Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори зани рӯзномагор дар Ироқ


Имрӯз дар шаҳри шимолии Мавсили Ироқ силоҳбадастон як зани рӯзноманигорро аз мошин берун намуда, дар ҳамон ҷо ба қатл расонданд.
Полис мегӯяд, Сарва Абдулваҳҳоб дар роҳ ба кор буд, вале силоҳбадастон ӯро зӯран аз таксӣ берун бароварда, ба сараш тир холӣ намуданд. То кунун гузоришҳои зидду нақиз дар мавриди кордиҳандаи ин рӯзноманигор пахш шудааст ва полис ҳам гуфта наметавонад, ки сабаби куштори ин зани рӯзноманигор чӣ буда метавонад?
Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон, ки марказаш дар шаҳри Ню Йорк мебошад, Ироқро макони аз ҳама хатарбор
барои рӯзноманигорон унвон додааст. Аз соли 2003-ум бар ин тараф дар Ироқ 127 рӯзноманигор кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG