӯйхат
Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF), созмони байнулмилалии ҳомии озодии баён, номи раҳбарони 33 кишварро ба рӯйхати, ба гуфтааш, "Шикорчиёни озодии баён" ворид кардааст. Ин феҳрист 2-юми ноябр нашр шуд.
Дар он аз кишварҳои собиқи шӯравӣ исми раҳбарони Русия (Владимир Путин), Озарбойҷон (Илҳом Алиев), Беларус (Александр Лукашенко) ва Қазоқистон (Қосимҷомарт Тоқаев) ворид оварда шудааст.
Силоҳҳои онҳо гуногун аст, вале ҳадафашон як чиз – хомӯш кардани садои мустақил ва нақзи ҳуқуқ ба иттилоот...
Гузориш мегӯяд, Путин, Алиев ва Лукашенко, ҳамчунин Даниэл Ортега аз Никарагуа ва Ҳайбатулло Охундзода аз Афғонистон ба гурӯҳи раҳбароне шомил ҳастанд, ки пеши роҳи нашри хабарро дар кишварашон мегиранд.
Имсол ба ин гузориш ва ҳамин гурӯҳи раҳбарон номи президенти Амрико Доналд Трамп ва сарватманди амрикоӣ Илон Маск ҳам ворид шудааст. То ин лаҳзаҳо вокуниши онҳо ба рӯйхат маълум нест.
Номи Қосимҷомарт Тоқаев ҳамроҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Туркия дар гурӯҳи раҳбароне ворид шудааст, ки бо роҳҳои ҳуқуқӣ хабарнигоронро азияту озор медиҳанд.
Дар гурӯҳи раҳбароне, ки хабарнигоронро "мекушанд, зиндонӣ ва ҳамла мекунанд", номи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин, валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва президенти Миср Абдуфаттоҳ Ас-Сисӣ ва дигарон оварда шудаанд.
Муаллифон мегӯянд, феҳристи мазкурро 2-юми ноябр, дар Рӯзи байнулмилалии хатми беҷазоӣ барои ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон, нашр карданд.
"Ҳамаи ин афродро дар феҳристи "Шикорчиёни озодии баён" як чиз ба ҳам меорад: бадбинӣ ба озодии баён. Силоҳҳои онҳо гуногун аст, вале ҳадафашон як чиз – хомӯш кардани садои мустақил ва нақзи ҳуқуқ ба иттилоот,” -- навиштаанд муаллифон.
Ёрии башардӯстона ба Олешки; баъзе аз сокинонро мекӯчонанд
Як ҳайат аз Украина дар доираи оташбаси муваққатӣ рӯзи 30-юми октябр ба шаҳри Олешкии вилояти Херсон рафтааст.
Ин шаҳр аз соли 2022 зери ишғоли нерӯҳои Русия қарор дорад.
Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия хабар дод, ки сокинони хоҳишманди тарки шаҳр бо мусофирбарҳо кӯчонида мешаванд.
Ба Олешки ҳамчунин корвони ёриҳои башардӯстона, ки аз хӯрок, дору, оби ошомиданӣ, васоили беҳдоштӣ ва сӯзишворӣ барои генераторҳо иборат аст, фиристода шудааст.
Амалиёти башардӯстона дар доираи оташбасе ҷараён дорад, ки аз 27-уми октябр то 1-уми ноябр амал мекунад.
Ба гуфтаи иштирокдорони ин маъмурият, то субҳи ҷумъа ягон мавриди нақз ё поймоли оташбас сабт нашудааст.
Ба арзёбии мақомоти Украина, дар Олешки тақрибан ду ҳазор нафар боқӣ мондаанд. Онҳо дар чанд моҳи охир дар шароити буҳрони ниҳоят шадиди башарӣ ва дар остонаи гуруснагӣ зиндагӣ мекарданд.
Бессент фишорҳои Амрикоро ба Эрон муассир донист
Вазири молияи Амрико гуфтааст, фишорҳои иқтисодии Вашингтон ба Эрон дастрасии ин кишварро ба доллар маҳдуд карда, боис ба коҳиши ҳимояти молии Теҳрон аз гурӯҳҳое чун ҳусиҳои Яман* ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон** гаштааст.
Скотт Бессент дар мусоҳиба бо шабакаи СNBC ҳушдор додааст, ки идомаи ин фишорҳо мумкин аст дар як сол иқтисоди Эронро то 25 дарсад суст кунад.
Маъмурияти президент Доналд Трамп бо ҷорӣ кардани таҳримҳои бонкӣ, маҳдудият бар даромадҳои нафтӣ ва муҳосираи баҳрӣ фишорҳоро бар Эрон бештар кардааст.
Мақомоти Эрон баръакс таъсири ин чораҳоро рад карда, мегӯянд, барои воридоти мол аз берун пули кофӣ доранд.
Бо ин ҳол, гузоришҳо баёнгари коҳиши дастрасии Эрон ба арзи хориҷӣ ва коҳиши воридот ҳастанд.
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, низ пештар гуфта буд, ки фишорҳои иқтисодӣ ҳаҷми тиҷорати ин кишварро ҳудуди 35 дарсад кам кардааст.
*Шӯришиёни ҳусӣ, ки пайрави мазҳаби шиа ҳастанд, Санъо, пойтахти Яман ва чанд шаҳри муҳими ин кишварро дар даст доранд. Эрон пуштибони онҳост. Арабистони Саудӣ аз ҳукумати Яман, ки бо ҳусиҳо меҷангад, ҳимоят мекунад.
**"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.
“Моро куштанд.” “Новая Газета” фаъолияташро бас мекунад
Рӯзномаи маъруфи “Новая Газета” дар Русия эълон кард, ки корашро рӯзи 9-уми ноябри имсол бас мекунад.
“Дар тақрибан панҷ соли ҷанг дар ҳоле ба кор идома додем, ки нерӯҳои амниятӣ моро пурра дар муҳосира гирифта буданд. Акнун ҳама чиз ба охир расид... Онҳо моро нобуд карданд,” – навиштаанд муҳаррирони нашрия рӯзи 30-юми октябр дар шабакаи Телеграм.
Ин нашрия пас аз ҳамлаи густaрдаи Русия ба Украина дар соли 2022 ва дар пайи чанд ҳушдори ниҳоди давлатии нозир барои идомаи фаъолият мубориза мебурд. “Мо ба мисли ҳамаи рӯзноманигорони дигар аз имкони гузориш додан дар бораи муҳимтарин ва фоҷиабортарин рӯйдодҳои замони худ маҳрум шудем," – навиштаанд масъулони “Новая Газета”.
Баъзе аз кормандони “Новая Газета” соли 2024 бахши аврупоии онро таъсис доданд, ки дар Порис (Париж) ҷойгир буда, аз пуштибонии созмони Гузоришгарони Бидуни Марз баҳраманд аст.
Мақомоти Русия ба саркӯби рӯзафзуни расонаҳои мустақил, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигарон муттаҳам мешаванд. Барои ин аз қонуни ба истилоҳ “агентҳои хориҷӣ” истифода мекунанд.
“Новая Газета” дар аввали солҳои 1990-ум таъсис ёфта, бахше аз маблағгузории онро раҳбари Шӯравии собиқ Михаил Горбачёв таъмин мекард. Рӯзнома ба ҷойи пайравӣ аз нашрияҳои суннатӣ ва ҳангомаҷӯ, гузоришҳои ҷиддиву муфассал ва таҳқиқотӣ нашр мекард.
Анна Политковская, ки дар бораи ҷанги Чеченистон ва ҳукумати саркӯбгари он мақола менавишт, яке аз хабарнигорони номдори рӯзнома буд. Вай моҳи октябри соли 2006 дар назди хонааш дар Маскав бо зарби тир кушта шуд.
Хабарнигори дигари рӯзнома, Юрий Шекочихин, ки фасод дар артиш ва таркишҳои мармузи биноҳои истиқоматиро дар Маскав дар соли 1999 таҳқиқ мекард, моҳи июли соли 2003, чанд рӯз пеш аз сафари барномарезишудааш ба Амрико, ногаҳон даргузашт. Ҳамкорон ва афроди дигар гуфтаанд, ки эҳтимол ӯро заҳролуд карда буданд.
Игор Домников, Стас Маркелов, Анастасия Бабурова ва Наталя Эстемирова аз ҷумлаи хабарнигорон ва ҳамкорони дигари рӯзнома буданд, ки “барои иҷрои вазифаи касбӣ ва шаҳрвандии худ” кушта шуданд.
Дмитрий Муратов, сардабири рӯзнома, барои талошҳояш ҷиҳати идомаи нашри он дар шароити саркӯбгари расонаӣ дар дохили Русия, соли 2021 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Ба гуфтаи Кумитаи Нобели Норвегия, ӯ бо вуҷуди куштору таҳдидҳо “аз сиёсати мустақили рӯзнома даст накашид”.
Олмон 27 тоҷикистониро рондааст. Таҳдиди ихроҷ ба даҳҳо тани дигар
Мақомоти Олмон 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвари аврупоӣ ихроҷ карда, вале дар бораи онҳо ҷузъиёт надодаанд. Маълум нест, ки ин афрод муҳоҷири одӣ буданд ё паноҳҷӯйи сиёсӣ.
Ҳукумати Олмон ин рақамро рӯзи 21-уми октябр дар посух ба суолҳои ҷиноҳ ё фраксияи Ҳизби чап дар Бундестаг (порлумон) навишта, гуфтааст, омор танҳо аз моҳи январ то августи имсолро дар бар мегирад.
Ҷиноҳи Ҳизби чап моҳи сентябри имсол аз ҳукумати Олмон пурсида буд, ки чӣ гуна ба Душанбе ронда шудани Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро шарҳ диҳад.
Бобоев, ки аз соли 2017 бо хонаводааш дар Аврупо мезист, моҳи июни имсол ва бо вуҷуди нигаронии созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch, бо писараш, Муҳаммад, аз Олмон ихроҷ карда шуд.
Мақомот дар Тоҷикистон ӯро бо гуноҳи тундгароӣ ба 17 сол зиндон маҳкум карда, писарашро ба ихтиёри пайвандон додаанд. Ҳамсар ва як фарзанди Асадулло Бобоев дар Олмон ҳастанд.
Ҳукумати Олмон дар ҷавоб ба ҷиноҳи Ҳизби чап, ки нусхаи онро порлумони ин кишвар рӯзи 27-уми октябр нашр кард, гуфтааст, "дар бораи сабабҳои боздошт ё ҳабси Асадулло Бобоев дар Тоҷикистон ягон маълумот надорад."
Ин дар ҳолест, ки созмони Freedom For Eurasia, қароргоҳаш дар Вена, ҳукми зиндони Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро дар Душанбе ба шиддат танқид карда, хоҳони озодии фаврии ӯ шуд. Лайло Нозгул Саидбек, раҳбари созмон, гуфт, "ҳукми содиршуда нисбат ба Асадулло Бобоев натиҷаи мустақими қарори Олмон аст. Вайро ба кишваре фиристоданд, ки зиндону шиканҷа дар мунтазираш буд."
Олмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст.
Ба маълумоти мақомоти Олмон, то охири моҳи августи соли 2026 12 ҳазору 891 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари аврупоӣ қарор доштанд.
Ҳоло 1074 тоҷикистонӣ вазифдадор шудаанд, ки қаламрави Олмонро тарк кунанд. Ихроҷи маҷбурӣ ба дастикам 152 нафари онҳо таҳдид дорад.
Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд. Олмон дар гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев, намояндагони дигари созмонҳои мухолифи ҳукуматро низ ба Тоҷикистон фиристода буд. Ҷое, ки онҳо бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сохта аз 7 то 10 сол зиндонӣ гаштанд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро соли 2018 дар Аврупо таъсис доданд. Ҳадафи созмон бунёди як кишвари қудратманду озод ва муосир дар Тоҷикистон гуфта шудааст.
Беш аз бист куштаву захмӣ дар ҳамлаи Русия ба Днепри Украина
Бар асари ҳамлаи Русия ба шаҳри Днепр (Днипро) дар шарқи Украина ба камияш 14 кас кушта шуда, беш аз 10 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин бора мақомоти Украина хабар доданд.
Ба иттилои ширкати роҳи оҳани Украина, нерӯҳои Русия рӯзи 29-уми октябр бо як паҳпод ба саҳни истгоҳи роҳи оҳан дар Днепр (Днипро) зарба задаанд.
Ҳамла дар наздикии қатор ё поезде сурат гирифтааст, ки ба сӯйи Запорежйе ҳаракат мекард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ин ҳамларо “ваҳшатбор” хонд.
Ӯ дар паёме пурсид, “аз замоне ки таҳримҳо алайҳи баъзе аз олигархҳои рус ва бахши энержии Русия сабуктар шуданд, Русия ба ҷойи коҳиши шиддати вазъ алайҳи мардуми мо чанд ҳамлаи террористии дигар анҷом дод?”
Борис Филатов, шаҳрдори Днепр (Днипро), дар шарҳи ҳодиса навишт, ки “ин як ҷанги наслкушӣ аст.”
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад. То кунун миллионҳо нафар дар Украина бехонаву дар ва паноҳҷӯ шуда, манзилу иншооти зиёде вайрон гаштааст. Маскав ҷанги худро дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ, аммо Украинаву ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ба хоки ин кишвар меноманд.
Дар Душанбе пешниҳод кардаанд, ки як кӯчаро ба номи Шакурӣ гузоранд
Дар як маҳфил дар Душанбе пешниҳод кардаанд, ки кӯчаеро дар пойтахти Тоҷикистон ба номи донишманди маъруф Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бигузоранд.
Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ин пешниҳод 28-уми октябр аз забони академик Кароматулло Олимов, мушовири собиқи раисҷумҳур, дар пайванд ба 100-солагии Шакурӣ садо дод.
"Хуб мешуд, ки раёсати Иттифоқи нависандагон бо раёсати Академияи миллии илмҳо якҷоя ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекарданд, то барои абадӣ гардондани хотираи устод Шакурӣ ягон кӯча ба номашон гузошта шавад," – гуфтааст ӯ.
Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ соли 2012 дар Душанбе даргузашт.
“Азия-Плюс” мегӯяд, Абдуҷаббор Раҳмонзода, адабиётшинос ва вазири пешини маорифи Тоҷикистон, дар суҳбати ҷудогона бо ин расона хоҳони ба номи Шакурӣ гузоштани як мактаб низ шудааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омада, умрашро дар Тоҷикистон гузарондааст.
Ӯ шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, яке аз ниҳодҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.
"Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" ва “Пантуркизм” аз намунаҳои осори ӯст.
Шакурӣ яке аз ташаббускорон ва муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии Тоҷикистон дар соли 1989 буд.
Миллионҳо доллар сармояи Амрико ба чанд бахши муҳим дар Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар дидоре бо сарони Палатаи тиҷоратии ИМА рӯзи 29 октябр дар Вашингтон имкониятҳои сармоягузориро ба риштаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ кард. Завқӣ Завқизода гуфт, ин қадаме дар омодагӣ ба ҳамоиши B5+1 аст, ки моҳи апрели соли 2027 дар Душанбе баргузор мешавад.
Иёлоти Муттаҳида дар 35 соли охир барои истихроҷи маъдан, беҳтар кардани бахши молия, тиҷорат ва энергетика дар Тоҷикистон миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст.
Кордори сафорати Амрико дар Душанбе дар як нигоштааш аз 23-юми октябр гуфтааст, "Тоҷикистон конҳои стратегии сурма, литий, нуқра ва маъданҳои нодир дорад, ки дар ҳама чиз, аз телефонҳои хушманд то ҳавопаймоҳои ҷангӣ, истифода мешаванд."
Ба қавли Карсон Релитс Рокер, "дар ҳоле ки баъзе аз кишварҳо кӯшиш мекунанд таъминоти ҷаҳониро қатъ кунанд, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ба Тоҷикистон кумак кунад, то бо истифода аз захираҳои ғании маъдан рушди иқтисодӣ дошта бошад.”
Ӯ афзудааст, фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар корхонаи муштараки “Анзоб” ва AMCO Тоҷикистонро ба дувумин истеҳсолкунандаи бузурги сурма дар ҷаҳон табдил дода, дар вилояти Суғд садҳо ҷойи кор фароҳам кардааст.
“Шаффофият низ муҳим аст... Маълумоти боварбахш дар соҳаи истихроҷ ба ҷомеа ва сармоягузорони эҳтимолӣ тасвири равшан аз захираҳои кишварро медиҳад ва барои сармоягузорӣ асос мегузорад. Вақте қарордодҳо ошкоро ва маълумот боварбахш аст, сарвати зери хоки Тоҷикистон ба манфиати мардуми тоҷик хидмат мекунад,” – афзудааст ӯ.
Дипломати амрикоӣ мегӯяд, кишвараш аз соли 2002 ба шабакаи барқи Тоҷикистон низ 25 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Аз ин маблағ, ба гуфтаи ӯ, 15 миллион доллар ба сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 равона шудааст. Тарҳе, ки қарор аст нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон бирасонад.
Як барномаи дигар ба арзиши 39 миллион доллар барои беҳтар кардани идораи шабакаи барқ ва омӯзиши мутахассисон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. "Ин барнома ба муҳандисони маҳаллӣ кумак мекунад, ки шабакаи барқро босамар идора ва аз қатъи барқ пешгирӣ кунанд," – навиштааст Карсон Релитс Рокер.
Кордори сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, коршиносони Вазорати молияи кишвараш аз соли 2018 бо Бонки миллии Тоҷикистон дар заминаи таҳкими назорати молиявӣ, мубориза бо пулшӯӣ ва ташкили низоми назорати бима ё суғурта ҳамкорӣ мекунанд. Ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, боло бурдани эътимод ба бонкҳои Тоҷикистон ва пайвастани онҳо ба низоми молиявии ҷаҳон аст.
Вашингтон ҳамчунин соли гузашта барои рушди масири тиҷоратии Долони Миёна (Транскаспий) ташаббуси 15-миллиондоллариро оғоз кардааст. Ин роҳ минтақаи Осиёи Марказиро аз тариқи Баҳри Хазар ё Каспий ва Қафқози Ҷанубӣ ба Аврупо мепайвандад.
"Мо умед дорем, ки ин долон тарзи тиҷорати Тоҷикистонро бо ҷаҳон тағйир медиҳад, вобастагии онро аз масирҳое, ки асосан ба манфиати кишварҳои дигар хидмат мекунанд, коҳиш медиҳад ва захираҳои Тоҷикистонро бевосита ба занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ мепайвандад," – навиштааст кордори сафорати Амрико.
Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли 2025 ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.
Дар бархӯрди ду қатор дар Испания 68 кас ҷон бохтаанд
Бар асари бархӯрди ду қатор ё поезди тезрав (зудҳаракат) дар Испания дар рӯзи 28-уми октябр дастикам 68 нафар ҷон бохтаанд.
Ин ҳодиса дувумин рӯйдоди маргбори хати оҳан дар Испания дар соли ҷорӣ мебошад.
Вазири нақлиёти Испания гуфт, ҳодиса дар ҷануби Мадрид, пойтахти ин кишвар рӯй дод.
“Ба як қатор иҷоза дода шуд, ки ба ҳаракати худ идома диҳад, дар ҳоле ки ба сабаби таваққуфи қатори дигаре дар пешорӯи он, чароғи сурх ҳамчунон рӯшан буд,” – шарҳ додааст ӯ.
Мақомҳои Испания то кунун омори мушаххасеро дар бораи захмиёни ин ҳодиса ироа накардаанд.
Бар асоси омори ниҳодҳои бехатарии роҳи оҳани Испания, шумори ҳодисаҳои роҳи оҳан дар ин кишвар ба шумули хуруҷи қатор аз хат ва бархӯрдҳо аз 45 маврид дар соли 2016 ба 57 маврид дар соли 2024 ва 69 маврид дар соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Шабакаи қатори тезрав (зудҳаракат)-и Испания бо беш аз 3600 километр дарозӣ бузургтарин шабака дар Аврупо ва дувумин дар ҷаҳон пас аз Чин аст.
Кувайт сафири Эронро дар ин кишвар даъват кард
Вазорати корҳои хориҷии Кувайт рӯзи 28-уми октябр аз даъвати сафири Эрон дар ин кишвар хабар дод.
Сабаби даъвати сафири Эрон эътироз ба нашри баёнияе аз сӯи сафорати Ҷумҳурии Исломӣ будааст.
Ҳукумати Кувайт рӯзи 27-уми октябр се нафар, аз ҷумла як эрониро бо номи Абдуризо Ҳайдар Деҳқонӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон, ҳамкорӣ бо Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад*-и Лубнон ва нақшаи террори вазири корҳои дохилии он кишвар ба эъдом (қатл) маҳкум кард.
Сафорати Эрон дар Кувайт даст доштани шаҳрванди эрониро дар анҷоми иқдоме алайҳи амнияти Кувайт рад кард ва ин мавзуъро "такрори сенарияҳои беасос ва фарсуда дар бораи мудохилаи Эрон дар умури дохилии Кувайт" донист.
Вазорати корҳои хориҷии Кувайт дар баёнияе бо радди "ҳар гуна мудохила дар ҳукмҳои содиршуда аз сӯи додгоҳҳои худ", аз Эрон хостааст, "ба қонунҳои байнулмилалӣ ва маншури Созмони Милал, ба вижа асли ҳусни ҳамсоягӣ", пойбанд бошад.
Робитаҳои Эрон ва Кувайт дар моҳҳои охир дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Кувайт дар посух ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, тира шудааст.
*"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.
Ҷаъфар Паноҳиро дар Эрон ба 5 сол зиндон маҳкум кардаанд
Додгоҳи инқилоб дар Теҳрон коргардони синамо Ҷаъфар Паноҳиро ба панҷ солу як моҳ зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кардааст.
Дар ин бора хабаргузории эронии "Имтидод" аз қавли вакили мудофеи Паноҳӣ хабар дод.
Инчунин, додгоҳ коргардонро аз берун шудан аз Ҷумҳурии Исломӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум намудааст.
Вакили мудофеъ гуфтааст, ҳукми Паноҳӣ ғоибона содир шуд, чун ӯ дар хориҷа қарор дорад.
Ҷузъиёти айбнома ошкор нест.
Мақомоти Эрон соли 2010 Ҷаъфар Паноҳиро бо иттиҳоми "фаъолияти зиддиҳукуматӣ" ба шаш сол зиндон маҳкум, аммо пеш аз муҳлат озод карданд.
Коргардон соли 2022 бори дигар маҳкум ва аввали соли 2023 аз ҳабс озод шуд.
Ҷаъфар Паноҳӣ барандаи ҷоизаҳои "Шохаи тилоии нахл", "Хирси тилоӣ" ва "Шери тиллоӣ" мебошад.
Ваъдаи Мирзиёев ба табибоне, ки аз хориҷа ба Узбекистон бармегарданд
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, барои бозгаштани пизишкони узбек аз хориҷа ба зодгоҳашон шароити беҳтар ваъда дод.
Ӯ 27-уми октябр дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ гуфт, барои онҳо на танҳо ҷойи кору маош, балки ҳар моҳ то 4-ҳазордолларӣ иловапулӣ дода мешавад.
Дафтари матбуоти президенти Узбекистон навишт, ба ҷуз ин, ба онҳо имкон дода хоҳад шуд, ки дастаи мутахассисони худро мустақилона интихоб кунанд.
Мирзиёев ба пизишкони дохили ҷумҳурӣ низ баъзе сабукӣ ва имтиёз эълон кардааст.
"Ман фақат мехоҳам, ҳар корманди соҳаи тиб аз худ бипурсад, ки имрӯз барои беҳтар шудани саломати мардум чӣ кор кард? Агар мо ҳар рӯз ба ин суол ҷавоб ёбем, ин ба дигаргунии калоне ҳам дар низоми тандурустӣ ва ҳам дар вазъи саломати мардуми мо оварда мерасонад," -- гуфтааст раисҷумҳури Узбекистон.
Давраи ҳукмронии Ислом Каримов, раисҷумҳури нахустини Узбекистонро бо падидаи "фирори мағзҳо" ёдоварӣ мекунанд.
Дар он давра шуморе аз донишмандону муҳандисон, табибон, омӯзгорон ва барномасозон бо сабаби даромади каму таварруми баланд дар Узбекистон ба Русия, Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кӯчиданд.
Шавкат Мирзиёев баъди ба қудрат расидан ҳамватанони соҳиби ихтисосашро, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, ба бозгашт ба Узбекистон даъват кардааст.
Шумораи сарватмандони бузург дар Чин бештар шудааст
Теъдоди шахсони сарватманд дар Чин, ки дороии ҳар кадоме аз онҳо беш аз панҷ миллиард юан, баробари 750 миллион доллар аст, афзоиш ёфтааст.
Бино ба феҳрасти муассисаи пажӯҳишии “Hurun”, чунин афрод дар ҳоли ҳозир 1 ҳазору 529 нафар ҳастанд.
Рӯйхати нав рӯзи 27-уми октябр нашр шуд.
Рекорди пешина бо 1 ҳазору 460 нафар дар соли 2021 сабт шуда буд.
Лян Венфен, бунёдгузори ҳушвораи "DeepSeek", бо тахминан 41 миллиарду 700 миллион доллар дар ҷойгоҳи ҳафтум аст.
Дар садри рӯйхат бунёдгузори ширкати "ByteDance", молики ТикТок, бо тақрибан 100 миллиард доллар қарор гирифтааст.
Гузориши "Hurun" нишон медиҳад, ки бахши бузурге аз сарватмандони нави Чин дар ҳавзаҳои ҳуши маснуӣ ва тавлиди роботҳо фаъолият доранд.